Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Озарбойҷон ва чор кишвари Осиёи Марказӣ байни худ низоми пардохти QR ҷорӣ мекунанд
Ҳавои ифлос сабаби 65 ҳазор марги зудрас дар Осиёи Марказӣ. Бонки ҷаҳонӣ кишварҳоро ба чораандешӣ фаро мехонад
Бонки ҷаҳонӣ дар гузориши нави худ зикр кард, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ бояд сиёсати фаъол ва маблағгузории муосирро барои мубориза бо ифлосшавии ҳаво амалӣ кунанд.
Тибқи гузориши Бонки ҷаҳонӣ дар кишварҳои минтақа ҳар сол зиёда аз 65 ҳолати марги зудрас метавонад бо ифлосшавии ҳаво алоқаманд бошад. Хисороти умумии солонаи марбут ба саломатӣ дар натиҷаи таъсири зарраҳои хатарноки PM2.5 аз 15,2 то 21,7 миллиард долларро ташкил медиҳад.
Муаллифони гузориш таъкид карданд, ки бо вуҷуди хатарҳои ҷиддӣ ҳукуматҳои минтақавӣ маблағи хеле камро барои ҳалли ин мушкил равона мекунанд. Ин маблағ асосан барои мониторинг ва таъмини риояи меъёрҳои амалкунанда сарф мешавад.
Бино ба хулосаи коршиносон бахши хусусӣ бояд масъулияти асосии коҳиши ифлосшавии ҳаворо ба уҳда дошта бошад. Аммо давлат метавонад бо додани субсидия ва дастгирии молиявӣ, бахусус барои хонаводаҳои камдаромад гузариш ба таҷҳизоти камифлоскунандаро осон гардонад. Сарчашаи асосии ифлосшавии ҳаво дар ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ, ба истиснои Туркманистон бахши каммуналӣ дониста шудааст. Истифодаи системаи гармидиҳии ғайримуқаррарӣ ва пухтутпази анъанавӣ дар хонаҳо сабаби партоби зарраҳои зарарнок мегардад.
Бонки ҷаҳонӣ тавсия додааст, давлатҳо метавонанд бо таъсиси фондҳои махсуси сифати ҳаво сиёсати экологиро пеш бурда, инфрасохтор ва таҷҳизоти навро ҷорӣ кунанд. Ин гуна фондҳо бар хилофи дигар фондҳои муҳитизистӣ ба коҳиши мустақими ифлосии ҳаво равона хоҳанд шуд.
Дар гузориш таъкид шудааст, ки барои ширкатҳои таъминоти гармии марказонидашуда ва дигар ниҳодҳои хизматрасон додани субсидия ба хариди таҷҳизоти камифлоскунанда имконпазир аст. Бонки ҷаҳонӣ чунин маханизмро барои ҷалби сармояи бозорӣ, бахусус ба воситаи кафолати қарз ва коҳиши хатарҳои сармоягузорӣ муассир медонад. Мутахассисон хулоса кардаанд, ки дастгирии молиявии давлат метавонад нақши калидӣ дар коҳиши хавфҳои сармоягузорӣ ва ҷалби захираҳои хусусӣ дар мубориза бо ифлосшавии ҳаво дошта бошад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Ноҳияи Данғара барандаи ҷоизаи байналмилалии «Барои шарикии барҷаста бо Чин» шуд
Ислом Махачев: “Рақобати навбатӣ яке аз охирин муҳорибаҳоям аст”
Масъалаи бештар ҷалб кардани қишри ниёзманд ба омӯзиши касбу ҳунар баррасӣ гардид