Президенти Эрон: “Исроил ва Амрико экосистемаи минтақаро вайрон мекунанд”
Сергей Лавров: “Таҳдидҳои амниятӣ дар Афғонистон аз байн нарафтаанд. Маскав ба Тоҷикистон кумак мекунад”
Чин аз Толибон даъват кард, ки бар зидди гурӯҳҳои террористӣ иқдом кунанд
Қирғизистон мегӯяд қочоқи “говҳои шохдор” ба Тоҷикистонро ошкор сохт
21.11.2025 14:02
Расонаҳои украинӣ ҷузъиёти тарҳи Доналд Трамп барои оташбасро фош карданд
Расонаҳои украинӣ ҷузъиёти тарҳи Доналд Трамп барои оташбасро фош карданд
Сарчашмаҳои украинӣ иддао доранд, ки ба матни лоиҳаи банди 28-и Иёлоти Муттаҳидаи Амрико барои тасвиби оташбас дар Украина, ки аз сӯи президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Доналд Трамп пешниҳод шудааст, даст ёфтаанд. Бар асоси гузориши “Русия-ал-Яум” ин нақша як созиши фарогир миёни Киеву Маскав ва кишварҳои ғарбиро фаро мегирад.
Муҳимтарин тарҳҳои эҳтимолии сулҳи Амрико чунин мебошад:
- Таҳаммул ва кафолатҳои амниятии шартӣ ба Украина;
- Ҷойгир намудани ради узвияти Украина дар Конститутсияи ин кишвар;
- Таъйиди расмии НАТО, ки Украина ҳич гоҳ ба ин созмон пайваст намешавад;
- Маҳдуд кардани артиши Украина ба 600 ҳазор сарбоз;
- Бидуни силоҳи атомӣ боқӣ мондани Украина;
- Эътирофи ҳокимияти Русия дар Қрим, Донетск ва Луганск;
- Мунҷамид шудани ҳолати Херсон ва Запароже дар сархати даргирӣ;
- Таъсиси минтақаи бетарафи амниятии зери назорати Русия;
- Уҳдадории ҳар ду ҷониб барои тағйири надодани марзҳо бо зӯр;
- Мамнуъияти мустақарсозии неруҳои НАТО дар Украина;
- Ҷойгиркунии ҷангандаҳои НАТО дар Лаҳистон;
- Оғози гуфтугӯи амниятӣ миёни ИМА, НАТО ва Русия;
- Сабти ҳуқуқии сиёсати ҳамла накардан аз ҷониби Русия нисбат ба Украина ва Аврупо;
- Тарҳи бузурги сармоягузории ИМА ва Аврупо барои бозсозии Украина;
- Ихтисоси 100 миллиард доллар аз дороиҳои яхкардаи Русия барои бозсозӣ, ки 50 фоизи он ба ИМА меравад;
- Таъмини 100 миллиарди иловагӣ аз ҷониби Аврупо;
- Роҳандозии фонди рушди Украина;
- Рафъи тадриҷии таҳримҳо бар зидди Русия;
- Боз гардондани Русия ба Гурӯҳи ҳашт;
- Ҳамкориҳои иқтисодии дарозмуддати Русия ва Амрико;
- Табодули комили асирон ва бозгардондани шаҳрвандону кӯдакон;
- Фаъолияти барномаҳои инсондӯстона;
- Гузаштани неругоҳи атомии Запороже ба назорати АИАЭ ва тақсими он миёни ду кишвар;
- Кумаки ИМА ба барқарорсозии инфрасохтори гази Украина;
- Интихоботи президентии Украина 100 рӯз пас аз имзои созишнома;
- Авфи умумӣ барои ҳамаи ширкаткунандагони ҷанг;
- Назорати иҷрои созиш аз ҷониби Шурои сулҳ таҳти роҳбарии Доналд Трамп;
- Ҷорӣ шудани таҳримҳо дар сурати нақзи созиш;
- Пас аз имзои санад оташбас ва ақибнишинии фаврии неруҳо ба хатҳои мувофиқшуда...
Ин иттилоъ то ҳанӯз аз сӯи ИМА, Русия ва ё Украина расман тасдиқ нашудааст, вале нашри он дар фазои сиёсӣ баҳсҳои густурдаро барангехтааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
17.10.2026 08:24
Эрон мегӯяд интиқоли нафт ба Тоҷикистонро идома медиҳад
Ҷумҳурии Исломии Эрон мақсад дорад интиқоли маҳсулоти нафтӣ ва газ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистонро идома диҳад.
