Кореяи Шимолӣ дар бораи Тайван ба Амрико ҳушдор дод
Трамп аз эҳтимоли ҳадафи ҳамла қарор гирифтани шаҳрҳои Амрико аз сӯйи Эрон изҳори нигаронӣ кард
Телевизиони давлатии Чин: боз шудани роҳи Вахон ба маънои боз шудани марзи Афғонистону Чин нест
Лавров: “Паёмадҳои иқтисодии ҷанг алайҳи Эрон ҷаҳонӣ аст”
Путин: “Ҷаҳон аз шуҷоат ва муқовимати мардуми Эрон дар ҳайрат аст”
Владимир Путин, президенти Русия аз муқовимати мардуми Эрон дар муқобили ҳамлаҳои ИМА ва Исроил ситоиш намуда, таъкид кард, ки таҳримҳои зидди Эрон лағв шавад.
Дар ин бора “РИА Новости” хабар дода, навишт, ки Путин дар нишасти солонаи Клуби байналмилалии мубоҳисавии “Валдай” гуфт, пешниҳоди Маскав дар мавриди интиқоли урани ғанишудаи Эрон ба Русия ҳанӯз рӯйи миз аст.
Дар ҷараёни суханронӣ Владимир Путин таъкид намуд, ки ҷаҳон аз “шуҷоат ва далерии мардуми Эрон ва устувории онҳо дар ҳайрат мондааст”. Президенти Русия изҳори умедворӣ намуд, ки тангаи Ҳурмуз боз шуда, таҳримҳо бар зидди Эрон бекор карда мешаванд.
Владимир Путин кушта шудани Дабири Шурои Олии амнияти миллии Эронро “иштибоҳи фоҷеабор” номид. Путин гуфт, Лориҷонӣ ҳамеша барои пайдо намудани роҳҳои ҳалли масъалаҳо ба хотири таъмини манфиатҳои мардуми Эрон омода буд. Ӯ аз фаъолияти сиёсии Лориҷонӣ ёд карда, афзуд, ки ӯ як шахсияти таъсиргузор буд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазири рушди иқтисод ва савдо бо намояндаи Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Корея мулоқот намуд
Дастоварди табибони тоҷик: Аввалин бор дар кишвар ба як бемор рагҳои хунгарди сунъӣ гузошта шуд
Президенти кишвар ва Владимир Путин суҳбати телефонӣ карданд
Лавров: “Ихтилофи Толибон ва Покистон монеи ба даст омадани санади ниҳоии “Формати Маскав шуд”