Ҳиндустон ва Русия дар бораи Афғонистон ва Покистон машварат карданд
Амрико мехоҳад таҳримҳо бар зидди киштиҳои нафткаши Русия ва Эронро коҳиш диҳад
Песков: “Аврупо барои идомаи ҷанг дар Украина талош мекунад”
ЮНИСЕФ: беш аз 2,6 миллион духтар дар Афғонистон аз таҳсил маҳрум шудаанд
01.03.2026 02:24
Эрдуғон: “Ҳамла ба Эрон бо таҳрики Нетаняҳу оғоз шуд”
Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия нисбат ба ҳамлаи Амрико ва Исроил ба Эрон изҳори “таассуфи амиқ” кард ва гуфт, ки ин иқдом “бо таҳрики Нетаняҳу оғоз шуд”.
Вай ҳушдор дод, дар сурате, ки ақли солим ба кор гирифта нашавад ва фурсате ба дипломатия дода нашавад, “минтақаи мо бо хатари кашида шудан ба ҳалқаи оташ мувоҷеҳ мешавад”.
Ӯ гуфт, ки Туркия фавран талошҳои дипломатиро афзоиш хоҳад дод, то ибтидо оташбас барқарор шуда ва сипас, гуфтугӯҳо бар сари мизи музокира аз сар гирифта шавад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
15.10.2026 16:41
Масъалаи иштироки бахши хусусӣ дар рушди энергетика дар дидори Далер Ҷумъа ва Моаззам Мекан матраҳ гардид
Имрӯз, 15-уми октябр вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо роҳбари самти шарикии давлат ва бахши хусусӣ дар Осиёи Ҷанубӣ, хизматрасониҳои машваратӣ оид ба муомилотии Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ (IFC), узви Гурӯҳи Бонки Умумиҷаҳонӣ Моаззам Мекан мулоқот кард.
15.10.2026 16:40
Русия дар шаш ҳафта пойгоҳи бузурги партоби паҳподҳо бунёд кард
Русия дар вилояти Ростови ин кишвар пойгоҳи бузурги партоби паҳподҳои ҳамлаварро дар муддати тақрибан шаш ҳафта сохтааст. Бино ба гузориши хабаргузории “Ройтерз” бо такя ба аксҳои моҳвораӣ, масоҳати ин иншоот ба тақрибан 126 майдони футбол баробар аст.
15.10.2026 16:35
Хусрав Нозирӣ бо вазири маорифи Қувайт мулоқот намуд
14-уми октябр вазири маорифи Давлати Кувайт Ҷалол Абдулмуҳсин Ат-Табтабоӣ сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Хусрав Нозириро ба ҳузур пазируфт.
15.10.2026 13:41
Беш аз як тонна маҳсулоти гӯштии ғайрисанитарӣ ошкор гардид
Дар шаҳри Душанбе як далели коркард ва фурӯши маҳсулоти гӯштии ғайрисанитарӣ ошкор карда шуд.
15.10.2026 13:28
Ҳамлаи паҳподҳои Украина ба корхонаи коркарди нафти Русия: сӯхтор дар Рязан
Дар пайи ҳамлаи густурдаи дронҳои Украина ба вилояти Рязани Русия, дар як корхонаи коркарди нафт сӯхтор сар задааст. Ин ҳодиса дар ҳоле рух медиҳад, ки масъалаи қатъи ҳамлаҳо ба зерсохторҳои энергетикии ду кишвар матраҳ аст.
15.10.2026 13:15
Ҳиндустон ва Русия дар бораи Афғонистон ва Покистон машварат карданд
Вазорати корҳои хориҷии Ҳиндустон аз баргузор шудани даври ҳафтуми машваратҳои вижаи Ҳиндустон ва Русия оид ба Афғонистон ва Покистон дар Деҳлии Нав хабар додааст.
15.10.2026 13:06
Амрико мехоҳад таҳримҳо бар зидди киштиҳои нафткаши Русия ва Эронро коҳиш диҳад
Иёлоти Муттаҳидаи Амрико имконияти коҳиш додани таҳримҳо бар зидди баъзе киштиҳои интиқолдиҳандаи нафти Русия, Эрон ва Венесуэларо баррасӣ мекунад.
15.10.2026 10:50
Оид ба тақсимоти неруи барқ ва омӯзишу бунёди неругоҳҳои барқи обӣ ду Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Бинобар иттилои маркази матбуоти Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҳошияи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон, ба пеш!» ду ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар самтҳои тақсимоти неруи барқ ва омӯзишу бунёди неругоҳҳои барқи обӣ ба имзо расид.
15.10.2026 08:48
Дар Хатлон мақомот 17 мухлиси футболро ба ҷавобгарии маъмурӣ кашид
Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон хабар медиҳад, ки дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ 17 мухлиси футбол, ки ҳангоми баргузории бозии дастаҳои «Сарой Камар» ва «Панҷшер» ба муноқиша ва вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ роҳ доданд, ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд.
15.10.2026 07:47
Сарвари давлат бо президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев мулоқот намуданд
14-уми октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Боку бо президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев мулоқот намуданд.
14.10.2026 18:23
Вазорати хориҷии Тоҷикистон ҳамла ба фурудгоҳҳо ва зерсохторҳои энергетикии Арабистони Саудиро маҳкум кард
Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нашри як изҳорот аз ҳамла ба фурудгоҳҳо ва зерсохторҳои энергетикии Арабистони Саудӣ, ки боиси кушта ва захми шудани шаҳрвандони ин кишвар шудаанд, изҳори нигаронӣ кардааст.
14.10.2026 17:57
Песков: “Аврупо барои идомаи ҷанг дар Украина талош мекунад”
Сухангӯи Кремл кишварҳои аврупоиро ба талош барои идомаи ҷанг дар Украина муттаҳам кард.