18 Октябр 2026,
якшанбе, 23:47, Душанбе
06.05.2026 16:35

Трамп ва Сӣ Ҷинпинг эҳтимолан дар бораи Тайван дар дидори ҳафтаи оянда гуфтугӯ мекунанд

Марко Рубио, вазири корҳои хориҷаи Иёлоти Муттаҳида, эълом кардааст, ки мавзуи Тайван эҳтимолан дар дидори ҳафтаи оянда миёни Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, ва Сӣ Ҷинпинг, раиси ҷумҳури Чин матраҳ хоҳад шуд.

Рубио рӯзи 5-уми май, дар як нишасти хабарӣ дар Кохи Сафед гуфтааст, ки Амрико ба ҳеч гуна рӯйдоди бесуботкунанда дар иртибот бо Тайван ниёз надорад.

Ӯ афзудааст, ҳар ду кишвар медонанд, ки бесуботӣ дар ин минтақа ба нафъи ҳеч яке нест.

Бар асоси гузоришҳо, Доналд Трамп қарор аст дар таърихи 14 ва 15-уми май ба Пекин сафар кунад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

16.10.2026 18:22

Президенти Эрон: “Исроил ва Амрико экосистемаи минтақаро вайрон мекунанд”

Масъуд Пизишкиён, президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, ки Исроил ва Амрико бо ҷангҳои худ ба экосистемаҳои минтақа осеби ҷиддӣ мерасонанд. Ӯ аз ҷомеаи байналмилалӣ хост, ки барои арзёбии зарари экологӣ ва барқарор намудани минтақаҳои осебдида чораҳои муштарак андешанд.
16.10.2026 18:05

Эмомалӣ Раҳмон: “Дар Душанбе бо пуштибонии СММ дар соли 2027 конфронси байналмилалии сулҳ баргузор мешавад”

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Осиё (CICA) эълон намуданд, ки дар моҳи майи соли 2027 дар шаҳри Душанбе конфронси байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ бо пуштибонии Созмони Милали Муттаҳид ва дигар шарикони байналмилалӣ баргузор хоҳад шуд.
16.10.2026 17:58

Сергей Лавров: “Таҳдидҳои амниятӣ дар Афғонистон аз байн нарафтаанд. Маскав ба Тоҷикистон кумак мекунад”

Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия гуфт, таҳдидҳои амниятӣ дар Афғонистон ҳанӯз аз байн нарафтаанд. Ӯ гуфт, Маскав ба Тоҷикистон барои таҳким додани амнияти марз бо Афғонистон кумак мекунад.
16.10.2026 16:45

Ҳамлаҳо ба майдонҳои ҳавоӣ ва муассисаҳои нафтӣ рахнаи амниятӣ дар Арабистони Саудиро ошкор сохт

Расонаи “Ройтерз” дар гузорише навишт, ҳамлаҳо ба фурудгоҳи Риёз ва муассисаҳои нафтӣ осебпазир будани Арабистони Саудӣ дар муқобили таҳдидҳои амниятии як кишвари ҳамсояро ошкор сохт.
16.10.2026 12:06

11 нафар кушта шуданд. Толибон барои “тарёк” ҳамдигарро мекушанд

Ду гурӯҳ аз ҷангҷӯёни гурӯҳи террористии Толибон дар ноҳияи Баҳромчаи вилояти Ҳилманди Афғонистон барои маводи мухаддир ҷанг карданд, ки дар натиҷаи ин ҷанг 11 нафар кушта ва 4 нафари дигар захмӣ шудаанд.
16.10.2026 09:45

“Дом”-и ҳиҷоб бар зидди ҳукумати Илҳом Алиев миёни Туркия ва Озарбойҷон фосила андохт

Як гурӯҳи духтарони ҳиҷобпӯш дар Озарбойҷон бар зидди қоидаҳои ягонаи либоси мактабӣ, ки аз ҷониби ҳукумати Озарбойҷон қабул шуд, намоиши эътирозӣ доир карданд. Онҳо аз ҳукумати Озарбойҷон даъват карданд, ки қоидаҳои манъи таҳсил бо ҳиҷоб дар мактабҳо бекор карда шавад.
16.10.2026 09:07

Обама: “Исроил бояд бипазирад, ки фаластиниҳо сарзамини худро тарк нахоҳанд кард”

Барак Обама, раиси ҷумҳури пешини Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, дар изҳороте бо таъкид бар ин ки ҳудуди ҳафт миллион фаластинӣ дар он минтақа зиндагӣ мекунанд ва аз он ҷо нахоҳанд рафт, гуфт, ки режими Исроил бояд ин воқеиятро бипазирад.