Президенти Эрон: “Исроил ва Амрико экосистемаи минтақаро вайрон мекунанд”
Сергей Лавров: “Таҳдидҳои амниятӣ дар Афғонистон аз байн нарафтаанд. Маскав ба Тоҷикистон кумак мекунад”
Чин аз Толибон даъват кард, ки бар зидди гурӯҳҳои террористӣ иқдом кунанд
Қирғизистон мегӯяд қочоқи “говҳои шохдор” ба Тоҷикистонро ошкор сохт
Президенти муваққати Венесуэла: Ҳеч иртиботе байни ману Трамп вуҷуд надорад
Делси Родригес, раиси ҷумҳури муваққати Венесуэла дар изҳороте эълон кард, ки байни ӯ ва президенти ИМА Доналд Трамп ё дигар мақомоти ин кишвар робита ё тафоҳуме вуҷуд надорад.
Тибқи гузориши “NBC News” президенти муваққати Венесуэла дар суҳбат бо гурӯҳе аз мақомоти ин кишвар иддаои Трампро дар бораи он ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико пас аз амалиёти низомии таҷовузкорона дар Венесуэла назорати кишварро дар даст дорад, рад кард.
Родригес, инчунин, таъкид кард, ки ҳукумати Венесуэла ин кишварро идора мекунад ва афзуд: “Ҳеч каси дигар ин корро намекунад. Ҳукумати ман як ҳукумати конститутсионӣ аст ва аз қудрати муттаҳиди мардуми Венесуэла бармеояд”.
Родригес идома дод: “Мо қавитар шудем ва аз ҷиҳати равонӣ рушд кардем, то бо мушкилот, таҷовуз ва таҳдидҳо рӯбарӯ шавем.”
Ӯ изҳор дошт: “Ба онҳое, ки маро таҳдид мекунанд, мегӯям, ки сарнавишти маро танҳо Худо муайян мекунад.”
Пас аз моҳҳо таниш бо Венесуэла ва рост омадан бо солгарди сарнагунии ҳукумати Мануэл Антонио Норега дар Панама, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико субҳи шанбе, 3-уми январи соли 2026 президент Николас Мадуро ва ҳамсарашро дар як ҳамлаи бузурги низомӣ ба Каракас рабуд ва онҳоро барои муҳокима ба Иёлоти Муттаҳида интиқол дод.
Мадуро ва ҳамсараш бори аввал дар Додгоҳи федералии Манхэттен дар Ню Йорк 5-уми январи соли 2026 ҳозир шуданд, то бар асоси айбномаи маъмурияти Доналд Трамп муҳокима шаванд, аммо онҳо ҳама иттиҳомоти зидди худро рад карданд.
Баргузории мурофиаи навбатии Мадуро ва ҳамсараш 16 –уми март ба нақша гирифта шудааст.
Амалиёти низомии ИМА бо мавҷи вокунишҳои байналмилалӣ рӯбарӯ шудааст ва муттаҳидони Вашингтон ба зарурати риояи принсипҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва Оинномаи СММ бо вокунишҳои гуногун таъкид мекунанд.
Намояндагони кишварҳои гуногун дар ҷаласаи фаврии Шурои Амнияти СММ ҳамлаи низомии маъмурияти Трампро ба Венесуэла танқид карданд ва аксари аъзои Шуро онро вайронкунии возеҳи моддаи 2-и Оинномаи СММ арзёбӣ намуданд.
Онҳо аз муқаррар кардани “тағйири режим бо зӯрӣ” ҳушдор доданд ва таъкид карданд, ки ҳатто нигарониҳои воқеӣ дар бораи ҳуқуқи инсон, демократия ё ҷинояткории муташаккил ягон асоси ҳуқуқӣ барои амалиёти низомии фаромарзӣ фароҳам намеоранд.
ИМА дар Шурои Амният ва дар байни кишварҳои Амрикои Лотинӣ пуштибонии васеъ пайдо накард ва далелҳои намояндаи он бештар сиёсӣ буданд ва ба сафед кардани ҳамла ва кӯшиши қонунӣ кардани он нигаронида шуда буданд, ки бо вокуниши манфии васеъ дар саросари ҷаҳон рӯбарӯ шуд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Эрон мегӯяд интиқоли нафт ба Тоҷикистонро идома медиҳад
Президенти Эрон: “Исроил ва Амрико экосистемаи минтақаро вайрон мекунанд”
Эмомалӣ Раҳмон: “Дар Душанбе бо пуштибонии СММ дар соли 2027 конфронси байналмилалии сулҳ баргузор мешавад”
Сергей Лавров: “Таҳдидҳои амниятӣ дар Афғонистон аз байн нарафтаанд. Маскав ба Тоҷикистон кумак мекунад”