Иддаои Бен-Гвир: “Кулли Ғазза аз они мост”
Кишварҳои Осиёи Марказӣ обро тақим карданд, вале кадом кишвар чӣ қадар мегирад пӯшида боқӣ мондааст
Путин дар суҳбати телефонӣ бо Трамп гуфтааст роҳи созиш бо Эрон ҳанӯз баста нашудааст
Ҳамлаи мушакии ҳусиҳо ба фурудгоҳи Эр- Риёз. 12 нафар кушта ва 309 нафар захмӣ шудаанд
Путин дар суҳбати телефонӣ бо Трамп гуфтааст роҳи созиш бо Эрон ҳанӯз баста нашудааст
Владимир Путин, президенти Федератсияи Русия дар суҳбати телефонӣ бо Доналд Трамп, президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба зарурати ҳалли ихтилофҳо бо роҳи дипломатӣ таъкид намудааст. Дар ин бора, Юрий Ушаков, ёрдамчии Президенти Русия хабар додааст.
Юрий Ушаков гуфтааст, ки Маскав барои идомаи дипломатия омода аст ва имкониятҳои ҳалли осоиштаи ихтилофҳо бо Теҳрон ҳанӯз ба охир нарасидаанд.
Тибқи гуфтаи ӯ, масъалаи мулоқоти алоҳидаи Путину Трамп ҳанӯз мушаххас нашудааст, вале эҳтимол дорад, ки онҳо дар ҳошияи нишасти сарони Созмони ҳамкории иқтисодии Осиё ва Уқёнуси Ором мулоқот намоянд.
Дар ин тамос роҳбари ду кишвар, масъалаи таъмини бозорҳои ҷаҳонӣ бо маҳсулоти нафтиро низ баррасӣ кардаанд. Доналд Трамп иддао намудааст, ки Русия дар мавриди интиқоли сӯзишвории дизелӣ ба бозорҳои Амрико ва ҷаҳон ба созиш расидааст.
Дар ҳамин ҳол, Вазорати молияи ИМА низ муҷаввизи содироти муваққатии сӯзишвории Русия ба бозорҳои ҷаҳонро содир намудааст. Амрико дар пайи ин созиш, умедвор аст, ки пешниҳоди сӯзишвории Русия ба бозорҳои ҷаҳон боиси коҳиши нархи он дар бозорҳо хоҳад шуд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Иттиҳоди Аврупо таҳримҳо алайҳи Русияро бо иловаи 1900 мавриди нав густариш медиҳад
Соро Муҳаммад: Романи “Сармаддеҳ”-и Баҳманёр бо забони арабӣ нашр мешавад. Ман дар бораи ин роман рисолаи докторӣ дифоъ намудам
Иддаои Бен-Гвир: “Кулли Ғазза аз они мост”
Тағйири мавқеи Трамп дар қиболи Украина: Аврупо аз таҳияи стратегияи мустақили сулҳ мегӯяд