Путин: “Шикасти Русия дар ҷанг ғайриимкон аст”
Заминларза бо қувваи 7 бал дар Тибет: 16 нафар ба ҳалокат расида ва 65 тани дигар захмӣ шуданд
Вэнс: “Фиристодаи вижаи Иёлоти Муттаҳида гуфтугӯҳо бо Русия ва Украинаро аз сар гирифт”
Русия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Беларусия ба Тоҷикистон таҷҳизоти низомӣ ирсол мекунанд
Пуштибонии Чин аз миёнаравии Покистон дар музокироти Эрон ва Амрико
Вазорати корҳои хориҷаи Чин гуфтааст, ки аз миёнаравии Покистон миёни Эрон ва Амрико пуштибонӣ мекунад ва барои расидан ба як тавофуқи сулҳ кумак хоҳад кард.
Вазорати хориҷаи Чин рӯзи чоршанбе, 13-уми май дар шабакаи иҷтимоии “Х” аз гуфтугӯи телефонии Ван И, вазири корҳои хориҷаи ин кишвар бо Муҳаммад Исҳоқ Дор, вазири корҳои хориҷаи Покистон хабар додааст.
Бар асоси хабар, вазири хориҷаи Чин зимни қадрдонӣ аз талошҳои Покистон барои фароҳам овардани заминаи гуфтугӯ миёни Иёлоти Муттаҳида ва Эрон ва кумак ба тамдиди оташбаси муваққат, изҳори умедворӣ кардааст, ки Покистон эътимоди худро ҳифз кунад.
Дар ин гуфтугӯ, Ван И ба ҳамтои покистониаш гуфтааст, ки талошҳои миёнҷигаронаеро афзоиш диҳад.
Чин таъкид кардааст, ки аз ҳалли муносиби масъалаи бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва бозсозии зудҳангоми сулҳи минтақаӣ ҳимоят мекунад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Толибон бе Тоҷикистону Чин роҳи Долони Вахонро боз карданд. Чин гуфт, роҳ баста мемонад
Путин: “Шикасти Русия дар ҷанг ғайриимкон аст”
Заминларза бо қувваи 7 бал дар Тибет: 16 нафар ба ҳалокат расида ва 65 тани дигар захмӣ шуданд
Байни Тоҷикистону Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ба имзо расид