Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Дар Душанбе дар моҳи сентябр ярмаркаи ҳунарҳои мардумӣ баргузор мешавад
Ярмаркаи тирамоҳии ҳунарҳои мардумӣ бо ширкати устодони санъати мардумӣ аз Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар рӯзҳои 6-7-уми сентябр дар шаҳри Душанбе доир мегардад. Чорабинӣ дар ҳудуди меҳмонхонаи “Румӣ” аз соати 10:00 то 18:00 баргузор мешавад. Бино ба иттилоъи ташкилкунандагон ворид шудан ба меҳмонхона ройгон мебошад.
Дар якрмарка меҳмонон метавонанд навъҳои мухталифи маҳсулоти дастиро тамошо ва харид кунанд, аз ҷумла ашёҳои сафолӣ, ҳунарҳои чӯббурӣ, матоъҳои миллӣ, маҳсулоти бофандагӣ, гулдӯзии анъанавӣ ва дигар молҳо.
Ба гуфтаи ташкилкунандагон мақсади ин ярмарка ҳимоят ва рушди суннатҳои ҳунармандии минтақа, ҳамчунин, густариши робитаҳои фарҳангӣ ва тиҷоратӣ миёни устодони ду кишвар мебошад.
Дар давоми ду рӯз барои меҳмонон ҳамчунин, намоиши корҳо, мастер-классҳо ва озмоиши таомҳои миллии гуногун омода карда мешавад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Кремл: Украина посухи ҳамлаҳои ахирашро интизор бошад
Иттиҳоди Аврупо 27 шахс ва ниҳоди марбут ба Русияро таҳрим кард
Иштирок ва суханронии вазири рушди иқтисод ва савдо дар муколамаи шарикони рушд
Президенти Сербистон истеъфо дод