Трамп: “Дар куштани роҳбарони Эрон зиёдаравӣ кардем / Ҳоло бо кӣ гуфтугӯ кунем”
Фишори Трамп бар Зеленский: “Ба фикри тавофуқ бо Путин бош”
Артиши Яман аз сарнагун кардани паҳподи “Винг Лунг-2” хабар дод
Садамаи қатора дар Покистон: 4 нафар кушта ва 30 тани дигар захмӣ шуданд
Маскав: ҳузури дубораи Амрико дар Афғонистон ба кишварҳои минтақа таҳдид аст
Федератсияи Русия ҳушдор дод, ки эҳтимолан барқарор шудани пойгоҳҳо ва зерсохторҳои низомии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Афғонистон метавонад ба амнияти кишварҳои минтақа таъсири манфӣ расонад.
Мақомоти Русия гуфтаанд, ки дар гуфтугӯҳо бо муқомоти гурӯҳи террористии Толибон масъалаи пешгирӣ аз ҳузури дубораи неруҳои кишварҳои берун аз минтақаро пайгирӣ менамоянд.
Адександр Венедиктов, муовини дабири Шурои амнияти Федератсияи Русия гуфт, Амрико имконияти боз гардондани инфрасохтори низомии худ дар қаламрави Афғонистонро баррасӣ мекунад. Ӯ ҳузури дубора ва эҳтимолии низомиёни амрикоӣ дар хоки Афғонистонро омили нигарокунанда барои кишварҳои минтақа медонад. Ба гуфтаи ӯ, таъсис ёфтани пойгоҳи низомии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Афғонистон метавонад ҳамаи кишварҳои ҳамсояро ба мушкилоти амниятӣ рӯбарӯ созад.
Муовини дабири Шурои амнияти Федератсияи Русия ба тамосҳои Маскав бо мақомоти Афғонистон дар робита ба масъалаҳои амниятӣ ишора намуд. Ӯ гуфт, ки ин гуфтугӯҳо, барои пешгирӣ аз бозгашти неруҳои амрикоӣ ба хоки Афғонистон анҷом дода мешавад.
Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар соли 2021 неруҳои худро аз Афғонистон хориҷ намуд. Баъди хуруҷи неруҳои амрикоӣ назорати Афғонистон дар ихтиёри гурӯҳи террористии Толибон қарор гирифт.
Эҳтимоли бозгашти дубораи неруҳои амрикоӣ ба хоки Афғонистон метавонад ба яке аз масъалаҳои баҳсбарангези муносибатҳои Маскав бо Вашингтон ва кишварҳои минтақа табдил ёбад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Даври сенздаҳуми машваратҳои сиёсӣ миёни Тоҷикистону Австрия баргузор гардид
Масъалаи бунёди захираи боэътимоди матнҳои тоҷикӣ дар фазои рақамӣ баррасӣ шуд
“Атлантик” мегӯяд ҷанги Эрон Трампро “хашмгин” ва “фалаҷ” кардааст
Маскав: ҳузури дубораи Амрико дар Афғонистон ба кишварҳои минтақа таҳдид аст