29 Сентябр 2026,
сешанбе, 05:17, Душанбе
10.03.2025 15:55

Чӣ тавр Алишер “Darveshi.tj”-ро фаъол кард ва либосу ҷавоҳироти қадимаи тоҷиконро муаррифӣ мекунад?

Алишер Собиров, муассиси саҳифаи “Darveshi.tj” дар шабакаи “Инстаграм” пайраҳаи аҷиб дорад. Аз синфи чорумӣ дар бозори “Корвон” савдо мекард. Гоҳе ҷавоҳирот мефурухту гоҳи дигар ҷуздони занона. Донишгоҳи молия ва иқтисоди Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисоди ҷаҳон хатм кард, аммо аз рӯи ихтисос кор накард, зеро ҳанӯз вақте ки дар курси дуюм таҳсил мекард, аз бонк қарз маблағ гирифта, дастгоҳи наворбардорӣ харид ва наворбардор шуд. Соли гузашта дар шабакаи “Инстаграм” саҳифаи “Darveshi.tj”-ро фаъол кард ва ҳоло ба тарғиби либосу ҷавоҳироти қадимаи тоҷикон машғул аст.

Ин ҷавони тоҷик ба мо доир ба бурду бохти саҳифаи “Darveshi.tj”, махсусияти як блогери фарҳангӣ ва муаррифгарии фарҳангу тамаддуни тоҷик дар фазои маҷозӣ қисса кард.

- Дарвеш дар луғат бамаънои бенаво, гадо ва қашшоқ омадааст, чаро шумо номи лоиҳаатонро “Дарвешӣ” мондед?

- Дарвеш касест, ки дур аз мардум қашоқона зиндагӣ мекунад. Гӯшанишин аст. Вақте ки ман аз идеяи таъсиси ин гуна студия сухан кушодам, як дӯстам номи “Дарвешӣ”-ро тавсия дод ва ростӣ ба ман дарҳол писанд омад, зеро ин калима хеле кам истифода мешавад ва дар фазои маҷозӣ чунин номгузорӣ ба фоидаи кор аст.

- Шумо ба муаррифии либосу ҷавоҳирот ва умуман фарҳангу тамаддуни тоҷикон сару кор доред, оё чунин ном гузоштани лоиҳа ба коратон таъсири манфӣ намерасонад?

- Фикр мекунам, ки таъсири манфӣ намерасонад, зеро барои корбарони интернет шавқовар аст. Қариб як сол мешавад, ки ман дар фазои маҷозӣ ба тарғиби либосу ҷавоҳироти қадимаи тоҷикон машғулам ва дар ин муддат боре ҳам нисбат ба номи лоиҳа касе эрод нагирифтааст.

- Гуфтед, ки дарвеш каси гӯшанишинро ҳам мегӯянд, оё шумо ҳам чунин хислат доред?

- Бале, ман ба қавле “интроверт”-ам, яъне одамчасп нестам. Шояд яке аз сабабҳое, ки ин номро интихоб кардам, ҳамин мувофиқии ман бошад.

- Ин лоиҳа кай ва чӣ гуна тавлид шуд?

- Соли гузашта ман ба Самарқанд рафта будам. Он ҷо баъзе чизҳоеро дидам, ки бароям нохушоянд буданд. Ҳамон замон ба фикре омадам, ки доир ба либосҳо, ҷавоҳирот, расму оин ва ғайраҳо, ки таърихан аз тоҷикон ҳастанд, бояд дар шабакаҳои иҷтимоӣ муаррифӣ кунам ва барои ҷаҳониён нишон диҳам, ки ҳақиқат ин аст. Дар асри интернет бояд фарҳангу тамаддун ва дороиҳои таърихиамонро ҳар чи бештару хубтар муаррифиву ҳифз кунем. Ҳамин тавр, моҳи апрели соли 2024 ман саҳифаи “Darveshi.tj”-ро фаъол кардам ва то имрӯз ба кори дӯстдоштаам машғулам.

- Корро аз чӣ ва бо чӣ оғоз кардед?

- Корро аз фаъол кардани саҳифа дар шабакаи “Инстаграм” ва бо як гарданбанди модарам оғоз кардам. Вақте ки аз Самарқанд омадам, аз модарам хоҳиш кардам, ки ягон ашёи қадима дошта бошанд, муваққатан ба ман диҳанд. Он кас бо шарте, ки нафурухтан гарданбандашонро доданд. Ҳамин хел, кори ман дар “Darveshi.tj” бо як гарданбанди модарам оғоз шуд.

- Ҳоло ҳам он гарданбанд ҳаст ё ба модаратон баргардондед?

- Он дар дасти ман аст ва нияти баргардондан ҳам надорам, зеро он рамзи ин коргоҳ шудааст. Ҳамчунин, баъди чанде боз чодарашонро ҳам гирифтам.

- Тавре мебинем, дар “Darveshi.tj” либосу ҷавоҳироти қадима хеле зиёд аст, инҳоро чӣ гуна ба даст меоред?

- Дар аввал аз рӯйи китобҳо дақиқ мекунам, ки кадом либос ва кадом ҷавоҳирот моли таърихии тоҷикон ҳастанд. Барои мисол, либосе ё ҷавоҳиротеро ёфтам, баъдан, муайян мекунам, ки онро мардуми кадом минтақа доранд ва аз пайи кор мешавам. Яъне ба шаҳру ноҳияҳо сафар карда, ҷустуҷӯ мекунам ва ҳамин ки пайдо кардам, харида меорам.

- Ҳастанд онҳое, ки барои фурӯхтан розӣ нашаванд?

- Албатта, баъзеҳо розӣ намешаванд, баъзеҳои дигар баръакс, боз ашёҳои иловагӣ медиҳанд, зеро ба фикре ҳастанд, ки ман кори хуб мекунам.

- Ин иқдоми шуморо аҳли оила чӣ гуна қабул карданд?

- Дар аввал хуб қабул накарданд, аммо рафта-рафта фаҳмиданд, ки барои муаррифии фарҳанги тоҷик талош дорам, назарашон дигар шуд.

- Маълум аст, ки шумо дар ин ҷо пул сарф мекунед ва ҳеҷ сарпарасте ҳам надоред. Бигӯед, ки чӣ гуна даромад меёбед?

- Даромадам аз ҳисоби иҷора додани либосу ҷавоҳирот аст. Яъне кори ман се қисм аст: якум, ҷамъоварӣ. Дуюм, тарғиби онҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ. Сеюм, ба иҷора додан.

- Киҳо либосу ҷавоҳироти қадимаро иҷора мегиранд?

- Бисёртар домоду арӯс, ки бо усули қадима фотоссесия мекунанд. Инчунин, ҳоло блогерон ва фаъолони шабакаҳои иҷтимоӣ низ ба либосҳои қадимаи тоҷикӣ таваҷҷуҳ доранд.

- Хориҷиҳо низ ба кори шумо таваҷҷуҳ доранд?

- Бале, аз Амрикову Фаронса ва Эрон омада буданд ва хоҳиши мисли ман наворбардории либосу ҷавоҳироти тоҷикиро доштанд.

- Инчунин, либосу ҷавоҳироти тоҷикиро дар шабакаҳои иҷтимоӣ хеле хуб тарғиб мекунед, аммо чаро наворҳоятон бо забони тоҷикӣ ҳастанд, дар ҳоле ки шумо ният доред ба ҷаҳониён фарҳанги моро муаррифӣ кунед?

- Дуруст аст, ки агар наворҳоро бо забони русӣ кунам, таъсиру аудитория зиёдтар мешавад, аммо бовар кунед, ин хел ҳоло омода нестам, зеро доир ба чанд наворе, ки бо забони руси доштам, гап зиёд шуд.

- Чӣ хел гап зиёд шуд, оё одамоне буданд, ки шарҳи бад менавиштанд?

- Албатта, хеле зиёд буданд. Ҳатто ба ман таҳдид ҳам карданд. Ҳамин суханони ноҷо ва таҳдидҳо буданд, ки ман зиёд аз як моҳ мешавад дигар навор таҳия намекунам.

