18 Октябр 2026,
якшанбе, 23:46, Душанбе
11.03.2026 15:20

Амрико 330 миллион долларра паҳподашро дар таҷовуз ба Эрон аз даст дод

Шабакаи хабарии “Си-би-эс” (CBS News) ба нақл аз мақомоти амрикоӣ гузориш додааст, ки артиши Иёлоти Муттаҳида дар ҷанги муштараки Амрико ва Исроил бо Эрон, 11 паҳподи “MQ-9”-ро аз даст додааст, ки яке аз вазнинтарин талафот ба таҷҳизоти низомӣ дар давоми ин ҷанг ба ҳисоб меравад.

Ин паҳподҳо воситаҳои ҳавоии бидуни сарнишин мебошанд, ки барои ҷосусӣ, гардиш ва шиносоӣ ва ҳамлаҳои дақиқ истифода мешаванд.

Бо ин ҳол, мақомоти дифои Эрон гуфтаанд, ки ин ҳавопаймоҳо дар муҳитҳое бо системаҳои пешрафтаи дифои ҳавоӣ ба осонӣ ҳадаф қарор мегиранд. Ин паҳподҳо аслан барои амалиётҳои зиддитерроризм дар минтақаҳое бо қобилияти маҳдуди дифои ҳавоӣ тарҳрезӣ шудаанд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

16.10.2026 18:22

Президенти Эрон: “Исроил ва Амрико экосистемаи минтақаро вайрон мекунанд”

Масъуд Пизишкиён, президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, ки Исроил ва Амрико бо ҷангҳои худ ба экосистемаҳои минтақа осеби ҷиддӣ мерасонанд. Ӯ аз ҷомеаи байналмилалӣ хост, ки барои арзёбии зарари экологӣ ва барқарор намудани минтақаҳои осебдида чораҳои муштарак андешанд.
16.10.2026 18:05

Эмомалӣ Раҳмон: “Дар Душанбе бо пуштибонии СММ дар соли 2027 конфронси байналмилалии сулҳ баргузор мешавад”

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Осиё (CICA) эълон намуданд, ки дар моҳи майи соли 2027 дар шаҳри Душанбе конфронси байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ бо пуштибонии Созмони Милали Муттаҳид ва дигар шарикони байналмилалӣ баргузор хоҳад шуд.
16.10.2026 17:58

Сергей Лавров: “Таҳдидҳои амниятӣ дар Афғонистон аз байн нарафтаанд. Маскав ба Тоҷикистон кумак мекунад”

Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия гуфт, таҳдидҳои амниятӣ дар Афғонистон ҳанӯз аз байн нарафтаанд. Ӯ гуфт, Маскав ба Тоҷикистон барои таҳким додани амнияти марз бо Афғонистон кумак мекунад.
16.10.2026 16:45

Ҳамлаҳо ба майдонҳои ҳавоӣ ва муассисаҳои нафтӣ рахнаи амниятӣ дар Арабистони Саудиро ошкор сохт

Расонаи “Ройтерз” дар гузорише навишт, ҳамлаҳо ба фурудгоҳи Риёз ва муассисаҳои нафтӣ осебпазир будани Арабистони Саудӣ дар муқобили таҳдидҳои амниятии як кишвари ҳамсояро ошкор сохт.
16.10.2026 12:06

11 нафар кушта шуданд. Толибон барои “тарёк” ҳамдигарро мекушанд

Ду гурӯҳ аз ҷангҷӯёни гурӯҳи террористии Толибон дар ноҳияи Баҳромчаи вилояти Ҳилманди Афғонистон барои маводи мухаддир ҷанг карданд, ки дар натиҷаи ин ҷанг 11 нафар кушта ва 4 нафари дигар захмӣ шудаанд.
16.10.2026 09:45

“Дом”-и ҳиҷоб бар зидди ҳукумати Илҳом Алиев миёни Туркия ва Озарбойҷон фосила андохт

Як гурӯҳи духтарони ҳиҷобпӯш дар Озарбойҷон бар зидди қоидаҳои ягонаи либоси мактабӣ, ки аз ҷониби ҳукумати Озарбойҷон қабул шуд, намоиши эътирозӣ доир карданд. Онҳо аз ҳукумати Озарбойҷон даъват карданд, ки қоидаҳои манъи таҳсил бо ҳиҷоб дар мактабҳо бекор карда шавад.
16.10.2026 09:07

Обама: “Исроил бояд бипазирад, ки фаластиниҳо сарзамини худро тарк нахоҳанд кард”

Барак Обама, раиси ҷумҳури пешини Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, дар изҳороте бо таъкид бар ин ки ҳудуди ҳафт миллион фаластинӣ дар он минтақа зиндагӣ мекунанд ва аз он ҷо нахоҳанд рафт, гуфт, ки режими Исроил бояд ин воқеиятро бипазирад.