31 Октябр 2026,
шанбе, 07:38, Душанбе
22.11.2025 11:50

Роҳнамоӣ. Чӣ тавр ба довталабон кумак кунем, то ки касбашонро дуруст интихоб кунанд?

Аз моҳи март инҷониб довталабони макотиби миёна ва олии касбӣ тариқи Маркази миллии театии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврҳои гуногун барои донишҷӯ шудан аз қайд мегузаранд.

Аслан, ташкили чанд даври бақайдгирӣ, ҳатто бақайдгирии такрорӣ нишони он аст, ки қисме аз довталабон дар интихоби дурусти касб саҳлангорӣ мекунанд. Зеро тавре ки Маркази миллии театӣ иттилоъ медиҳад, дар даврҳои баъдӣ довталабоне аз қайд мегузаранд, ки ё интихобашонро иваз мекунанд, ё бо сабабҳое дер мондаанд ва ё холи ба даст овардаашон ба ихтисосҳои интихобкарда нарасидааст. 

Дар матлаби зер кӯшиш мекунем доир ба ин мушкилӣ, умуман муҳим будани роҳнамо доштан ва кашф кардани истеъдод бигӯем.

ЧАРО РОҲНАМОӢ МУҲИМ АСТ?

Интихоби касб на танҳо интихоби кор аст, балки интихоби роҳи зиндагӣ мебошад. Касби дуруст ба инсон мавқеи иҷтимоӣ медиҳад. Инсон метавонад ба воситаи касбаш зиндагиашро таъмин намояд. Ва аз ҳама муҳим, маҳз тавассути касб инсон ба ҷомеа хизмат мекунад. Яъне одаме, ки касбу коре надорад, дар ҷомеа шахси зарурӣ ё даркорӣ шуда наметавонад. Одаме, ки касбу машғулияти муайяне надорад, рӯзгорашро таъмин карда наметавонад. Одаме, ки касбу кори муайян надорад, ба ҷомеа ҳеҷ манфиате расонда наметавонад.

Мутаассифона, бисёре аз ҷавонон дар интихоби касб мушкилу муаммоҳои зиёд доранд. Масалан, аз сабаби камбудии маълумот ё фаҳмиш дар бораи ин ё он касб интихоби нодуруст мекунанд, ки метавонад боиси пушаймон шуданашон гардад.

Ба ин хотир, аз фоида холӣ нест, ки аз соҳибкасбон ва умуман калонсолон маслиҳат бигиранд. Калонсолон метавонанд ҳамчун роҳнамо ҷавононро ташвиқ кунанд, ки тавассути санҷишҳои касбӣ, тадқиқот ва шиносоӣ бо касбҳои гуногун интихоби дуруст намоянд.

Бо роҳнамоии дуруст ҷавонон метавонанд қарорҳои дуруст қабул кунанд ва касби мувофиқ интихоб намоянд. Бо интихоби дуруст, эҳтимоли он ки ҷавонон зуд-зуд касб иваз кунанд ва аз як кор ба кори дигар гузаранд, кам мешавад. Онҳо дар як соҳа устувор монда, имкон доранд, ки дар кори худ муваффақияти зиёд ба даст оваранд.

Аммо роҳнамоии калонсолон набояд оҳанги маҷбурсозӣ дошта бошад, зеро натиҷаи баръакс ба бор меорад. Барои мисол, падаре мегӯяд: "Писарам мисли ман духтур мешавад!" ва ба фарзандаш маслиҳату тавсияҳои гуногун дода, ҳатто барои мутолиаи адабиёти даркорӣ маҷбур мекунад, вале бояд гуфт, ки ин усули кор, ки бархеҳо роҳнамоӣ меноманд, аслан, маҷбурсозист. Зеро он писаре, ки имрӯз бо супориши падар адабиёти илмии соҳаи тандурустиро мутолиа мекунад ва дар маркази омӯзишие барои кластери панҷум омода мешавад, шояд дар шояд ҳуқуқшинос, дипломат, муҳандис, иқтисодчӣ ё журналист шудан хоҳад.

