Созмони “Табибони бидуни марз”: Дар ҳамлаи ҳавоии Исроил ду корманди мо дар Ғазза кушта шуданд
Сенатори амрикоӣ хостори қатъи буҷаи ҷанг алайҳи Эрон шуд
Русия аз ҳамла ба зерсохторҳои логистикӣ ва низомии Украина хабар дод
Кореяи Шимолӣ тавлиди силоҳҳои ҳастаиро ба сатҳи бесобиқа расондааст
Кобулов: “Русия омодаи миёнҷигарӣ миёни Афғонистон ва Покистон аст”
Русия эълом кардааст, ки омодаи миёнҷигарӣ миёни Афғонистон ва Покистон барои ҳалли ихтилофҳо миёни ду кишвар аст.
Рӯзномаи “Известия” рӯзи ҷумъа, 2-юми октябр гузориш додааст, Замир Кобулов, намояндаи вижаи президенти Русия дар умури Афғонистон, гуфтааст, ки Маскав омода аст аз “Формати Маскав” барои наздик кардани ду тараф ва кумак ба дастёбӣ ба як мусолиҳа истифода кунад.
Кабулов афзудааст, ки Русия омодаи кумак ба Афғонистон ва Покистон аст, аммо ин иқдом дар ҳоле роҳ андохта мешавад, ки ҳар ду кишвар хостори миёнҷигарии Маскав шаванд.
Ба гуфтаи ӯ, Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷаи Русия, низ қаблан бар омодагии Маскав барои миёнҷигарӣ миёни ду кишвар таъкид кардааст.
Бо ин ҳол, Кобулов гуфтааст, ки то кунун ҳеч яке аз ду тараф ба гунаи расмӣ аз Русия дархости миёнҷигарӣ накардаанд.
Ӯ ҳамчунин, гуфтааст, ки интизор меравад мақомҳои баландпояи гурӯҳи террористии Толибон ва Покистон дар нишасти “Формати Маскав”, ки қарор аст 5-уми октябр баргузор шавад, ширкат кунанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Раҳбари ҳизби чапгарои Фаронса: Эрон ҳаққи дифоъ аз худро дорад
Илон Маск дар бораи Толибон: “Вазъи занону духтарон дар Афғонистони таҳти ҳокимияти Толибон бисёр нигаронкунанда аст”
Баррасии дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ дар Тошканд
Бабри барфӣ пас аз муоина ба макони бехавф баргардонида шуд