3 Октябр 2026,
шанбе, 05:23, Душанбе
02.10.2026 14:26

Ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Корея рушд мекунанд

Имрӯз, 2-юми октябр вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён бо сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Чон Сонг Шик мулоқот намуд.

Бинобар иттилои маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои фарҳангии Тоҷикистону Корея мавриди баррасӣ қарор гирифт.

"Ҷонибҳо таъкид намуданд, ки фарҳанг ҳамчун яке аз самтҳои муҳими таҳкими муносибатҳои дӯстона миёни халқҳои ду кишвар нақши созанда дошта, барои густариши робитаҳои дуҷониба заминаҳои мусоид фароҳам меорад", - навиштааст манбаъ.

Гуфта мешавад, ки дар мулоқот  доир ба самтҳои афзалиятноки ҳамкории фарҳангӣ, аз ҷумла рушди робитаи байни муассисаҳои фарҳангӣ, табодули таҷриба ва мутахассисон, баргузории чорабиниҳои муштараки фарҳангӣ, намоишҳои ҳунарӣ ва барномаҳои муаррифии мероси фарҳангии Тоҷикистону Корея табодули афкор сурат гирифт.

"Масъалаҳои густариши ҳамкориҳо дар соҳаҳои ҳифз ва муаррифии мероси фарҳангӣ, санъат, фарҳанги миллӣ ва дигар бахшҳои марбут ба фарҳанг баррасӣ гардида, зарурати истифодаи имкониятҳои мавҷуда барои тавсеаи робитаҳои фарҳангии ду кишвар таъкид шуд", - зикр мегардад дар иттилоия.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

02.10.2026 09:54

Дар кишвар аввалин бор пайванди ҷигар дар кӯдаки дусола гузаронида шуд

Дар Муассисаи давлатии “Маркази миллии илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал дар кишвар пайванди ҷигари яксегмента дар беморони модарзодии атрезияи талхадон, ки синнашон 2-сола ва вазнашон аз 8кг поён аст, бомуваффақият гузаронида шуд.