16 Октябр 2026,
ҷумъа, 01:31, Душанбе
01.09.2025 08:57

Туркия мегӯяд ҳама робитаҳои иқтисодӣ ва тиҷоратиаш бо Исроилро қатъ кардааст

Ҳокон Фидон, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия аз қатъ шудани робитаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ бо режими саҳюнистӣ ва бастани фазои ҳавоии Туркия ба рӯи ҳавопаймоҳои исроилӣ хабар дод. Ӯ гуфт, ки ин тасмим посух ба амалкарди бесуботкунанда ва ҷиноятҳои Тел-Авив дар минтақа мебошад.

Вазири корҳои хориҷии Туркия гуфт, ки Исроил дар Ғазза даст ба “ҷинояти дастаҷамъӣ” зада ва бо ҳимояти номаҳдуди Амрико барномаи ишғоли комили ин минтақаро пеш мебарад.

Ӯ афзуд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ дар иҷрои масъулияти худ барои боздоштани режими саҳюнистӣ ноком мондааст. Ба гуфтаи Ҳокон Фидон, мақсади Тел-Авив рӯшан аст “ғайриқобили зист сохтани Ғазза ва маҷбур кардани мардум ба муҳоҷират”.

Вазири корҳои хориҷии Туркия афзуд, ки сиёсатҳои гуруснасозии шадид бар зидди аҳолии Ғазза ба марги ҳазорон фаластинӣ анҷомида ва ҷиноятҳои Исроил дигар фақат ба Ғазза маҳдуд намешаванд, балки Қудс, Каронаи Ғарбӣ, Сурия, Эрон ва Лубнонро низ дар бар мегиранд.

Ӯ, ҳамчунин гуфт, ки бо вуҷуди талошҳои ҳамоҳангшудаи Туркия бо Қатар ва Миср барои пайдо намудани роҳи ҳал ба масъалаи Фаластин, Тел-Авив ҳамчунон мехоҳаад бо ҳамлаҳои пай дар пай ва ҳатто бо ҳамла ба Масҷиди Ақсо сатҳи низоъро боло барад.

Вазири корҳои хориҷии Туркия гуфт, ки иҷозаи идомаи чунин сиёсатҳоро намедиҳад ва ташдиди низоъ миёни Исроил ва Эрон метавонад амният ва суботи минтақаро зери хатар қарор диҳад.

Dialog.tj

 

Хатти хабарҳо

15.10.2026 16:41

Масъалаи иштироки бахши хусусӣ дар рушди энергетика дар дидори Далер Ҷумъа ва Моаззам Мекан матраҳ гардид

Имрӯз, 15-уми октябр вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо роҳбари самти шарикии давлат ва бахши хусусӣ дар Осиёи Ҷанубӣ, хизматрасониҳои машваратӣ оид ба муомилотии Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ (IFC), узви Гурӯҳи Бонки Умумиҷаҳонӣ Моаззам Мекан мулоқот кард.
15.10.2026 16:40

Русия дар шаш ҳафта пойгоҳи бузурги партоби паҳподҳо бунёд кард

Русия дар вилояти Ростови ин кишвар пойгоҳи бузурги партоби паҳподҳои ҳамлаварро дар муддати тақрибан шаш ҳафта сохтааст. Бино ба гузориши хабаргузории “Ройтерз” бо такя ба аксҳои моҳвораӣ, масоҳати ин иншоот ба тақрибан 126 майдони футбол баробар аст.
15.10.2026 13:28

Ҳамлаи паҳподҳои Украина ба корхонаи коркарди нафти Русия: сӯхтор дар Рязан

Дар пайи ҳамлаи густурдаи дронҳои Украина ба вилояти Рязани Русия, дар як корхонаи коркарди нафт сӯхтор сар задааст. Ин ҳодиса дар ҳоле рух медиҳад, ки масъалаи қатъи ҳамлаҳо ба зерсохторҳои энергетикии ду кишвар матраҳ аст.
15.10.2026 10:50

Оид ба тақсимоти неруи барқ ва омӯзишу бунёди неругоҳҳои барқи обӣ ду Ёддошти тафоҳум ба имзо расид

Бинобар иттилои маркази матбуоти Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҳошияи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон, ба пеш!» ду ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар самтҳои тақсимоти неруи барқ ва омӯзишу бунёди неругоҳҳои барқи обӣ ба имзо расид.
15.10.2026 08:48

Дар Хатлон мақомот 17 мухлиси футболро ба ҷавобгарии маъмурӣ кашид

Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон хабар медиҳад, ки дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ 17 мухлиси футбол, ки ҳангоми баргузории бозии дастаҳои «Сарой Камар» ва «Панҷшер» ба муноқиша ва вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ роҳ доданд, ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд.
14.10.2026 18:23

Вазорати хориҷии Тоҷикистон ҳамла ба фурудгоҳҳо ва зерсохторҳои энергетикии Арабистони Саудиро маҳкум кард

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нашри як изҳорот аз ҳамла ба фурудгоҳҳо ва зерсохторҳои энергетикии Арабистони Саудӣ, ки боиси кушта ва захми шудани шаҳрвандони ин кишвар шудаанд, изҳори нигаронӣ кардааст.