16.10.2026 18:22
Президенти Эрон: “Исроил ва Амрико экосистемаи минтақаро вайрон мекунанд”
Масъуд Пизишкиён, президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, ки Исроил ва Амрико бо ҷангҳои худ ба экосистемаҳои минтақа осеби ҷиддӣ мерасонанд. Ӯ аз ҷомеаи байналмилалӣ хост, ки барои арзёбии зарари экологӣ ва барқарор намудани минтақаҳои осебдида чораҳои муштарак андешанд.
16.10.2026 18:05
Эмомалӣ Раҳмон: “Дар Душанбе бо пуштибонии СММ дар соли 2027 конфронси байналмилалии сулҳ баргузор мешавад”
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Осиё (CICA) эълон намуданд, ки дар моҳи майи соли 2027 дар шаҳри Душанбе конфронси байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ бо пуштибонии Созмони Милали Муттаҳид ва дигар шарикони байналмилалӣ баргузор хоҳад шуд.
16.10.2026 17:58
Сергей Лавров: “Таҳдидҳои амниятӣ дар Афғонистон аз байн нарафтаанд. Маскав ба Тоҷикистон кумак мекунад”
Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия гуфт, таҳдидҳои амниятӣ дар Афғонистон ҳанӯз аз байн нарафтаанд. Ӯ гуфт, Маскав ба Тоҷикистон барои таҳким додани амнияти марз бо Афғонистон кумак мекунад.
16.10.2026 17:50
Чин аз Толибон даъват кард, ки бар зидди гурӯҳҳои террористӣ иқдом кунанд
Мақомоти Чин дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон аз гурӯҳи террористии Толибон хостанд, ки бар зидди таҳдидҳои террористӣ дар қаламрави Афғонистон иқдомҳои мушаххас анҷом диҳанд.
16.10.2026 16:45
Ҳамлаҳо ба майдонҳои ҳавоӣ ва муассисаҳои нафтӣ рахнаи амниятӣ дар Арабистони Саудиро ошкор сохт
Расонаи “Ройтерз” дар гузорише навишт, ҳамлаҳо ба фурудгоҳи Риёз ва муассисаҳои нафтӣ осебпазир будани Арабистони Саудӣ дар муқобили таҳдидҳои амниятии як кишвари ҳамсояро ошкор сохт.
16.10.2026 15:39
Қирғизистон мегӯяд қочоқи “говҳои шохдор” ба Тоҷикистонро ошкор сохт
Мақомоти амниятии Қирғизистон мегӯянд, аз қочоқи чорвои калон ё говҳои шохдор ба Тоҷикистон пешгирӣ кардаанд.
16.10.2026 12:06
11 нафар кушта шуданд. Толибон барои “тарёк” ҳамдигарро мекушанд
Ду гурӯҳ аз ҷангҷӯёни гурӯҳи террористии Толибон дар ноҳияи Баҳромчаи вилояти Ҳилманди Афғонистон барои маводи мухаддир ҷанг карданд, ки дар натиҷаи ин ҷанг 11 нафар кушта ва 4 нафари дигар захмӣ шудаанд.
16.10.2026 10:51
Пешвои миллат бо сафари корӣ ба Ҷумҳурии Арманистон рафтанд
15-уми октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Еревани Ҷумҳурии Арманистон рафтанд.
16.10.2026 09:52
Неруҳои мусаллаҳи Яман: ба шаҳри Мадина ҳамла накардаем
Расонаҳои Арабистони Саудӣ бо нашри хабарҳое иддао карданд, ки неруҳои мусаллаҳи Яман ба шаҳри Мадина ҳамла кардаанд. Дар пайи ин неруҳои мусаллаҳи (ҳусиҳои) Яман вокуниш нишон доданд.
16.10.2026 09:45
“Дом”-и ҳиҷоб бар зидди ҳукумати Илҳом Алиев миёни Туркия ва Озарбойҷон фосила андохт
Як гурӯҳи духтарони ҳиҷобпӯш дар Озарбойҷон бар зидди қоидаҳои ягонаи либоси мактабӣ, ки аз ҷониби ҳукумати Озарбойҷон қабул шуд, намоиши эътирозӣ доир карданд. Онҳо аз ҳукумати Озарбойҷон даъват карданд, ки қоидаҳои манъи таҳсил бо ҳиҷоб дар мактабҳо бекор карда шавад.
16.10.2026 09:07
Обама: “Исроил бояд бипазирад, ки фаластиниҳо сарзамини худро тарк нахоҳанд кард”
Барак Обама, раиси ҷумҳури пешини Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, дар изҳороте бо таъкид бар ин ки ҳудуди ҳафт миллион фаластинӣ дар он минтақа зиндагӣ мекунанд ва аз он ҷо нахоҳанд рафт, гуфт, ки режими Исроил бояд ин воқеиятро бипазирад.