4 Октябр 2026,
якшанбе, 23:29, Душанбе
20.09.2025 14:36

Дар Тоҷикистон шумори ҳайвоноти нодир бештар шудааст

Дар як даҳсолаи ахир шумори ҳайвоноти нодир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври назаррас афзудааст. Бар асоси иттилои Агентии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи натиҷаҳои охирини ҳисобу китоб, шумораи ҳайвоноти нодире, ки зери назорат қарор доранд, афзоиш ёфтааст.

Бар асоси ин омор, шумораи морхӯр аз 1, 9 ҳазор то ба 6, 8 ҳазор, шумораи гӯсфандони Марко Поло аз 20, 4 ҳазор то 29 ҳазор, шумораи Бабри барфӣ аз 350 то 500 воҳид афзоиш ёфтааст.

Ба гуфтаи масъулон ин афзоиш натиҷаи чорабиниҳои ҳифзи муҳити зист ва тадбирҳои давлатӣ оид ба нигаҳдорӣ ва барқарорсозии ҳайвоноти нодир аст.

Агентӣ ёдовар шуд, ки соли 2023 бо ибтикори Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид қарор қабул намуд, ки мувофиқи он 24-уми май ҳамасола чун Рӯзи байналмилалии Морхӯр таҷлил карда мешавад.

Бар асоси иттилоъ, ҳисобу китоби ҳайвоноти нодир бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон анҷом дода шуд. Сарвари кишвар дар ҷараёни мулоқот бо кормандони Кумитаи ҳифзи муҳити зист таъкид намуданд, ки ба масъалаи ҳифзи гуногунрангии биологӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир гардад.

Ба Кумита ва дигар сохторҳои марбута супориш шудааст, ки бо такя ба иттилои Китоби сурх корҳои барқарорсозӣ ва афзоиши шумори ҳайвоноту набототи нодирро идома диҳанд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо