Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Қаллобӣ. Ҷавони 28-сола худро мошинфурӯш нишон дода, мардумфиребӣ мекард
Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе аз боздошти ҷавоне хабар дод, ки худро мошинфурӯш муаррифӣ карда, бо роҳи фиреб аз шаҳрвандон пул мегирифт.
Манбаъ менависад, ки аз ҷониби кормандони Шуъбаи кофтукови ҷиноятии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе Сулаймонов Сорбон, сокини 28-солаи пойтахт бо гумони қаллобӣ дастгир гардид.
Гуфта мешавад, ки номбурда аксҳои воситаҳои нақлиёти гаронарзишро аз саҳифаҳои дигар шаҳрвандон гирифта, бо нархи чанд маротиба арзон дар сомонаи "Сомон.ТҶ" ба фурӯш гузошта, барои овардани нақлиёт аз шаҳрвандон маблағҳои гуногун талаб мекардааст.
Ҳамчунин, Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз шаҳрвандон хоҳиш мекунад, ки агар мавриди фиреби Сулаймонов С. қарор гирифтаанд, тавассути рақамҳои (+992) 018-02-02-02 ба милитсияи пойтахт муроҷиат намоянд.
Ёдовар мешавем, ки вақтҳои охир қаллобӣ дар интернет хеле зиёд шуда истодааст ва шаҳрвандон, махсусан корбарони интернетро мебояд ба доми фиреби қаллобон наафтанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Кремл: Украина посухи ҳамлаҳои ахирашро интизор бошад
Иттиҳоди Аврупо 27 шахс ва ниҳоди марбут ба Русияро таҳрим кард
Иштирок ва суханронии вазири рушди иқтисод ва савдо дар муколамаи шарикони рушд
Президенти Сербистон истеъфо дод