3 Октябр 2026,
шанбе, 14:58, Душанбе
18.08.2025 14:19

Дар Русия пешниҳод карданд, ки муҳоҷирон дигар оилаҳояшонро наоранд

Сергей Миронов, раиси Ҳизби Русияи боадолат - барои ҳақиқат пешниҳод намуд, ки барои муҳоҷирони корӣ иҷоза дода нашавад, ки оилаҳои худро ба Русия оранд. Ин пешниҳод дар робита ба камбудии ҷой дар кӯдакистонҳо ва мактабҳои сермуҳоҷир, қабл аз оғози соли нав, садо дод.

Сергей Миронов гуфт, ки муҳоҷирон бояд фақат барои кор ба Русия оянд ва баъди анҷоми кор баргарданд.

“Ҳатто агар дар ягон ҷо ҳақиқатан ҳам неруи корӣ дар симои муҳоҷирон лозим бошад, ҳарчанд бисёре аз минтақаҳо аз онҳо даст кашидаанд ва чизе тағйир дода нашуд, пас агар лозим аст, биёянд, аммо бидуни оила. Омаданд, кор карданд, пул гирифтанду рафтанд. Дар ин ҳолат, мо дар кӯдакистонҳо ва мактабҳо ҷойҳои кофӣ дорем”- гуфт Сергей Миронов.

Сергей Миронов таъкид намуд, бисёре аз хориҷиён на фақат барои кор, балки барои оилаҳои худ ба Русия меоянд ва ин боиси камбудии ҷой дар муассисаҳои таълимӣ мешавад.

Ёдовар мешавем, дар моҳи сентябри соли гузашта раиси Думаи давлатии Русия Вячеслав Володин хабар дода буд, ки вакилон манъи овардани оилаҳо аз ҷониби муҳоҷирони меҳнатиро қонунӣ хоҳанд кард.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо