9 Октябр 2026,
ҷумъа, 19:13, Душанбе
09.10.2026 10:25

Вазъи саломатии ҳамсари Николас Мадуро дар зиндони Амрико бад шудааст

Вакилони дифои Силия Флорес, ҳамсари президенти пешини Венесуэла Николас Мадуро, аз вазъи саломатии ӯ дар зиндони Амрико изҳори нигаронӣ кардаанд. Ба гуфтаи онҳо, Флорес метавонад ба ҷарроҳии қалб ниёз дошта бошад ва бояд ба ҳабси хонагӣ интиқол дода шавад.

Ба гузориши расонаҳо, вакилони Флорес қарор аст рӯзи панҷшанбе дар додгоҳе дар Ню-Йорк дархости озод кардани ӯ аз зиндон ва интиқолаш ба ҳабси хонагиро матраҳ кунанд.

Флореси 69-сола ҳамроҳи шавҳараш аз аввали моҳи январ дар боздоштгоҳи Метрополитен дар Бруклини Ню-Йорк нигаҳдорӣ мешавад. Онҳо дар ҷараёни амалиёти шабонаи неруҳои Амрико дар Каракас, пойтахти Венесуэла, боздошт ва ба Иёлоти Муттаҳида интиқол дода шуданд.

Вазъи саломатӣ нигаронкунанда аст

Вакилони Флорес мегӯянд, ки ӯ бо мушкилоти ҷиддии саломатӣ рӯ ба рӯст ва шароити зиндон барои табобати муассири ӯ муносиб нест.

Ба гуфтаи онҳо, ба Флорес иттилоъ додаанд, ки мумкин аст ба ҷарроҳии қалб ниёз дошта бошад. Ӯ ҳамчунин, аз сарчархӣ ва тангии нафас ранҷ мебарад ва эҳтимол дорад моҳи июл ба сактаи сабуки қалб гирифтор шуда бошад.

Вакилонаш гуфтаанд, ки Флорес аз замони интиқол ба боздоштгоҳи Метрополитен тақрибан 11 кило, вазн кам кардааст.

Онҳо ҳамчунин, изҳор доштаанд, ки Флорес ҳангоми амалиёти низомии Амрико осеб дидааст. Ба гуфтаи вакилонаш, ӯро ба девор ё ҷевон задаанд ва дар натиҷа дар баданаш доғҳои доимӣ боқӣ мондаанд.

Вакилони дифоъ пешниҳод кардаанд, ки Флорес ба ҷойи идомаи боздошт дар зиндон, дар як манзил дар Ню-Йорк зиндагӣ кунад ва таҳти назорати шабонарӯзии неруҳои амниятӣ қарор дошта бошад.

Додситонҳо ба озодии ӯ мухолифанд

Бо вуҷуди нигарониҳо аз вазъи ҷисмонии Флорес, додситонҳои Амрико бо дархости озод кардани ӯ мухолифат кардаанд.

Онҳо дар санади додгоҳӣ иддао кардаанд, ки озодии Флорес метавонад хатари ҷиддии фирор ва хатаре барои ҷомеа ба вуҷуд орад. Додситонҳо ҳамчунин, гуфтаанд, ки ҳар бор Флорес ба ёрии тиббӣ ниёз пайдо кардааст, ӯро аз зиндон ба беморхонаи маҳаллӣ интиқол додаанд.

Мадуро ва ҳамсараш иттиҳомҳоро рад мекунанд

Мақомоти Амрико Мадуро ва Флоресро ба иштирок дар тавтиа барои интиқоли кокаин ба Иёлоти Муттаҳида муттаҳам мекунанд. Дар сурати маҳкум шудан, онҳо метавонанд ба ҳабси якумрӣ маҳкум шаванд.

Мадуро ва ҳамсараш иттиҳомҳоро рад карда, худро бегуноҳ эълон кардаанд. Вакилони онҳо ҳамчунин, хостори қатъи парванда шудаанд ва мегӯянд, ки Мадуро ва Флорес ба ҳайси раҳбари як кишвари хориҷӣ ва бонуи аввали он аз масуният бархӯрдор будаанд.

Мадуро боздошти худро “одамрабоӣ” номида, худро “асири ҷангӣ” хондааст.

Вакилони Флорес дар посух ба нигарониҳои додситонҳо гуфтаанд, ки ӯ хатари фирор надорад, зеро мехоҳад аз шавҳараш ҳимоят кунад ва ҳамеша дар канори ӯ бошад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

09.10.2026 16:28

Пешвои миллат дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои ИДМ суханронӣ карданд

Имрӯз, 9-уми октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои ИДМ, ки дар минтақаи Авазаи Туркманистон баргузор шуд, иштирок ва суханронӣ намуданд.
09.10.2026 18:40

Намояндагони вижаи Трамп барои гуфтугӯ бо Путин ба зудӣ ба Маскав мераванд

Манобеи амрикоӣ гуфтаанд, ки Стив Уиткофф, намояндаи вижаи Амрико ва Ҷаред Кушнер, домоди раиси ҷумҳури ин кишвар, дар охири моҳи ҷорӣ ба Русия мераванд, то бо Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, дар бораи расидан ба созиши оташбас дар ҷанги Украина музокира кунанд.
09.10.2026 18:33

Ҷоизаи сулҳи Нобел дар соли 2026 ба “Навӣ” Пиллэй, ҳуқуқшиноси маъруфи Африқои Ҷанубӣ дода шуд

Кумитаи ҷоизаи Нобели Норвегия Ҷоизаи сулҳи Нобел дар соли 2026-ро ба ифтихори талошҳои Навӣ Пиллэй, ҳуқуқшиноси маъруфи Африқои Ҷанубӣ, ки барои пешбурди сулҳ ва ҳуқуқи байналмилалӣ талошҳои зиёде кардааст, тақдим намуд.
09.10.2026 17:06

Шабакаи иҷтимоии бузургтарини Русия аз Иттиҳоди Аврупо ба додгоҳ шикоят бурд

Ширкати “ВКонтакте” (VK), ки соҳиби яке аз бузургтарин шабакаҳои иҷтимоӣ ва паёмрасонҳои Русия бо ҳамин ном аст, алайҳи Шурои Иттиҳоди Аврупо ба додгоҳ шикоят бурдааст. Ширкат таҳримҳои ҷоришударо ғайриқонунӣ ва беасос хонда, хостори лағви онҳо шудааст.
09.10.2026 16:56

Номзад ба Сенати Амрико: Исроил қонунҳои ҷанг ва ҳуқуқи байналмилалиро нақз кардааст

Ҷон Оссофф, сенатори демократи иёлати Ҷорҷия ва номзад ба интихоботи миёндавраии Сенати Амрико, мегӯяд, ки неруҳои Исроил дар Навори Ғазза қоидаҳои ҷанг ва ҳуқуқи байналмилалии башардӯстонаро нақз кардаанд. Ӯ хостори баррасии эҳтимоли наслкушӣ дар Ғазза аз ҷониби Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ шудааст.
09.10.2026 15:43

Гузориши Вазорати корҳои хориҷии Амрико дар бораи қочоқи инсон: “Бачабозӣ” дар миёни Толибон идома дорад

Гузориши нави Вазорати корҳои хориҷии Амрико дар бораи қочоқи инсон нишон медиҳад, ки “бачабозӣ” ё истифодаи ҷинсӣ аз кӯдакон дар миёни аъзо ва ҷангҷӯёни гурӯҳи террористии Толибон идома дорад.
09.10.2026 15:38

Гузориши Вазорати корҳои хориҷии Амрико дар бораи қочоқи инсон: Толибон кӯдаконро ба ҳайси сарбоз ҷалб мекунанд

Гузориши нави Вазорати корҳои хориҷии Амрико дар бораи қочоқи инсон нишон медиҳад, ки гурӯҳи террористии Толибон аз кӯдакон ба ҳайси сарбоз барои амалиётҳои ҷангӣ истифода мекунанд.
09.10.2026 10:25

Вазъи саломатии ҳамсари Николас Мадуро дар зиндони Амрико бад шудааст

Вакилони дифои Силия Флорес, ҳамсари президенти пешини Венесуэла Николас Мадуро, аз вазъи саломатии ӯ дар зиндони Амрико изҳори нигаронӣ кардаанд. Ба гуфтаи онҳо, Флорес метавонад ба ҷарроҳии қалб ниёз дошта бошад ва бояд ба ҳабси хонагӣ интиқол дода шавад.
09.10.2026 09:10

Ҳунарманди маъруфи синамои Ҳиндустон Нана Патекар дар синни 75-солагӣ даргузашт

Нана Патекар, ҳунарманди маъруфи синамои Ҳиндустон, ки бо нақшофариҳои таъсиргузораш дар филмҳои Болливуд ва театр шуҳрат дошт, рӯзи панҷшанбе дар синни 75-солагӣ даргузашт.
09.10.2026 08:58

Дар Туркманистон Фестивали таомҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва намоиши маҳсулоти саноатию кишоварзӣ доир шуд

8-уми октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи сайёҳии миллии Авазаи Туркманистон якҷо бо дигар сарони давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз Фестивали таомҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва намоиши маҳсулоти саноатию кишоварзии давлатҳо боздид намуданд.
09.10.2026 07:56

Сарвари давлат бо Президенти Туркманистон Сердар Бердимухамедов мулоқот намуданд

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи Аваза бо Президенти Туркманистон муҳтарам Сердар Бердимухамедов мулоқот намуданд.