Бозии рӯз: Рақобати мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсалони худ аз Хорватия
Ду фоиз зиёд шудааст. Аҳолии Тоҷикистон ба беш аз 10,8 миллион нафар расид
Қатар довталабони тоҷикро ба таҳсил даъват мекунад
Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) Ҷоми ҷаҳон-2026-ро бо ғалаба оғоз кард
Дузд не, бемори равонӣ. Милитсияи пойтахт навори шубҳанокро санҷид
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе нашр гардид, ки марди дар он инъикосёфтаро шаҳрвандон дар содир намудани ҷинояти дуздӣ гумонбар медонистанд, аммо милитсияи пойтахт иттилоъ медиҳад, ки он мард дузд нест, балки дорои бемории равонӣ аст.
Тавре ки санҷиши кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе муайян кардааст, он марди дар наворбуда Абдураҳимов Раҳим, сокини 65-солаи ноҳияи Шоҳмансур аст ва аз бемории равонӣ ранҷ мебарад.
Гуфта мешавад, ки дар вақти санҷиш дар содир намудани ҷинояти дуздӣ даст доштани Абдураҳимов Р. Тасдиқ нашудааст.
Ҳамчунин, РВКД дар шаҳри Душанбе аз шаҳрвандон хоҳиш мекунад, ки дар ҳама ҳолат ба мақомоти милитсия такя намуда, бо мушоҳидаи ҳама гуна амалу кирдорҳои номатлубу шубҳанок, тавассути рақамҳои (+992) 018-02-02-02 муроҷиат намоянд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Артиши Исроил: Ҳамла ба Эрон метавонад ҷангро дар тамоми минтақа густариш диҳад
Дар Чин як мақоми давлатиро бо иттиҳоми ҷосусӣ ба қатл маҳкум карданд
Аз Душанбе то Хоруғ дар 55 дақиқа. Аввалин парвози Shohin Airlines дар ин хатсайр
Бузургдошти Сино ва Хайём. Бо ташаббуси Тоҷикистон дар ЮНЕСКО чорабиниҳои байналмилалии илмию фарҳангӣ баргузор мегардад