Лавров: “Паёмадҳои иқтисодии ҷанг алайҳи Эрон ҷаҳонӣ аст”
Эътирозҳо дар Фаронса ба рӯзи 14-ум расиданд
Рубио: “Узвияти Украина дар НАТО дар ҳоли ҳозир матраҳ нест”
Як шаҳрванди Афғонистон дар Амрико ба иттиҳоми сӯиистифодаи ҷинсӣ аз кӯдакон ба 35-соли зиндон маҳкум шуд
53 дарсади украинҳо мегӯянд Зеленский бояд танҳо як давра президент бошад
Натиҷаи як назарсанҷии тоза дар Украина нишон медиҳад, ки 53 дарсади сокинони ин кишвар мехоҳанд давраи раёсати ҷумҳурии Владимир Зеленский ба ҳамин давраи кунунӣ маҳдуд шавад. Яъне, беш аз нисфи пурсидашудагон намехоҳанд ӯ дар интихоботи баъдии президентӣ ширкат кунад.
Ин назарсанҷиро Институти байналмилалии ҷомеашиносии Киев (КМІС) анҷом додааст. Бар асоси натиҷаҳо, 42 дарсад гуфтаанд, ки Зеленский бояд дар интихоботи навбатии президентӣ ширкат кунад ва 5 дарсад ҳанӯз дар ин бора тасмим нагирифтаанд.
Натиҷаи кунунӣ нисбат ба моҳи декабри соли 2025 тағйир ёфтааст. Он замон 46 дарсади пурсидашудагон ҷонибдори он буданд, ки Зеленский танҳо як давра президент бошад. Ҳоло ин нишондиҳанда ба 53 дарсад расидааст. Ҳамзамон, ҳиссаи онҳое, ки мехоҳанд ӯ дубора номзад шавад, аз 45 дарсад ба 42 дарсад коҳиш ёфтааст.
Назарсанҷӣ аз 12 то 21-уми сентябри соли 2026 тавассути суҳбатҳои телефонӣ анҷом шуда, дар он 1002 шаҳрванди болиғи Украина иштирок кардаанд. Пурсиш дар манотиқи таҳти назорати ҳукумати Украина гузаронида шудааст.
Институт ҳамчунин, таъкид кардааст, ки дар шароити ҷанг омилҳои иловагӣ метавонанд ба натиҷаҳои назарсанҷӣ таъсир расонанд. Бо ин вуҷуд, КМІС натиҷаҳоро барои арзёбии афкори ҷомеаи Украина қобили истифода медонад.
Ба ин тартиб, назарсанҷии нав нишон медиҳад, ки мавқеи ҷомеаи Украина дар бораи иштирок ё иштирок накардани Зеленский дар интихоботи оянда яксон нест, аммо дар ҳоли ҳозир аксари пурсидашудагон ҷонибдори маҳдуд шудани раёсати ӯ ба як давра ҳастанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Кимиё Хотун: духтари Мавлоно ё зани фаромӯшшуда. Издивоҷи ӯ бо Шамси Табрезӣ ба як “сирри таърихӣ” табдил ёфт?
Лавров: “Паёмадҳои иқтисодии ҷанг алайҳи Эрон ҷаҳонӣ аст”
Эътирозҳо дар Фаронса ба рӯзи 14-ум расиданд
Рубио: “Узвияти Украина дар НАТО дар ҳоли ҳозир матраҳ нест”