Шабакаи иҷтимоии бузургтарини Русия аз Иттиҳоди Аврупо ба додгоҳ шикоят бурд
Гузориши Вазорати корҳои хориҷии Амрико дар бораи қочоқи инсон: “Бачабозӣ” дар миёни Толибон идома дорад
Гузориши Вазорати корҳои хориҷии Амрико дар бораи қочоқи инсон: Толибон кӯдаконро ба ҳайси сарбоз ҷалб мекунанд
Вазъи саломатии ҳамсари Николас Мадуро дар зиндони Амрико бад шудааст
Ҳунарманди маъруфи синамои Ҳиндустон Нана Патекар дар синни 75-солагӣ даргузашт
Нана Патекар, ҳунарманди маъруфи синамои Ҳиндустон, ки бо нақшофариҳои таъсиргузораш дар филмҳои Болливуд ва театр шуҳрат дошт, рӯзи панҷшанбе дар синни 75-солагӣ даргузашт.
Расонаҳои Ҳиндустон рӯзи панҷшанбе, 8-уми октябр, гузориш доданд, ки Патекар субҳи имрӯз дар хонааш дар Гоа беҳуш пайдо шуда, талошҳои табибон барои наҷоти ӯ натиҷа надодаанд.
Бар асоси гузориш, табибон гуфтаанд, ки Патекар бар асари сактаи қалб ҷон додааст.
Патекар бо номи аслии Вишвонат Патекар дар иёлати Маҳараштра ба дунё омада, фаъолияти ҳунарии худро аз театр оғоз карда буд.
Патекар дар даҳаҳои 1970 ва 1980 дар чандин филми ҳунарии Ҳиндустон нақш офаридааст, ки аз ҷумла метавон ба филми «Салом Бомбай» ишора кард. Пас аз он, ӯ ба ҷараёни асосии синамои Болливуд ворид шуд.
Патекар дар тӯли фаъолияти ҳунарии худ нақшҳои гуногунро иҷро карда, дар баробари ҳунармандоне чун Амитабх Баччан ва Шоҳрух Хон ҳунарнамоӣ кардааст.
Нақшофариҳои пурқувват ва муколамаҳои таъсиргузори ӯ ҳамчунин, ҷоизаҳои сершумори миллӣ ва минтақавиро барояш ба армуғон овардаанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Пешвои миллат дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои ИДМ суханронӣ карданд
Намояндагони вижаи Трамп барои гуфтугӯ бо Путин ба зудӣ ба Маскав мераванд
Ҷоизаи сулҳи Нобел дар соли 2026 ба “Навӣ” Пиллэй, ҳуқуқшиноси маъруфи Африқои Ҷанубӣ дода шуд
Шабакаи иҷтимоии бузургтарини Русия аз Иттиҳоди Аврупо ба додгоҳ шикоят бурд