Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Озарбойҷон ва чор кишвари Осиёи Марказӣ байни худ низоми пардохти QR ҷорӣ мекунанд
Тоҷикистон ва Қирғизистон хатсайри ҳавоиро дубора роҳандозӣ мекунанд
Тоҷикистону Қирғизистон ба тафоҳум расиданд, ки замони наздик парвозҳои мустақими ҳавоӣ миёни Душанбе ва Бишкекро мунтазам ба роҳ монанд. Ин масъала дар мулоқоти Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон ва Адилбек Касималиев, раиси Девони вазирон - роҳбари Дастгоҳи Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон баррасӣ шуд.
Сарвазирони ду кишвар дар мулоқоти дуҷониба масъалаи густариши ҳамкориҳо дар соҳаи энергетика, тиҷорат ва иқтисодро ба миён гузоштанд.
Зимни мулоқот сарвазирони ду кишвар дар бораи омодагӣ ба вохӯрии сарони се кишвар, ки рӯзи 31 –уми март дар шаҳри Хуҷанд баргузор мегардад, гуфтугӯ карданд.
Ҷонибҳо барои густариши тиҷорат миёни ду кишвар таъкид карданд, ки то соли 2030 гардиши молро ба 500 миллион доллар мерасонанд.
Адилбек Касималиев, раиси Девони вазирон - роҳбари Дастгоҳи Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон субҳи 4-уми март бо сафари кории якрӯза вориди шаҳри Душанбе шуда, бо сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода масъалаҳои ҳамкориҳи ҳамаҷониба миёни ду кишварро мавриди баррасӣ қарор дод.
Дар ин мулоқот Адилбек Касималиев аз истиқболи мақомоти Тоҷикистон изҳори сипос намуда, таъкид кардааст, ки рушди муносибатҳои ҳамсоягии нек бо кишварҳои Осиёи Марказӣ яке аз афзалиятҳои сиёсати хориҷии Қирғизистон мебошад. Адилбек Касималиев паёми шодбошии президенти ин кишвар Содир Ҷабборов ба Эмомалӣ Раҳмон расонид.
Сарвазири Қирғизистон дар ин нишаст таъкид кардааст, ки Қирғизистон омода аст нақши пул байни бозори Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё барои содироти маҳсулоти Тоҷикистонро иҷро кунад. Ҳамчунин, ба омӯзиши таҷрибаи кишоварзии Тоҷикистон таваҷҷуҳ зоҳир кардааст. Ҳарду тараф таъкид кардаанд, ки барои амалӣ шудани тарҳи интиқоли барқи САSА-1000 чора андешанд.
Сарвазирони ду кишвар ҳамкориҳои муваффақ дар доираи ташаббусҳои байналмилалӣ, аз ҷумла дастгирии номзадҳо ба узвияти муваққатии Шурои Амнияти СММ ва ташаббусҳои байналмилалии рушди устувори минтақаҳои кӯҳиро махсус таъкид намуданд.
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода таъкид кард, ки иқтидори бузург барои ба сатҳи нав расонидани ҳамкориҳои Тоҷикистону Қирғизистон вуҷуд дорад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Ноҳияи Данғара барандаи ҷоизаи байналмилалии «Барои шарикии барҷаста бо Чин» шуд
Ислом Махачев: “Рақобати навбатӣ яке аз охирин муҳорибаҳоям аст”
Масъалаи бештар ҷалб кардани қишри ниёзманд ба омӯзиши касбу ҳунар баррасӣ гардид