- Дигар давом намедиҳед?

- Мекунам, аллакай сенарияи чанд наворро навиштаам ва рӯзҳои наздик корамро давом медиҳам.

- Шарҳҳои мусбат чӣ гуна ба шумо таъсир мерасонанд?

- Маҳз ҳамон шарҳҳои мусбат сабаби боз давом додани корам ҳастанд. Ба ман рӯҳияи нав медиҳанд.

- Ин корро шумо танҳо мекунед ё касе ёрӣ мерасонад?

- Не, ҳама корро худам мекунам ва ба ин ҳар кас бовар намекунад?

- Давоми кори “Darveshi.tj” чӣ мешавад?

- Ният дорам корро ҳаҷман калон кунам. Барои мисол, галерия кушоям ва дар хориҷа намояндагиамонро фаъол кунам, то ки ҳам хориҷиён ва ҳам тоҷиконе, ки дар хориҷи кишвар кору зиндагӣ мекунанд, аз либосу ҷавоҳироти қадимаи худамон истифода баранд. Ҳамчунин, кӯшиш мекунам, ки ҳамчун блогери фарҳангӣ худамро муаррифӣ кунам.

Мусоҳиб

Ҳафизуллоҳ ТОҲИРӢ

Хатти хабарҳо

28.09.2026 15:34

Иштирок ва суханронии вазири рушди иқтисод ва савдо дар муколамаи шарикони рушд

Имрӯз, 28-уми сентябр дар шаҳри Улан-Батори Муғулистон вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмон Абдураҳмонзода дар муколамаи шарикони рушд оид ба мусоидат ба рушди савдо, сайёҳӣ ва рақобатпазирии минтақавӣ иштирок ва суханронӣ намуд.
28.09.2026 11:11

Президенти Сербистон истеъфо дод

Александр Вучич, раиси ҷумҳури Сербистон, рӯзи якшанбе аз мақоми худ истеъфо дод ва ба давраи дуюм ва ниҳоии раёсати ҷумҳуриаш пеш аз анҷоми муҳлат хотима бахшид. Истеъфои ӯ роҳро барои баргузории интихоботи пеш аз муҳлати президентӣ боз мекунад.
28.09.2026 10:58

Бо дастури Президент мактаби №6-и шаҳри Хоруғ ба номи Алишери Мирзонабот номгузорӣ мешавад

Имрӯз, 28-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бо роҳбарону фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мулоқот намуданд.
28.09.2026 10:57

Дар ҳашт моҳ 995,2 ҳазор метри мураббаъ хонаи истиқоматӣ сохта ва ба истифода дода шудааст

Давоми ҳашт моҳи соли 2026 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масоҳати 995,2 ҳазор метри мураббаъ хонаи истиқоматӣ сохта ва ба истифода дода шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 34,3 дарсад зиёд мебошад.
28.09.2026 09:08

Раҳбари католикҳои ҷаҳон бар ҷилавгирӣ аз озори ҷинсӣ тавассути аъзои калисо таъкид кард

Поп Леои XIV-ум дар ҷараёни сафараш ба Фаронса, бо қурбониёни озори ҷинсӣ тавассути аъзои калисо дар ин кишвар дидор карда ва ваъда додааст, ки ҷилави ин гуна рафторҳоро дар миёни аъзои калисои католикӣ мегирад.
28.09.2026 08:33

Иштироки Пешвои миллат дар тантанаҳои идона ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Хоруғ

27-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ дар чорабинии тантанавӣ ба ифтихори 35-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
28.09.2026 07:30

Президенти кишвар дар шаҳру ноҳияҳои ВМКБ 90 иншоотро тариқи фосилавӣ ифтитоҳ намуданд

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ 90 иншооти таъиноти гуногунро, ки ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бунёд ёфтаанд, ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд.
28.09.2026 06:29

Дар шаҳри Хоруғ Боғи фарҳангию фароғатии Дуои модар ифтитоҳ шуд

27-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар шаҳри Хоруғ Боғи фарҳангию фароғатии Дуои Модарро мавриди истифода қарор доданд.