3 Октябр 2026,
шанбе, 14:58, Душанбе
21.07.2025 14:57

Русия мавқеи забони русӣ дар Ӯзбекистонро густариш медиҳад

Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Русия ташаббуси навро дар заминаи ҳимоят ва густариши забони русӣ дар хориҷ аз қаламрави ин кишвар амалӣ мекунад. Нашрияи “Ведамости” иттилоъ додааст, дар доираи ин иқдом таҳқиқоти васеи сотсиологӣ ба нақша гирифта шудааст, ки мавқеи забони русиро дар кишварҳои хориҷӣ арзёбӣ мекунад.

Маркази омӯзиши афкори умумии "ВЦИОМ" ҳамчун иҷрокунандаи ин фаромиши давлатӣ интихоб шудааст. Арзиши умумии лоиҳа, бар асоси иттилои расмӣ - 34, 8 миллион рублро ташкил медиҳад.

Маркази асосии таваҷҷуҳи таҳқиқот Ҷумҳурии Ӯзбекистон аст. Ҳамзамон кишварҳои хориҷи дур, ба мисли Венесуэла, Ҳиндустон, Чин ва Аморати Муттаҳидаи Араб низ шомили барномаи таҳқиқотӣ гардидаанд.

Тибқи нақша, дар ҳар як кишвар на камтар аз 2500 нафар пурсида хоҳанд шуд. 1500 нафар ба воситаи суолномаи онлайнӣ ва 100 нафар дар раванди мусоҳибаҳои телефонӣ ва рӯ ба рӯ. Усулҳои тадқиқотӣ мутобиқ ба дастури мустақими Вазорати корҳои хориҷии Русия муайян мегарданд ва бояд дар ҳамаи кишварҳо яксон татбиқ карда шаванд.

Аммо вазифаи "ВЦИОМ" фақат бо ҷамъоварии иттилоъ маҳдуд намешавад. Бар асоси натиҷаҳои таҳқиқот қарор аст маҷмуи тавсияҳои амалӣ таҳия шавад, ки ҳадафи он боло бурдани ҷаззобияти умумии забони русӣ ва фарҳанги вобаста ба он хоҳад буд.

Ба лоиҳа як гурӯҳи даҳнафараи коршиносон ҷалб мегардад, ки дар самтҳои забоншиносӣ, робитаҳои байналмилалӣ, фарҳангшиносӣ ва фаъолиятҳои расонаҳо ихтисос доранд.

Ҳадафи ин таҳқиқот, ба гуфтаи ташаббускорон, арзёбии воқеии сатҳи нуфуз ва мавқеи забони русӣ дар муҳити иҷтимоӣ ва таълимии кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла Ӯзбекистон хоҳад буд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо