Бозии рӯз: Рақобати мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсалони худ аз Хорватия
Ду фоиз зиёд шудааст. Аҳолии Тоҷикистон ба беш аз 10,8 миллион нафар расид
Қатар довталабони тоҷикро ба таҳсил даъват мекунад
Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) Ҷоми ҷаҳон-2026-ро бо ғалаба оғоз кард
Маҳдудшавии ҳаракат дар роҳҳо. Кадом кӯчаҳоро ду рӯз бастаанд?
Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе аз маҳдудшавии роҳҳои мошингард дар баъзе кӯчаву хиёбонҳо хабар дод.
Манбаъ меафзояд, ки аз 29-ум то 31-уми май дар пойтахт Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо доир мешавад ва вобаста ба ин, муваққатан маҳдудшавии роҳҳо тавассути кӯчаҳои Мастонгулов, А. Дониш, С. Айнӣ ва хиёбонҳои Рӯдакӣ, И. Сомонӣ ва Ҳ. Шерозӣ дар назар дошта шудааст.
Ҳамчунин, ин ниҳод аз шаҳрвандон, хусусан ронандагони воситаҳои нақлиёт хостааст, ки аз таваққуфи нодуруст дар кӯчаҳои мазкур худдорӣ намуда, аз роҳҳои кӯчаҳои ҳамшафат истифода намоянд.
Ёдовар мешавем, ки дар Конфронси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, ки аз 29-ум то 31-уми майи соли равон дар Душанбе барпо мешавад, зиёда аз 2 ҳазору 200 намоянда аз 65 кишвар ва 70 созмони байналмилалӣ иштирок мекунанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Артиши Исроил: Ҳамла ба Эрон метавонад ҷангро дар тамоми минтақа густариш диҳад
Дар Чин як мақоми давлатиро бо иттиҳоми ҷосусӣ ба қатл маҳкум карданд
Аз Душанбе то Хоруғ дар 55 дақиқа. Аввалин парвози Shohin Airlines дар ин хатсайр
Бузургдошти Сино ва Хайём. Бо ташаббуси Тоҷикистон дар ЮНЕСКО чорабиниҳои байналмилалии илмию фарҳангӣ баргузор мегардад