1 Октябр 2026,
панҷшанбе, 05:45, Душанбе
21.06.2025 12:57

Дар Хуҷанд то 35-солагии Истиқлол 950 иншооти нав сохта мешавад

Ба пешвози 35-солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд бар асоси нақша бунёди 950 иншооти таъиноташ гуногун бо суръат идома дорад. Мақомоти расмии вилоят иттилоъ медиҳанд, ки то ба имрӯз 900 иншоот ба истифода дода шуда ва нақша 94 фоиз иҷро шудааст.

Иншооти навбунёд дорои аҳамияти иҷтимоӣ, хизматрасонӣ ва маъмурӣ буда, сохтмони онҳо дар заминаи рушди босуръати аҳолии шаҳр ва ниёз ба беҳтарсозии муҳити зист сурат мегирад. Яке аз лоиҳаҳои муҳимми инфрасохторӣ, ки дар марҳилаи иҷро қарор дорад, навсозии шабакаи обу корези хиёбони ба номи Раҳмон Набиев аст. Бар асоси лоиҳаи тасдиқшуда 2100 метр қубурҳои обу корез нав карда мешаванд.

Ҳамзамон дар кӯчаи Мақсудҷон Танбурӣ низ хобондани ду қубури нави обгузор бо дарозии умумии 400 метр дар назар аст.

Лоиҳаи мазкур бо назардошти стандартҳои замони муосир таҳия шуда, иҷрои онҳо бо сифат ва дар муҳлатҳои муайян пешбинӣ шудааст. Мақомот таъкид мекунанд, ки татбиқи ин иқдомҳо ба рушди устувори инфрасохторӣ ва баданд бардоштани сатҳи зиндагии сокинони шаҳри Хуҷанд мусоидат мекунад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

30.09.2026 15:45

Манзаралӣ Шералӣ: “Филми хуб ҳам худаш тамошобинро пайдо намекунад”

Аз 22-юми октябр дар кинотеатрҳои кишвар филми «Хуршеду Моҳ» ба намоиш гузошта мешавад. «Хуршеду Моҳ филми нави ошиқона буда, дар бораи ишқи нокоми Хуршед ва Моҳ қисса мекунад. Dialog.tj бо коргардон ва муаллифи филмномаи «Хуршеду Моҳ» Манзаралӣ Шералӣ суҳбат кард, ки фишурдаи онро пешкаши хонандагон мекунем.
30.09.2026 15:04

Тоҷикистон ва Қатар дар бораи сармоягузорӣ дар Тоҷикистон гуфтугӯ карданд

Мақомоти Тоҷикистону Қатар масъалаи сармоягузорӣ ва амалӣ намудани лоиҳаҳои муштараки иқтисодии ду кишварро мавриди баррасӣ қарор доданд. Дар мулоқоти мақомоти ду кишвар раванди иҷрои лоиҳаи “Диёри Душанбе” мавриди гуфтугӯ қарор гирифт.
30.09.2026 14:33

Гардиши савдои Қазоқистон бо Тоҷикистон 25 фоиз афзоиш ёфтааст

Гардиши тиҷорати Қазоқистон ва Тоҷикистон дар ҳафт моҳи соли 2026 назар ба ҳамин давраи соли гузашта 25 фоиз зиёд шудааст. Ҳаҷми савдои ду кишвар дар ин давра ба тақрибан 855 миллион доллар расидааст.
30.09.2026 06:37

Маркази хабарнигорони Афғонистон: тақрибан 300 хабарнигор ва корманди расонаӣ аз сӯйи Толибон боздошт шудаанд

Маркази хабарнигорони Афғонистон эълом кардааст, ки аз замони тасаллути гурӯҳи террористии Толибон дар соли 2021, тақрибан 300 хабарнигор ва корманди расонаӣ ба иттиҳоми риоя накардани дастурҳои сахтгиронаи расонаии ин гурӯҳ боздошт ё зиндонӣ шудаанд.