Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Дар Душанбе як навҷавони 17-сола гум шудааст
Мақомоти полиси шаҳри Душанбе хабар доданд, ки ноболиғи 17-сола Одинаев Муҳаммадсамир Вайсиддинов бедарак шудааст.
Раёсати Вазорати корҳои дохилии шаҳри Душанбе рӯзи ҷумъа хабар дод, ки Муҳаммадсамир рӯзи 17 – уми апрели соли ҷорӣ аз хона баромада, то кунун бо пайвандонаш тамос нагирифтааст. Мақомоти полиси шуъбаи корҳои дохилӣ фавран корҳои ҷустуҷӯӣ-таҳқиқотиро оғоз кардаанд.
“Мо аз ҳамаи шаҳрвандон хоҳиш мекунем, ки агар иттилое дар хусуси макони эҳтимолии будубоши Одинаев Муҳаммадсамир дошта бошанд, ба наздиктарин шуъбаи полис муроҷиат кунанд ва ё бо рақамҳои зерин занг зананд 221-00-57 -018-02-02-02”- гуфта мешавад дар изҳороти расмӣ.
Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе гуфт, ки барои пайдо кардани ин ҷавон ҳамаи чораҳоро меандешад ва ба ҳамаи онҳое, ки дар ҷараёни ҷустуҷӯ иштирок мекунанд, изҳори сипос менамояд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Кремл: Украина посухи ҳамлаҳои ахирашро интизор бошад
Иттиҳоди Аврупо 27 шахс ва ниҳоди марбут ба Русияро таҳрим кард
Иштирок ва суханронии вазири рушди иқтисод ва савдо дар муколамаи шарикони рушд
Президенти Сербистон истеъфо дод