Дар ин росто, бояд бигӯем, ки роҳнамоӣ, махсусан дастгирии волидон дар интихоби дурусти касб муҳим аст, вале набояд маҷбур кунем.

КАШФИ ИСТЕЪДОД

Муайян кардани малака қадами аввал дар интихоби дурусти касб аст. Яъне худро шинохтан ва ба қавле истеъдоди Худододро кашф кардан хеле муҳим мебошад.

Дар ин бора таҳқиқот зиёд аст, аммо системаи тарҳрезикардаи равоншинос ва омӯзгор Евгений Климов маъмулу серистифода мебошад. Е. Климов қисми зиёди умри худро дар таҳқиқи кашфи малакаҳои инсон гузаронида, тӯли фаъолияташ кӯшиш кардааст, ки ба саволи “Чӣ хел ба одамон кумак расонем, то онҳо худро беҳтар шиносанд?” посух ҷустааст.

Ҳамчунин, ӯ муассиси маҷаллаи “Инсон ва касб” мебошад, ки ба ҳазорҳо нафар барои худро шинохтан ва касби мувофиқ интихоб намудан ёрӣ расонидааст.

Дар заминаи таҳқиқ Е. Климов инсонҳоро ба панҷ гурӯҳ тақсим кардааст:

  1. “Инсон-инсон” Ба ин гурӯҳ касоне шомил мегарданд, ки қобилияти бештар дар бобати муносибату ҳамдигарфаҳмӣ ва таъсиррасонӣ ба одамонро доранд. Яхне изҳори ҳамдардӣ мекунанд ё аз шодиҳои одамон шод мегарданд. Касбҳои омӯзгор, табиб, журналист, равоншинос ва ба монанди инҳо барои чунин мувофиқ аст.
  2. “Инсон-табиат” Одамоне, ки зиёдтар ба табиат ва он чизе, ки коштаву нигоҳдорӣ карда мешавад, таваҷҷуҳ доранд, ба ин гурӯҳ дохил мешаванд. Чунин шавқу малака барои деҳқон, зоолог, муҳофизони муҳити зист ва ғайра шудан мусоидат мекунад.
  3. “Инсон-техника” Онҳое, ки зиёдтар ба сохтану насб кардан таваҷҷуҳ доранд, ба ин гурӯҳ шомиланд. Аз ин гурӯҳи одамон муҳандис, механик, ронанда ва ғайра мебарояд.
  4. “Инсон-системаи рамзӣ” Ашхосе, ки бо рақамҳо, рамзҳо ва маълумоти фаровон сару кор гирифтан мехоҳанд, имкон доранд, ки ҳисобдор, иқтисодчӣ, барномасоз, математик ва ғайра шаванд.
  5. “Инсон-образ” Аслан, одамоне, ки малакаи эҷод кардан доранд, хеле хуб худро мешиносанд. Чунин касон, бидуни таҳқиқу фикри зиёде истеъдодро дар худ кашф мекунанд, зеро корашон аён аст. Ба ин гурӯҳ рассом, нависанда, ҳунарманд, тарроҳ ва ғайра дохиланд.

Ин дастабандиро муайянкунандаи малакаи инсон мегӯянд ва бо ёрии он доир ба интихоби соҳаи фаъолият метавон ба хулосаи ниҳоӣ расид. Яъне ҷавонон, пеш аз ҳама, бояд дақиқ кунанд, ки дар ин дастабандӣ аз ҷумлаи кадом гурӯҳ ҳастанд. Онҳо шавқу завқашонро ба инобат гирифта, хостаҳову малакаҳояшонро метавонанд муайян кунанд.

Дар мавриди муайян кардани малакаҳо ё кашфи истеъдод волидон ва омӯзгорон низ метавонанд саҳмгузор бошанд. Масалан, ҳар падару модар агар мушоҳида кунад, метавонад муайян намояд, ки фарзандаш бештар ба чӣ таваҷҷуҳ дорад, иҷрои чӣ гуна корҳоро зиёдтар дӯст медорад, дар вақтҳои холигиаш чӣ кор мекунад ва ғайраҳо.

Ҳамчунин, омӯзгорон низ метавонанд муайянкунанда ё кашшофи истеъдоди ҷавонон гарданд. Зеро педагогон дар баробари таълим додан, боз хосияти дарк намудан ва ҳамдард шуданро доранд.

Ҳафизуллоҳ Тоҳирӣ

 

 

 

Хатти хабарҳо

30.10.2026 17:44

Беш аз 100 миллиард евро зарар ба Аврупо: Олмон аз талош барои поён додани муноқишаи Эрон ва Амрико хабар дод

Фридрих Мертс, садри аъзами Олмон мегӯяд, ки муноқишаи Эрон ва ИМА роҳи ҳалли низомӣ надорад. Ба гуфтаи ӯ, идомаи даргириҳо то кунун ба Аврупо беш аз 100 миллиард евро зарар расонидааст.
30.10.2026 13:10

Пешвои миллат Маркази аутизми шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд

Имрӯз, 30-юми октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт бинои нави муассисаи давлатии Маркази аутизм дар шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд.
30.10.2026 12:41

Беш аз 23 фоиз зиёд. Буҷети Тоҷикистон барои соли 2027-ум 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ мегардад

29-уми октябр таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
30.10.2026 08:25

Ҷон Керрӣ: “Трамп бар асоси фарзияҳои ғалат ба Эрон ҳамла кард”

Вазири пешини корҳои хориҷии Амрико Ҷон Керрӣ гуфтааст, ки Доналд Трамп бо такя ба фарзияҳои нодуруст амалиёти низомӣ алайҳи Эронро оғоз карда, худро дар мавқеи бисёр номусоид барои музокирот қарор додааст.
30.10.2026 08:17

Узви НАТО ба Украина ҷангандаҳои низомӣ медиҳад

Полша дар доираи як бастаи кумаки низомӣ ба арзиши тақрибан 50 миллион евро ду ҳавопаймои ҷангии МиГ-29-ро ба Украина интиқол медиҳад. Ин баста ҳамчунин, муҳимоти тӯпхонаӣ, лавозимоти ҷангии ҷангандаҳои F-16 ва мушакҳои низоми дифои ҳавоиро дар бар мегирад.
29.10.2026 14:50

Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид

Имрӯз, 29-уми октябр дар толори бинои Парламенти Тоҷикистон таҳти раёсати раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ҷаласаи Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ бо шиори «Ваҳдат ба хотири сулҳ, амният ва шукуфоии Осиёи Марказӣ» баргузор гардид.
29.10.2026 13:29

Паёми нави мушакии Кореяи Шимолӣ ба Амрико ва шариконаш

Кореяи Шимолӣ беш аз 10 мушаки баллистикии кӯтоҳпарвозро ба самти Дарёи Шарқӣ (Баҳри Ҷопон) партоб кардааст. Артиши Кореяи Ҷанубӣ аз ин ҳодиса хабар дода, эълом кардааст, ки назорат ва омодагии худро барои муқобила бо партобҳои эҳтимолии баъдӣ тақвият медиҳад.
29.10.2026 10:27

Русия ва Амрико дар мавриди лағви бархе таҳримҳо музокира мекунанд

Маскав ва Вашингтон дар бораи лағви таҳримҳо алайҳи Сандуқи сармоягузории мустақими Русия музокира доранд. Ҳамзамон, музокироти сеҷонибаи Русия, Украина ва Амрико барои поён додан ба буҳрони Украина қарор аст пас аз 4-уми ноябр дар Абу Забӣ баргузор шавад.