Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Озарбойҷон ва чор кишвари Осиёи Марказӣ байни худ низоми пардохти QR ҷорӣ мекунанд
Эрон хостори зуд ба анҷом расонидани музокироти тиҷоратӣ бо Ӯзбекистон шуд
Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, ки имзои созишномаи тиҷоратии имтиёзнок бо Ӯзбекистон метавонад боиси афзоиши назарраси тиҷорати дуҷониба шавад.
Вазири тиҷорати Эрон Муҳаммад Атобак аввали ҳафта дар шаҳри Тошканд бо масъулони кишвари Ӯзбекистон дидор ва музокирот анҷом дод. Мавзуи асосии гуфтушунидҳо масъалаи тарофаҳои нав ва пешниҳод барои коҳиши монеаҳои гумрукӣ буд, ки ба тиҷорати миёни ду кишвар таъсир мегузошт.
Муҳаммад Атобак гуфт, гардиши тиҷорати Эрон ва Ӯзбекистон дар ҳафт моҳи ахир тақрибан 60 фоиз бештар аз ҳамин давраи соли гузашта будааст. Ӯ гуфт: “Бо вуҷуди ин, ин ҳанӯз кофӣ нест. Мо бояд фавран як қатор монеаҳоро, бахусус дар бахшҳои нақлиёти роҳи оҳан ва автомобилгард, масъалаҳои гумрукӣ ва имзои созишномаи тиҷоратии имтиёзнок бартараф созем”.
Ӯ ёдовар гардид, ки моҳи октябри соли гузашта, дар вақти сафари вазири тиҷорати Ӯзбекистон Лазиз Қудратов ба Теҳрон, ду ҷониб ба созиши ибтидоӣ барои оғози музокира оид ба созишномаи РТА расида буданд.
Тибқи арзёбиҳо, ин созишнома метавонад ҳаҷми тиҷорати миёни ду кишварро аз 500 миллион доллари кунунӣ то ба 5 миллиард доллар дар як сол афзоиш диҳад.
Эрон умед дорад, ки ба воситаи РТА бо Ӯзбекистон боҷи гумрукӣ барои содироти молҳои саноатии худ, аз ҷумла вагонҳои роҳи оҳан, турбинаҳои тавлиди барқ ва маҳсулоти пӯлоду нафту кимиё, коҳиш дода шавад.
Ин иқдом ҷузъи стратегияи умумии Теҳрон барои густариш додани ҳамкориҳои тиҷоратӣ бо кишварҳои ҳамсоя ва минтақа дар шароитест, ки таҳримҳои Аврупо дастрасии Эрон ба бозорҳои аврупоиро маҳдуд месозанд.
Эрон ҳамчунин, кӯшиш дорад, ки ба бозорҳои Осиёи Марказӣ роҳ ёбад, минтақае, ки кишварҳои дар хушкӣ маҳдудшудаи он мехоҳанд аз имкониятҳои тиҷоратӣ дар масирҳои нави Шарқ-Аврупо ва Шимол-Ҷануб истифода кунанд.
Ӯзбекистон яке аз кишварҳои аз назари рушди иқтисодӣ пешсаф дар Осиёи Миёна ба шумор меравад ва Эрон бо Ӯзбекистон робитаҳои наздики фарҳангӣ ва таърихӣ дорад, ки ин ҳамкориҳои тиҷоратии миёни ду миллатро осонтар месозад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Ноҳияи Данғара барандаи ҷоизаи байналмилалии «Барои шарикии барҷаста бо Чин» шуд
Ислом Махачев: “Рақобати навбатӣ яке аз охирин муҳорибаҳоям аст”
Масъалаи бештар ҷалб кардани қишри ниёзманд ба омӯзиши касбу ҳунар баррасӣ гардид