Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Озарбойҷон ва чор кишвари Осиёи Марказӣ байни худ низоми пардохти QR ҷорӣ мекунанд
Ӯзбекистон ва Қирғизистон ба шаҳрвандонашон муштаракан нафақа медиҳанд
Бар асоси созиши нави мақомоти Қирғизистон ва Ӯзбекистон минбаъд шаҳрвандони ин ду кишвар метавонанд аз кишварҳои якдигар нафақаи суғуртавӣ гиранд. Ин иқдом ба шаҳрвандони ду кишвар имкон медиҳад, ки аз ҳуқуқҳои баробар дар гирифтани нафақаи суғуртавӣ ва давлатӣ бархӯрдор шаванд.
Тибқи иттилои Хадамоти матбуоти фонди иҷтимоии Қирғизистон ин созиш дар мулоқоти коршиносони Фонди иҷтимоии Қирғизистон ва Фонди ғайрибуҷавии нафақаи Ӯзбекистон, ки дар шаҳри Тошканд баргузор шуд, ба даст омадааст. Мақомоти ду кишвар, дар ҷараёни ин мулоқот ба натиҷа расиданд, ки собиқаи меҳнатии шаҳрвандони ду кишвар ба ҳисоб гирифта шавад.
Бар асоси созишнома, агар шаҳрванд аввал дар як кишвар фаъолият дошта, баъдан ба кишвари дигар раваду кори худро идома диҳад, собиқаи меҳнатиаш ҷамъбаст карда мешавад. Ин амр ба пиронсолон имкон медиҳад, ки сари вақт ва бидуни кам шудани маблағ ба нафақа бароянд. Ғайр аз ин, ҷонибҳо ба созиш расиданд, ки маблағи нафақаҳо мустақим ба шаҳрвандон пардохт шавад ва ҳамчунин, барои пардохт ягон маблағи иловагӣ талаб карда нашавад.
Ҳамзамон, агар шаҳрванд муваққатан дар кишвари дигар кор кунад, ӯ дигар маҷбур нахоҳад буд, ки ду карат пардохти суғуртаи нафақавӣ анҷом диҳад. Ин созиш ба он равона шудааст, ки шаҳрвандони ду кишвар барои гирифтани нафақаи давлатӣ ва суғуртавӣ ҳуқуқҳои баробар дошта бошанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Ноҳияи Данғара барандаи ҷоизаи байналмилалии «Барои шарикии барҷаста бо Чин» шуд
Ислом Махачев: “Рақобати навбатӣ яке аз охирин муҳорибаҳоям аст”
Масъалаи бештар ҷалб кардани қишри ниёзманд ба омӯзиши касбу ҳунар баррасӣ гардид