Президенти Эрон: “Исроил ва Амрико экосистемаи минтақаро вайрон мекунанд”
Сергей Лавров: “Таҳдидҳои амниятӣ дар Афғонистон аз байн нарафтаанд. Маскав ба Тоҷикистон кумак мекунад”
Чин аз Толибон даъват кард, ки бар зидди гурӯҳҳои террористӣ иқдом кунанд
Қирғизистон мегӯяд қочоқи “говҳои шохдор” ба Тоҷикистонро ошкор сохт
Рейтерз: Иқтисоди ҷаҳонӣ дар хатар аст. Афзоиши шадиди қимати газойл дар пайи ҷанг дар Ховари Миёна
“Рейтерз” дар гузорише бо пардохтан ба чанд баробар боло рафтани қимати газойл (сӯзишвории дизелӣ) ба далели таҷовузи низомии Амрико ва Исроил ба Эрон, ба нақл аз коршиносон навиштааст, ки иқтисоди ҷаҳонӣ ба сабаби афзоиши нархи ин сӯзишвории ҳаётӣ дар маърази хатар қарор дорад.
“Рейтерз” хотирнишон мекунад, ки қимати газойил дар чанд соли гузашта ба далели ҳамлаҳои Украина ба полоишгоҳҳои Русия ва таҳримҳои кишварҳои ғарбӣ алайҳи содироти Маскав коҳиш ёфтааст. Акнун низ таҷовузи низомии Исроил ва Амрико ба Эрон нигарониҳоро дар бораи таъмини ин сӯзишворӣ бештар кардааст, зеро Тангаи Ҳурмуз маҳалли убури тақрибан аз 10 то 20 дарсади арзаи ҷаҳонии газойл мебошад.
Шахро Зухриддинов, бунёдгузори ширкати “Nitrol Trading”, ки дар Дубай мустақар аст, гуфт: “Газойл аз нигоҳи сохторӣ бештар аз ҳама аз ҷанги кунунӣ осеб мебинад. Газойл сӯзишвории асосии бахшҳои ҳамлу нақл, кишоварзӣ, маъдан ва фаъолиятҳои саноатӣ мебошад ва ҳамин вазъият онро ба ҳассостарин сӯзишворӣ дар бахши иқтисоди калон табдил додааст.
Филип Варлегер, иқтисоддони соҳаи энержӣ, тахмин зад, ки ихтилол дар таъмини газойл ба сабаби вазъияти ҷорӣ дар Тангаи Ҳурмуз метавонад тақрибан аз 3 то 4 миллион бушка дар як рӯз ё наздик ба аз 5 то 12 дарсад аз тамоми масрафи ҷаҳониро дар бар гирад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Эрон мегӯяд интиқоли нафт ба Тоҷикистонро идома медиҳад
Президенти Эрон: “Исроил ва Амрико экосистемаи минтақаро вайрон мекунанд”
Эмомалӣ Раҳмон: “Дар Душанбе бо пуштибонии СММ дар соли 2027 конфронси байналмилалии сулҳ баргузор мешавад”
Сергей Лавров: “Таҳдидҳои амниятӣ дар Афғонистон аз байн нарафтаанд. Маскав ба Тоҷикистон кумак мекунад”