Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Озарбойҷон ва чор кишвари Осиёи Марказӣ байни худ низоми пардохти QR ҷорӣ мекунанд
Мубориза бо малах Ӯзбекистону Қазоқистон ва Қирғизистонро муттаҳид кард
Дар мавсими гармии имсола бо суръат паҳн шудани малах дар минтақаҳои Ӯзбекистону Қазоқистон ва Қирғизистон мақомоти ин кишварҳоро нигарон кардааст. Ин ҳашароти зараррасон, ки аҷали растаниҳову киштзорҳо мебошад, асосан дар мавсими баҳору тобистон дар минтақаи Осиёи Марказӣ рушд мекунад.
Бар асоси иттилои расонаҳо мақомоти Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Қирғизистон дар мулоқоти сеҷониба дар хусуси густариш додани ҳамкорӣ, ҷорӣ кардани меъёрҳои фитосанитарӣ ва густариши мубодилаи иттилоот дар мубориза бар малах ба созиш расидаанд.
Дар ҳошияи нишасти 55-уми гурӯҳи кории Ташкилоти аврупоиву Баҳри миёназамин оид ба ҳимояи растаниҳо (ЕРРО) мулоқоти иҷрокунандаи вазифаи раиси Кумитаи назорати давлатии Қазоқистон Сакен Қонибеков бо роҳбарони хадамотҳои фитосанитарии Ӯзбекистону Қирғизистон доир гашт.
Дар мулоқоти сеҷониба чораҳои мубориза бар малах баррасӣ шуд. Мақомоти се кишвар оид ба таҷрибаи гузаронидани иқдомҳои самарабахши мавсимӣ бар зидди ин ҳашароти зараррасон дар кишварҳои худ гузориш доданд.
Дар ин мулоқот низоми нави Locust.uz – як платформаи электроние, ки иттилооти ҷойгиршавии тухмҳои малах ва корҳои химиявии анҷомдодашударо сабт мекунад, муаррифӣ шуд. Ин платформа ҳамчунин, ҳаракати нақлиёти махсусро бо ёрии дастгоҳи JPS, ки ба воситаи нақлиёт сабт шудаанд, пайгирӣ мекунад.
Се ҷониб ба ҳамкориҳои муштарак дар минтақаҳои сарҳадӣ ва мубодилаи фаврии иттилоот дар хусуси вазъи фитосанитарӣ, натиҷаҳои мониторинг, паҳн шудани ҳашароти зараррасон ва чораҳои андешидашуда гуфтугӯ намуданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Ноҳияи Данғара барандаи ҷоизаи байналмилалии «Барои шарикии барҷаста бо Чин» шуд
Ислом Махачев: “Рақобати навбатӣ яке аз охирин муҳорибаҳоям аст”
Масъалаи бештар ҷалб кардани қишри ниёзманд ба омӯзиши касбу ҳунар баррасӣ гардид