Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Сокини Душанбе барои фурӯши доруи психотропӣ боздошт шуд
Полис як сокини шаҳри Душанберо барои фурӯши ғайриқонунии маводи психотропии “Прегабалин” (бо намои тиҷоратии “Лирика”) боздошт кардааст. Дар ин хусус Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад.
Бар асоси иттилоъ, сокини боздоштшуда Султонов Зафар бо ҳадафи даст овардани даромади модии муфт фурӯши маводи сахттаъсири психоактивӣ ва нашъаоварро ташкил кардааст. Амали ғайриқонунии ӯ аз сӯйи кормандони шуъбаи мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири ПВКД-и шаҳри Душанбе пешгирӣ карда шуд.
Зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-опперативӣ аз назди гумонбар беш аз 840 капсулаи “Прегабалин” мусодира гардидааст. Маводи мусодирашуда барои ташхиси экспертиза равон карда шуд. Нисбати фарди боздоштшуда парванда боз шуда, тафтишот идома дорад.
РКВКД таъкид мекунад, ки дар шароити афзоиши ҳолатҳои истеъмоли моддаҳои психоактивӣ миёни ҷавонон ҳамкории фаъолона дар самти пешгирии нашъамандӣ ва ҷалби шаҳрвандон ба ҷиноятҳои марбут ба муомилоти ғайриқонунии маводи доруворӣ аҳамияти махсус дода мешавад.
Мақомоти полиси Душанбе сокинонро ба ҳамкорӣ даъват намуда, таъкид кардаанд, ки дар сурати мушоҳидаи ҳолатҳои фурӯши чунин маводҳои зарарнок ба полис муроҷиат намоянд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Кремл: Украина посухи ҳамлаҳои ахирашро интизор бошад
Иттиҳоди Аврупо 27 шахс ва ниҳоди марбут ба Русияро таҳрим кард
Иштирок ва суханронии вазири рушди иқтисод ва савдо дар муколамаи шарикони рушд
Президенти Сербистон истеъфо дод