“Дом”-и ҳиҷоб бар зидди ҳукумати Илҳом Алиев миёни Туркия ва Озарбойҷон фосила андохт
Обама: “Исроил бояд бипазирад, ки фаластиниҳо сарзамини худро тарк нахоҳанд кард”
Трамп Зеленскийро ба надоштани иродаи воқеӣ барои созиш бо Русия муттаҳам кард
Ройтерз: Марко Рубио дар Ӯзбекистон бо намояндаи Тоҷикистон мулоқот мекунад
Ба муносибати 30-солагии Шурои вазирони корҳои дохилии давлатҳои ИДМ чорабинӣ доир шуд
Шоми 1-уми октябр дар Театри миллӣ ба муносибати 30-солагии таъсисёбии Шурои вазирони корҳои дохилии давлатҳои иштирокчии ИДМ чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид.
Тавре ки маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ хабар медиҳад, дар чорабинӣ ҳайатҳои расмии вазоратҳои корҳои дохилии кишварҳои узви ИДМ, Кумитаи иҷроияи ИДМ ва Бюро оид ба ҳамоҳангсозии мубориза бо ҷинояткории муташаккил ва дигар намудҳои ҷиноятҳои хавфнок дар қаламрави давлатҳои аъзои ИДМ иштирок намуданд.
Манбаъ навиштааст, ки вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода чорабиниро ифтитоҳ намуда, аҳамияти ҳамкории самарабахш ва муносибатҳои дӯстонаи мақомоти корҳои дохилии давлатҳои иштирокчии ИДМ-ро таъкид кард.
Гуфта мешавад, ки дар идомаи чорабинӣ ҳунармандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар кишварҳои узви ИДМ барномаи рангини фарҳангиро пешкаши ҳозирин намуданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Эмомалӣ Раҳмон: “Дар Душанбе бо пуштибонии СММ дар соли 2027 конфронси байналмилалии сулҳ баргузор мешавад”
Президенти Эрон: “Исроил ва Амрико экосистемаи минтақаро вайрон мекунанд”
Сергей Лавров: “Таҳдидҳои амниятӣ дар Афғонистон аз байн нарафтаанд. Маскав ба Тоҷикистон кумак мекунад”
Чин аз Толибон даъват кард, ки бар зидди гурӯҳҳои террористӣ иқдом кунанд