Путин: “Шикасти Русия дар ҷанг ғайриимкон аст”
Заминларза бо қувваи 7 бал дар Тибет: 16 нафар ба ҳалокат расида ва 65 тани дигар захмӣ шуданд
Вэнс: “Фиристодаи вижаи Иёлоти Муттаҳида гуфтугӯҳо бо Русия ва Украинаро аз сар гирифт”
Русия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Беларусия ба Тоҷикистон таҷҳизоти низомӣ ирсол мекунанд
Чин: Идомаи ҷанги Эрон бефоида аст
Вазорати корҳои хориҷаи Чин эълом кард, ки идомаи ҷанги Эрон “ҳеч фоидае надорад” ва бар зарурати поёни ҳарчӣ зудтари даргириҳо ва бозгашт ба масири гуфтугӯ таъкид кардааст.
Хабаргузориҳои Чин рӯзи ҷумъа, 15-уми май гузориш доданд, ки сухангӯи Вазорати хориҷаи Чин дар вокуниш ба пурсишҳо дар бораи ҷанги Эрон гуфтааст, ин даргирӣ “аз ибтидо набояд рух медод”.
Ӯ афзуда, ки идомаи даргириҳо ҳеч суде барои ҳеч тарафе надорад ва ҳаллуфасли сареъи ин вазъият, ба нафъи Эрон, Амрико, кишварҳои минтақа ва ҷомеаи ҷаҳонӣ аст.
Бар асоси гузориш, Чин хоҳони идомаи талошҳо барои коҳиши танишҳо ва ҷустуҷӯи роҳи ҳалли сиёсӣ дар пайванд ба парвандаи ҳастаии Эрон шудааст.
Вазорати хориҷаи Чин ҳамчунин, бар аҳаммияти бозгушоии масирҳои киштиронӣ дар тангаи Ҳурмуз ва расидан ба як оташбаси ҳамаҷониба таъкид кардааст, то сулҳ ва субот дар Ховари Миёна ва минтақаи Халиҷи Форс бозгардад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Толибон бе Тоҷикистону Чин роҳи Долони Вахонро боз карданд. Чин гуфт, роҳ баста мемонад
Путин: “Шикасти Русия дар ҷанг ғайриимкон аст”
Заминларза бо қувваи 7 бал дар Тибет: 16 нафар ба ҳалокат расида ва 65 тани дигар захмӣ шуданд
Байни Тоҷикистону Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ба имзо расид