16 Октябр 2026,
ҷумъа, 01:33, Душанбе
27.11.2025 15:11

Эрдуғон: “Мо ворисони Луқмони Ҳаким ва Ибни Синоем”

Раҷаб Тайиб Эрдуғон, Президенти Туркия дар суханронӣ кишварашро вориси Луқмони Ҳаким ва Абуалӣ ибни Сино хонд.

Анқара мизбони ёздаҳумин конфронси ҷаҳонии тиббии Туркия буд. Дар ҳамин ҳамоиш Эрдуғон пушти минбар рафт ва кӯшид мероси тиббии кишварро дар идомаи таърихи тӯлонии ҷаҳони ислом ба намоиш гузорад.

Бар асоси гузориши шабакаи “ТРТ”-и Туркия Эрдуғон дар суханрониаш дар хусуси Абуалӣ ибни Сино, донишмандони номӣ ва форсизабонеро, ки дар ҳавзаи тамаддуни Хуросони Бузург фаъолият мекарданд ва ҳамчунин, Луқмони Ҳаким, ки дар манобеи исломӣ бештар чун рамзи ахлоқ ва ҳикмат шинохта мешаванд, чунин изҳор дошт:

“Мо ворисони Луқмони Ҳаким ва Ибни Сино, бунёдгузорони тибби навини ҷаҳонием”- гуфт Раҷаб Тайиб Эрдуғон.

Раҷаб Тайиб Эрдуғон дар идомаи суханрониаш бо ишора ба беморхонаҳое, ки дар давраҳои мухталиф дар Анатолия бунёд ёфтаанд, ин гузаштҳоро ҳалқае аз ҳамон силсилаи таърихии мероси тиббӣ донист ва кӯшиш кард, ки миёни табибони имрӯзи кишвар ва он чи ӯ “мероси бузурги тиббӣ” номид, робитаи таърихӣ барқарор кунад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

15.10.2026 16:41

Масъалаи иштироки бахши хусусӣ дар рушди энергетика дар дидори Далер Ҷумъа ва Моаззам Мекан матраҳ гардид

Имрӯз, 15-уми октябр вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо роҳбари самти шарикии давлат ва бахши хусусӣ дар Осиёи Ҷанубӣ, хизматрасониҳои машваратӣ оид ба муомилотии Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ (IFC), узви Гурӯҳи Бонки Умумиҷаҳонӣ Моаззам Мекан мулоқот кард.
15.10.2026 16:40

Русия дар шаш ҳафта пойгоҳи бузурги партоби паҳподҳо бунёд кард

Русия дар вилояти Ростови ин кишвар пойгоҳи бузурги партоби паҳподҳои ҳамлаварро дар муддати тақрибан шаш ҳафта сохтааст. Бино ба гузориши хабаргузории “Ройтерз” бо такя ба аксҳои моҳвораӣ, масоҳати ин иншоот ба тақрибан 126 майдони футбол баробар аст.
15.10.2026 13:28

Ҳамлаи паҳподҳои Украина ба корхонаи коркарди нафти Русия: сӯхтор дар Рязан

Дар пайи ҳамлаи густурдаи дронҳои Украина ба вилояти Рязани Русия, дар як корхонаи коркарди нафт сӯхтор сар задааст. Ин ҳодиса дар ҳоле рух медиҳад, ки масъалаи қатъи ҳамлаҳо ба зерсохторҳои энергетикии ду кишвар матраҳ аст.
15.10.2026 10:50

Оид ба тақсимоти неруи барқ ва омӯзишу бунёди неругоҳҳои барқи обӣ ду Ёддошти тафоҳум ба имзо расид

Бинобар иттилои маркази матбуоти Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҳошияи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон, ба пеш!» ду ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар самтҳои тақсимоти неруи барқ ва омӯзишу бунёди неругоҳҳои барқи обӣ ба имзо расид.
15.10.2026 08:48

Дар Хатлон мақомот 17 мухлиси футболро ба ҷавобгарии маъмурӣ кашид

Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон хабар медиҳад, ки дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ 17 мухлиси футбол, ки ҳангоми баргузории бозии дастаҳои «Сарой Камар» ва «Панҷшер» ба муноқиша ва вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ роҳ доданд, ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд.
14.10.2026 18:23

Вазорати хориҷии Тоҷикистон ҳамла ба фурудгоҳҳо ва зерсохторҳои энергетикии Арабистони Саудиро маҳкум кард

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нашри як изҳорот аз ҳамла ба фурудгоҳҳо ва зерсохторҳои энергетикии Арабистони Саудӣ, ки боиси кушта ва захми шудани шаҳрвандони ин кишвар шудаанд, изҳори нигаронӣ кардааст.