Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Озарбойҷон ва чор кишвари Осиёи Марказӣ байни худ низоми пардохти QR ҷорӣ мекунанд
Боздошти як гурӯҳи ифротӣ дар Қазоқистон
Мақомоти амниятии Қазоқистон гуфтаанд, ки зимни анҷоми як амлиёт дар шаҳри Остона гурӯҳе аз ифротиёнро дастгир кардаанд, ки мақсадашон ҷалби ҷавонон ба гурӯҳ ва фаъолиятҳои ифротгароӣ будааст.
Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон иттилоъ дод, ки бо ҳамоҳангии ниҳоди прокуратура аъзои як гурӯҳи ифротиро дар шаҳри Остона боздошт кардааст. Тибқи иттилоъи ин ниҳод, дар амалиёт чор нафар аъзои гурӯҳи ифротӣ боздошт шудаанд.
Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон таъкид кардааст, ки онҳо гумонбар ба таблиғи терроризм, созмондиҳӣ ва ширкат дар фаъолиятҳои ифротиву ҷалб намудани тарафдорони нав будаанд.
Зимни кофтуков аз минзили онҳо теъдоде китобҳои мазҳабӣ бо мазмуни ифротгароӣ мусодира шудааст. Дар ҳоли ҳозир тафтишоти ибтидоӣ бо истинод ба моддаҳои 256, 260 ва 404 кодекси ҷиноятии Қазоқистон ҷараён дорад.
“Дигар иттилоот мутобиқи моддаи 201, банди яки кодекси ҷиноии Қазоқистон қобили интишор нест” –мегӯяд Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Ноҳияи Данғара барандаи ҷоизаи байналмилалии «Барои шарикии барҷаста бо Чин» шуд
Ислом Махачев: “Рақобати навбатӣ яке аз охирин муҳорибаҳоям аст”
Масъалаи бештар ҷалб кардани қишри ниёзманд ба омӯзиши касбу ҳунар баррасӣ гардид