Бозии рӯз: Рақобати мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсалони худ аз Хорватия
Ду фоиз зиёд шудааст. Аҳолии Тоҷикистон ба беш аз 10,8 миллион нафар расид
Қатар довталабони тоҷикро ба таҳсил даъват мекунад
Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) Ҷоми ҷаҳон-2026-ро бо ғалаба оғоз кард
Қатъи қувваи барқ. Имрӯз дар кадом кӯчаву хиёбонҳо барқ нест?
Имрӯз, 11-уми март аз соати 08:00 то 18:00 дар як қисми кӯчаҳои ноҳияҳои Шоҳмансур ва Фирдавсии шаҳри Душанбе қувваи барқ хомӯш карда шуд.
Бинобар иттилои Шабакаҳои тақсимоти барқ дар шаҳри Душанбе қатъи қувваи барқ дар баъзе кӯчаву хиёбонҳои пойтахт ба татбиқи корҳои васлу насби таҷҳизотҳо дар доираи лоиҳаи “Барномаи рушди соҳаи энергетика” рабт дорад.
Манбаъ иттилоъ медиҳад, ки дар ноҳияи Шоҳмансур дар кӯчаҳои Рӯдакӣ (Доми Ватан), Аэрапорт, Мавлоно, Мастогулов ва Айнӣ ва дар ноҳияи Фирдавсӣ дар кӯчаҳои Н. Карабоев, Крупский, Фирдавси, Шохтемур, Гравзавод 2-А, Борбад, Кахоров, 50-солагии Тоҷикистон, Борбад, Деҳотӣ, Гравзавод 3, Ҳусейнзода қувваи барқ хомуш карда шуд.
Инчунин, Шабакаҳои тақсимоти барқи Душанбе афзудааст, ки вобаста ба ҳаҷми корҳои таъмирию профилактики дар баъзе мавридҳо қувваи барқ пеш аз муҳлати нишондодашуда пайваст карда мешавад.
Ёдовар мешавем, ки рӯзҳо 8-ум ва 9-уми март аз соати 08:00 то соати 17:00 дар бархе кӯчаву хибонҳои пойтахт бо ҳамин далел қувваи барқ қатъ шуда буд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Артиши Исроил: Ҳамла ба Эрон метавонад ҷангро дар тамоми минтақа густариш диҳад
Дар Чин як мақоми давлатиро бо иттиҳоми ҷосусӣ ба қатл маҳкум карданд
Аз Душанбе то Хоруғ дар 55 дақиқа. Аввалин парвози Shohin Airlines дар ин хатсайр
Бузургдошти Сино ва Хайём. Бо ташаббуси Тоҷикистон дар ЮНЕСКО чорабиниҳои байналмилалии илмию фарҳангӣ баргузор мегардад