5 Октябр 2026,
душанбе, 20:26, Душанбе
01.07.2025 14:14

Қазоқистон расман пӯшидани бурқа ва ниқобро дар ҷойҳои ҷамъиятӣ манъ кард

Ҷумҳурии Қазоқистон бо қабули қонуни нав пӯшондани рӯй, аз ҷумла пӯшидани бурқа ва ниқобро дар ҷойҳои ҷамъиятӣ расман манъ кард.

Рӯзи 30-уми июн президенти Қазоқистон Қосим - Жомарт  Тоқаев қонуни навро ба имзо расонид, ки бар асоси он пӯшидани рӯй бо ҳама навъ либос ва воситаҳо барои таъмини амнияти ҷамъиятӣ ва шинохтани беҳтари шахс дар ҷойҳои ҷамъиятӣ манъ аст. Ин қонун аз сӯйи парлумони Қазоқистон қабул ва ба президенти кишвар пешниҳод шуда буд.

Бар асоси матни қонун пӯшидани бурқа, ниқоб ва дигар либосҳое, ки чеҳраи шахсро комилан пинҳон мекунанд, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла кӯча, бозор, марказҳои савдо ва нақлиёти ҷамъиятӣ манъ аст. Ин қонун бо номи “Дар бораи таъмини шинохти шахсӣ ва тартиботи ҷамъиятӣ” қабул ва расман мавриди иҷро қарор гирифт.

Дар қонун оиди пӯшондани чеҳра истисноҳое низ муайян шудааст. Дар он зикр шудааст, ки истифодаи ниқобҳои тиббӣ, таҷҳизоти муҳофизатӣ ва пӯшидани рӯй барои муҳофизат аз обу ҳавои сард дар ҳолате иҷоза дода мешавад, ки чеҳра қисман намоён бошад.

Мақомоти қазоқ таъкид кардаанд, ки барои вайрон кардани талаботи қонун ҷарима дар ҳаҷми аз 10 то 50 ҳазор танга ва дар сурати такрори дубораи қонуншиканӣ ҷавобгарии ҷиноӣ, дар шакли корҳои ислоҳӣ пешбинӣ шудааст.

Ержан Саденов, вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Қазоқистон дар шарҳи қонуни мазкур гуфт, ки ин қонун “қадами муҳим барои амнияти ҷомеа” аст ва “агар шахс чизе барои пинҳон кардан надошта бошад, пас чаро бояд рӯйшро пӯшонад?”

Қосим-Жомарт Тоқаев низ дар шарҳи қонун чунин гуфта буд: “Мо бояд фарҳанги миллии худро эҳтиром намоем ва ҷомеаи кушод ва боэътимодро ҳифз кунем. Пӯшидани рӯй метавонад амнияти ҷамъиятиро зери хатар гузорад ва ҳиссиётро дар миёни мардум тағйир диҳад”.

Гуфта мешавад, ки қонуни қабулшудаи Қазоқистон бар асоси таҷрибаи баъзе аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон қабул шудааст. Ҳамчунин, баъзе аз кишварҳои ғарбӣ, аз ҷумла Фаронса, Нидерландия ва Дания низ бо қабули қонун бастани ниқоб ва бурқа дар ҷойҳои ҷамъиятиро манъ кардаанд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

05.10.2026 16:54

Лавров: “Хостори ҳамкории баробар ва бар пояи манфиатҳои мутақобил бо Толибон ҳастем”

Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷаи Русия, дар оғози ҳаштумин нишасти “Формати Маскав” дар бораи Афғонистон гуфтааст, ки кишварҳои ширкаткунанда хостори ҳамкории баробар ва бар пояи манфиатҳои мутақобил бо Толибон ҳастанд.
05.10.2026 16:50

Лавров: “Маъмулоти баъдии кумакҳои башардӯстона то ду моҳи дигар ба Афғонистон мерасад”

Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷаи Русия, дар ҳаштумин нишасти “Формати Маскав” дар бораи Афғонистон эълом кард, ки маъмулоти баъдии кумакҳои башардӯстонаи ин кишвар тайи як то ду моҳи оянда ба Афғонистон ирсол хоҳад шуд.
05.10.2026 15:41

Бонки осиёии рушд барои беҳтар кардани низоми нафақа 20,5 миллион доллар грант ҷудо мекунад

Барои беҳтар кардани системаи нафақа, рақамикунонии хизматрасониҳои иҷтимоӣ, тақвият додани ҳифзи молиявии гурӯҳҳои осебпазир барои Тоҷикистон Бонки осиёии рушд 20 миллион доллар грант ҷудо мекунад.
05.10.2026 14:22

Бонки миллӣ аз навъи нави қаллобӣ ҳушдор дод

Бонки миллии Тоҷикистон бо нашри иттилоияе хабар дод, ки вақтҳои охир қаллобон тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ, паёмрасонҳои «Telegram», «WhatsApp» ва дигар воситаҳои алоқа файлҳои зараровар дар формати «.apk» паҳн менамоянд.
05.10.2026 11:37

Қолибоф: “Эрон ҳам меҷангад ва ҳам музокира мекунад”

Муҳаммабоқир Қолибоф, раиси Маҷлис (парлумон)-и Эрон гуфт, ки Теҳрон ҳамзамон бо идома ёфтани ҷанг ё муқовимати низомӣ аз абзори дипломатӣ истифода хоҳад кард. Ӯ гуфт, то замоне, ки ҳафт шарти Эрон тибқи “Тавофуқномаи Исломобод” иҷро нашавад, тангаи Ҳурмуз боз нахоҳад шуд.