9 Октябр 2026,
ҷумъа, 19:13, Душанбе
09.10.2026 17:06

Шабакаи иҷтимоии бузургтарини Русия аз Иттиҳоди Аврупо ба додгоҳ шикоят бурд

Ширкати “ВКонтакте” (VK), ки соҳиби яке аз бузургтарин шабакаҳои иҷтимоӣ ва паёмрасонҳои Русия бо ҳамин ном аст, алайҳи Шурои Иттиҳоди Аврупо ба додгоҳ шикоят бурдааст. Ширкат таҳримҳои ҷоришударо ғайриқонунӣ ва беасос хонда, хостори лағви онҳо шудааст.

Ба гузориши расонаҳои Русия, ширкати VK рӯзи ҷумъа эълон кард, ки рӯзи чоршанбе, 7-уми октябр, шикояти худро расман ба Додгоҳи умумии Иттиҳоди Аврупо, воқеъ дар Люксембург, пешниҳод кардааст. Ин додгоҳ яке аз ниҳодҳои низоми додгоҳии Иттиҳоди Аврупо мебошад.

Чаро Иттиҳоди Аврупо VK-ро таҳрим кард?

Иттиҳоди Аврупо моҳи июли соли 2026 ширкати VK-ро ба феҳристи таҳримҳои зидди Русия ворид карда буд.

Ба гузориши манбаъ, иттиҳомҳои матраҳшуда алайҳи ин ширкат ҳамкорӣ дар назорати давлатии фазои маҷозӣ, масдуд кардани абзорҳои иртиботӣ ва иштирок дар паёмрасони миллии “Макс”-ро дар бар мегиранд.

Ширкати “VK” ин таҳримҳоро ғайриқонунӣ ва беасос медонад ва аз додгоҳ хостааст, ки барои лағви онҳо қарор қабул кунад.

Барномаҳои “VK” ва “Макс” аз Google Play ҳазф шуданд

Пас аз ҷорӣ шудани таҳримҳо, барномаҳои “VK” ва “Макс” аз мағозаи барномаҳои “Google” ҳазф шуданд.

Ин иқдом дастрасии корбарон ба ин барномаҳоро тавассути ин мағозаи нармафзор маҳдуд кард.

Русия мегӯяд, ки таҳримҳои зиёде алайҳи он ҷорӣ шудаанд

Мақомоти Русия қаблан эълон карда буданд, ки кишварашон аз лиҳози шумораи таҳримҳо дар ҷаҳон дар мақоми аввал қарор дорад. Ба гуфтаи онҳо, то кунун тақрибан 30 ҳазор таҳрим алайҳи Маскав ҷорӣ шудааст.

Қисми зиёди ин таҳримҳо пас аз оғози амалиёти низомии Русия дар Украина қабул шудаанд.

Ҳоло натиҷаи баррасии шикояти ширкати “VK” дар Додгоҳи умумии Иттиҳоди Аврупо маълум нест.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

09.10.2026 16:28

Пешвои миллат дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои ИДМ суханронӣ карданд

Имрӯз, 9-уми октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои ИДМ, ки дар минтақаи Авазаи Туркманистон баргузор шуд, иштирок ва суханронӣ намуданд.
09.10.2026 18:40

Намояндагони вижаи Трамп барои гуфтугӯ бо Путин ба зудӣ ба Маскав мераванд

Манобеи амрикоӣ гуфтаанд, ки Стив Уиткофф, намояндаи вижаи Амрико ва Ҷаред Кушнер, домоди раиси ҷумҳури ин кишвар, дар охири моҳи ҷорӣ ба Русия мераванд, то бо Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, дар бораи расидан ба созиши оташбас дар ҷанги Украина музокира кунанд.
09.10.2026 18:33

Ҷоизаи сулҳи Нобел дар соли 2026 ба “Навӣ” Пиллэй, ҳуқуқшиноси маъруфи Африқои Ҷанубӣ дода шуд

