7 Октябр 2026,
чоршанбе, 17:33, Душанбе
03.10.2026 12:07

Сарвазири Қатар: “Эрон ҳамсояи Қатар аст ва ҳамеша чунин боқӣ хоҳад монд”

Муҳаммад ибни Абдурраҳмон Оли Сонӣ, сарвазир ва вазири корҳои хориҷии Қатар гуфт, ки Эрон ҳамсояи Қатар аст ва ҳамеша чунин боқӣ хоҳад монд.

Ӯ дар суҳбат бо журналист Пирс Морган афзуд, ки Қатар ва Эрон даҳсолаҳо бо эҳтироми мутақобил муносибат доштаанд.

Тибқи гуфтаи ӯ, ҳарчанд таҳримҳо сатҳи ҳамкории ду кишварро маҳдуд кардаанд, Қатар талош намудааст, ки муносибатҳои ҳамсоягиро бо Эрон нигоҳ дорад.

“Мо ба ҷое намеравем ва онҳо ҳам ба ҷое намераванд”- таъкид кардааст сарвазири Қатар.

Муҳаммад ибни Абдурруҳамон Оли Сонӣ ҳамзамон эътироф намудааст, ки миёни ду кишвар дар тӯли даҳсолаҳо дар масъалаи сиёсӣ ихтилофҳои зиёд вуҷуд доштааст.

Сарвазири Қатар иттиҳомҳои дахолат ба сиёсати Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро рад кардааст. Вай аз маъракаҳои иттилоотӣ бар зидди Қатар интиқод намуда, афзудааст, ки талошҳо барои таҳриф кардани воқеият ба нафъи гурӯҳҳои муайян сурат мегирад.

Ба гуфтаи ӯ, расонаҳои Исроил қаблан дар хусуси оғози як маърака бар зидди Қатар гузориш дода буд. Сарвазири Қатар, инчунин, ба нақши кишвараш дар талошҳои миёнҷигарӣ барои поён додани ҷанги Ғазза таъкид намудааст.

Бенямин Нетаняҳу иддао кардааст, ки ҳампаймононаш талошҳои миёнҷигари Қатарро барои хотима додан ба ҷанг халалдор кардаанд.

Сарвазири Қатар гуфтааст: “Мо Ихвон-ул-муслимин ва ҳаракатҳои ИМА-ро маблағгузорӣ намекунем ва чунин иттиҳомҳо беасос аст”.

Ӯ гуфт, агар Қатар воқеан ба воситаи сармоягузорӣ ва нуфуз дар донишгоҳҳои ИМА чунин таъсири густурда дошта бошад, пас мебоист Вашингтон ин кишварро яке аз муҳимтарин гирандагони кумаки худ медонист.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

07.10.2026 17:20

Вазири рушди иқтисод ва савдо бо намояндаи Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Корея мулоқот намуд

7-уми октябр вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмон Абдураҳмонзода бо директори иҷроияи Департаменти барномаи роҳбарони ҷаҳонии Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Корея (KOICA) Ким Ён Ран вохӯрӣ намуд.
07.10.2026 16:19

Дастоварди табибони тоҷик: Аввалин бор дар кишвар ба як бемор рагҳои хунгарди сунъӣ гузошта шуд

Дар Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо аввалин маротиба дар кишвар ба як бемор, ки бо аневризмаи қисми камонак ва шоҳраги поёнраванда ба ин муассиса муроҷиат намуд, стент-графт дар шоҳраги қафаси сина гузошта шуд.
07.10.2026 12:04

Лавров: “Ихтилофи Толибон ва Покистон монеи ба даст омадани санади ниҳоии “Формати Маскав шуд”

Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия, мегӯяд, ихтилофот миёни Толибон (гурӯҳи террористӣ) ва Покистон боис шуд, ки нишасти “Формати Маскав” дар бораи Афғонистон натавонад ба санади ниҳоӣ даст ёбад.
07.10.2026 09:13

Месси: “Мехостам, то охири умр дар ҳайати мунтахаб бозӣ кунам”

Субҳи имрӯз, 7-уми октябр мунтахаби Аргентина бо тими миллии Бенин рақобат кард ва бозии мазкур бо ҳисоби 3:0 ба фоидаи аргентиниҳо ба анҷом расид. Дар ҳар се гол Месси саҳм дорад, яъне як гол ба самар расониду ду паси головар дод.
06.10.2026 18:38

Лавров: “Паёмадҳои иқтисодии ҷанг алайҳи Эрон ҷаҳонӣ аст”

Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия ҳушдор дод, ки ҷанги алайҳи Эрон барои иқтисоди ҷаҳон паёмадҳои манфӣ дорад. Ба гуфтаи ӯ, даргирии вобаста ба Эрон ба иқтисоди ҷаҳонӣ таъсири “бисёр манфӣ” мерасонад.
06.10.2026 18:33

Эътирозҳо дар Фаронса ба рӯзи 14-ум расиданд

Эътирозҳои мардумӣ дар Фаронса, ки ду ҳафта пеш аз атрофи Париж оғоз шуда буданд, ба дигар минтақаҳои кишвар низ паҳн шудаанд. Дар ҷараёни ин эътирозҳо миёни полис ва шаҳрвандон бархӯрдҳои хушунатомез ба қайд гирифта шудааст.