17 Октябр 2026,
шанбе, 17:43, Душанбе
25.09.2025 07:57

Тоҷикистон таҷрибаи омӯзиши бозори меҳнатро дар Форуми байналмилалии Ӯзбекистон муаррифӣ кард

Таҷрибаи Тоҷикистон дар самти омӯзиши бозори меҳнат дар Форуми байналмилалии “Аз камбизоатӣ ба рушд”, ки дар шаҳри Намангони Ӯзбекистон доир шуд, муаррифӣ гардид. Дар ин хусус Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ хабар дод.

Дар Форум намояндагони беш аз 30 созмони байналмилалӣ ва тақрибан 200 коршинос аз кишварҳои мухталиф ширкат карданд. Тоҷикистонро дар ин форум вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Солеҳа Холмаҳмадзода намояндагӣ карда ва таҳти унвони “Малакаҳо ҳамчун омили рушди устувор: таҷрибаи Тоҷикистон дар омӯзиши бозори меҳнат” суханронӣ кард.

“Мубориза бо камбизотӣ ҷузъи ҷудоинопазири сиёсати иҷтимоӣ буда, шарти муҳимми таъминоти субот, адолати иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум аст. Форуми байналмилалӣ имконият медиҳад, ки таҷрибаи муваффақ мубодила гардад, роҳҳои ҳалли мушкилоти шуғл ва камбизоатӣ баррасӣ шуда, ҳамкории самаранок ба роҳ монда шавад”- таъкид кард вазири тоҷик.

Дар маърузаи вазир зикр шуд, ки рушди шуғли истеҳсолӣ ва омодасозии кадрҳои соҳибихтисос яке аз самтҳои стратегии ҳукумати Тоҷикистон ба шумор меравад: “Солҳои ахир дар ин самт дастовардҳои назаррас ҳосил шудаанд, аз ҷумла баланд бардоштани сатҳи тайёрии касбии шаҳрвандон, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ҷорӣ кардани барномаҳои муосир оид ба рушди малакаҳо ва ғайра” – таъкид намуд вазири тоҷик.

Ширкаткунандагони форум масъалаҳои муҳимми рушди иҷтимоию иқтисодӣ, татбиқи таҷрибаҳои самарабахши шуғл, баланд бардоштани малакаи захираҳои меҳнатӣ ва коҳиши сатҳи камбизоатиро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ҷаҳон баррасӣ намуданд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

16.10.2026 18:22

Президенти Эрон: “Исроил ва Амрико экосистемаи минтақаро вайрон мекунанд”

Масъуд Пизишкиён, президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, ки Исроил ва Амрико бо ҷангҳои худ ба экосистемаҳои минтақа осеби ҷиддӣ мерасонанд. Ӯ аз ҷомеаи байналмилалӣ хост, ки барои арзёбии зарари экологӣ ва барқарор намудани минтақаҳои осебдида чораҳои муштарак андешанд.
16.10.2026 18:05

Эмомалӣ Раҳмон: “Дар Душанбе бо пуштибонии СММ дар соли 2027 конфронси байналмилалии сулҳ баргузор мешавад”

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Осиё (CICA) эълон намуданд, ки дар моҳи майи соли 2027 дар шаҳри Душанбе конфронси байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ бо пуштибонии Созмони Милали Муттаҳид ва дигар шарикони байналмилалӣ баргузор хоҳад шуд.
16.10.2026 17:58

Сергей Лавров: “Таҳдидҳои амниятӣ дар Афғонистон аз байн нарафтаанд. Маскав ба Тоҷикистон кумак мекунад”

Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия гуфт, таҳдидҳои амниятӣ дар Афғонистон ҳанӯз аз байн нарафтаанд. Ӯ гуфт, Маскав ба Тоҷикистон барои таҳким додани амнияти марз бо Афғонистон кумак мекунад.
16.10.2026 16:45

Ҳамлаҳо ба майдонҳои ҳавоӣ ва муассисаҳои нафтӣ рахнаи амниятӣ дар Арабистони Саудиро ошкор сохт

Расонаи “Ройтерз” дар гузорише навишт, ҳамлаҳо ба фурудгоҳи Риёз ва муассисаҳои нафтӣ осебпазир будани Арабистони Саудӣ дар муқобили таҳдидҳои амниятии як кишвари ҳамсояро ошкор сохт.
16.10.2026 12:06

11 нафар кушта шуданд. Толибон барои “тарёк” ҳамдигарро мекушанд

Ду гурӯҳ аз ҷангҷӯёни гурӯҳи террористии Толибон дар ноҳияи Баҳромчаи вилояти Ҳилманди Афғонистон барои маводи мухаддир ҷанг карданд, ки дар натиҷаи ин ҷанг 11 нафар кушта ва 4 нафари дигар захмӣ шудаанд.
16.10.2026 09:45

“Дом”-и ҳиҷоб бар зидди ҳукумати Илҳом Алиев миёни Туркия ва Озарбойҷон фосила андохт

Як гурӯҳи духтарони ҳиҷобпӯш дар Озарбойҷон бар зидди қоидаҳои ягонаи либоси мактабӣ, ки аз ҷониби ҳукумати Озарбойҷон қабул шуд, намоиши эътирозӣ доир карданд. Онҳо аз ҳукумати Озарбойҷон даъват карданд, ки қоидаҳои манъи таҳсил бо ҳиҷоб дар мактабҳо бекор карда шавад.