Кумитаи ҷоизаи Нобели Норвегия Ҷоизаи сулҳи Нобел дар соли 2026-ро ба ифтихори талошҳои Навӣ Пиллэй, ҳуқуқшиноси маъруфи Африқои Ҷанубӣ, ки барои пешбурди сулҳ ва ҳуқуқи байналмилалӣ талошҳои зиёде кардааст, тақдим намуд.
09.10.2026 17:06

Шабакаи иҷтимоии бузургтарини Русия аз Иттиҳоди Аврупо ба додгоҳ шикоят бурд

Ширкати “ВКонтакте” (VK), ки соҳиби яке аз бузургтарин шабакаҳои иҷтимоӣ ва паёмрасонҳои Русия бо ҳамин ном аст, алайҳи Шурои Иттиҳоди Аврупо ба додгоҳ шикоят бурдааст. Ширкат таҳримҳои ҷоришударо ғайриқонунӣ ва беасос хонда, хостори лағви онҳо шудааст.
09.10.2026 16:56

Номзад ба Сенати Амрико: Исроил қонунҳои ҷанг ва ҳуқуқи байналмилалиро нақз кардааст

Ҷон Оссофф, сенатори демократи иёлати Ҷорҷия ва номзад ба интихоботи миёндавраии Сенати Амрико, мегӯяд, ки неруҳои Исроил дар Навори Ғазза қоидаҳои ҷанг ва ҳуқуқи байналмилалии башардӯстонаро нақз кардаанд. Ӯ хостори баррасии эҳтимоли наслкушӣ дар Ғазза аз ҷониби Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ шудааст.
09.10.2026 15:43

Гузориши Вазорати корҳои хориҷии Амрико дар бораи қочоқи инсон: “Бачабозӣ” дар миёни Толибон идома дорад

Гузориши нави Вазорати корҳои хориҷии Амрико дар бораи қочоқи инсон нишон медиҳад, ки “бачабозӣ” ё истифодаи ҷинсӣ аз кӯдакон дар миёни аъзо ва ҷангҷӯёни гурӯҳи террористии Толибон идома дорад.
09.10.2026 15:38

Гузориши Вазорати корҳои хориҷии Амрико дар бораи қочоқи инсон: Толибон кӯдаконро ба ҳайси сарбоз ҷалб мекунанд

Гузориши нави Вазорати корҳои хориҷии Амрико дар бораи қочоқи инсон нишон медиҳад, ки гурӯҳи террористии Толибон аз кӯдакон ба ҳайси сарбоз барои амалиётҳои ҷангӣ истифода мекунанд.
09.10.2026 10:25

Вазъи саломатии ҳамсари Николас Мадуро дар зиндони Амрико бад шудааст

Вакилони дифои Силия Флорес, ҳамсари президенти пешини Венесуэла Николас Мадуро, аз вазъи саломатии ӯ дар зиндони Амрико изҳори нигаронӣ кардаанд. Ба гуфтаи онҳо, Флорес метавонад ба ҷарроҳии қалб ниёз дошта бошад ва бояд ба ҳабси хонагӣ интиқол дода шавад.
09.10.2026 09:10

Ҳунарманди маъруфи синамои Ҳиндустон Нана Патекар дар синни 75-солагӣ даргузашт

Нана Патекар, ҳунарманди маъруфи синамои Ҳиндустон, ки бо нақшофариҳои таъсиргузораш дар филмҳои Болливуд ва театр шуҳрат дошт, рӯзи панҷшанбе дар синни 75-солагӣ даргузашт.
09.10.2026 08:58

Дар Туркманистон Фестивали таомҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва намоиши маҳсулоти саноатию кишоварзӣ доир шуд

8-уми октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи сайёҳии миллии Авазаи Туркманистон якҷо бо дигар сарони давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз Фестивали таомҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва намоиши маҳсулоти саноатию кишоварзии давлатҳо боздид намуданд.
09.10.2026 07:56

Сарвари давлат бо Президенти Туркманистон Сердар Бердимухамедов мулоқот намуданд

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи Аваза бо Президенти Туркманистон муҳтарам Сердар Бердимухамедов мулоқот намуданд.