7 Октябр 2026,
чоршанбе, 17:21, Душанбе
02.10.2026 14:32

Песков: “Русия ҳамеша барои музокира омода аст”

Дмитрий Песков, сухангӯи Кремл, бо таъкид бар ин ки Маскав хостори сулҳ аст, гуфт, ки Русия ҳамеша барои музокира омода мебошад.

Ба гузориши “РИА Новости”, Песков рӯзи ҷумъа дар суҳбат бо хабарнигорон гуфт: “Русия сулҳ мехоҳад, на оташбас.”

Ӯ афзуд, ки Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, рӯзи панҷшанбе, 1-уми октябр, дар нишасти умумии 23-юми форуми солонаи «Валдай» низ ин мавқеъро баён кардааст.

Сухангӯи Кремл дар бораи ҳамлаҳое, ки Киев дар Баҳри Сиёҳ оғоз кардааст, гуфт: “Русия ба ин ҳамлаҳо посух хоҳад дод, зеро Украина бояд барои ин иқдомаш ҷавоб диҳад”.

Песков ҳамчунин, гуфт, ки Русия амалиёти низомии худро идома медиҳад ва барои Маскав муҳим аст, ки аз интиқоли муҳимот ва сӯзишворӣ ба Украина тавассути Баҳри Сиёҳ ҷилавгирӣ шавад.

Ӯ гуфт, ки ҳанӯз ҷузъиёти ташаббуси Туркия ва Созмони Милали Муттаҳид дар бораи таъмини амнияти киштиронӣ дар Баҳри Сиёҳ дар ихтиёри Маскав нест.

Песков дар идома гуфт, Киев барои расидан ба як тавофуқи ҳамаҷониба омодагӣ нишон намедиҳад ва тавофуқҳои муваққатӣ низ наметавонанд ба ҳалли мусолиматомези буҳрон кумак кунанд.

Dialog.tj

 

Хатти хабарҳо

07.10.2026 17:20

Вазири рушди иқтисод ва савдо бо намояндаи Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Корея мулоқот намуд

7-уми октябр вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмон Абдураҳмонзода бо директори иҷроияи Департаменти барномаи роҳбарони ҷаҳонии Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Корея (KOICA) Ким Ён Ран вохӯрӣ намуд.
07.10.2026 16:19

Дастоварди табибони тоҷик: Аввалин бор дар кишвар ба як бемор рагҳои хунгарди сунъӣ гузошта шуд

Дар Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо аввалин маротиба дар кишвар ба як бемор, ки бо аневризмаи қисми камонак ва шоҳраги поёнраванда ба ин муассиса муроҷиат намуд, стент-графт дар шоҳраги қафаси сина гузошта шуд.
07.10.2026 12:04

Лавров: “Ихтилофи Толибон ва Покистон монеи ба даст омадани санади ниҳоии “Формати Маскав шуд”

Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия, мегӯяд, ихтилофот миёни Толибон (гурӯҳи террористӣ) ва Покистон боис шуд, ки нишасти “Формати Маскав” дар бораи Афғонистон натавонад ба санади ниҳоӣ даст ёбад.
07.10.2026 09:13

Месси: “Мехостам, то охири умр дар ҳайати мунтахаб бозӣ кунам”

Субҳи имрӯз, 7-уми октябр мунтахаби Аргентина бо тими миллии Бенин рақобат кард ва бозии мазкур бо ҳисоби 3:0 ба фоидаи аргентиниҳо ба анҷом расид. Дар ҳар се гол Месси саҳм дорад, яъне як гол ба самар расониду ду паси головар дод.
06.10.2026 18:38

Лавров: “Паёмадҳои иқтисодии ҷанг алайҳи Эрон ҷаҳонӣ аст”

Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия ҳушдор дод, ки ҷанги алайҳи Эрон барои иқтисоди ҷаҳон паёмадҳои манфӣ дорад. Ба гуфтаи ӯ, даргирии вобаста ба Эрон ба иқтисоди ҷаҳонӣ таъсири “бисёр манфӣ” мерасонад.
06.10.2026 18:33

Эътирозҳо дар Фаронса ба рӯзи 14-ум расиданд

Эътирозҳои мардумӣ дар Фаронса, ки ду ҳафта пеш аз атрофи Париж оғоз шуда буданд, ба дигар минтақаҳои кишвар низ паҳн шудаанд. Дар ҷараёни ин эътирозҳо миёни полис ва шаҳрвандон бархӯрдҳои хушунатомез ба қайд гирифта шудааст.