7 Октябр 2026,
чоршанбе, 17:34, Душанбе
02.10.2026 09:52

Амрико ба Арабистони Саудӣ ва Қатар сомонаҳои нави “Патриот” ирсол кард

Артиши Амрико ду низоми дигари мушакии “Патриот”-ро барои ҳифзи иншооти энергетикӣ дар Арабистони Саудӣ ва Қатар ирсол кардааст.

Ба гузориши расонаи амрикоии “Аксиос” як сомонаи “Патриот” моҳи гузашта барои ҳифзи як иншооти муҳимми нафтӣ ба Арабистони Саудӣ фиристода шудааст. Низоми дигар барои дифоъ аз як таъсисоти гази табиӣ дар Қатар мустақар шудааст.

Ба гуфтаи ин расона, ҳадаф аз ин иқдом итминон додан ба ҳарду кишварҳо аст, ки агар Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, ҳамлаҳо алайҳи Эронро аз сар гирад, Вашингтон аз иншоотҳои муҳимми энержии онҳо ҳимоят хоҳад кард.

Пештар Пентагон эълон карда буд, ки бо ширкати “Локҳид Мартин” (Lockheed Martin Corporation) барои тавлиди мушакҳои боздорандаи низоми “Патриот” ба арзиши 58 миллиарду 600 миллион доллар қарордод бастааст.

Ин қарордод ҳафтсола буда, тавлид ва хариди мушакҳои “Патриот”-ро аз соли 2026 то 2032 дар бар мегирад.

Ширкати “Локҳид Мартин” гуфтааст, ки иқтидори тавлиди мушакҳои такмилёфтаи “Патриот” (PAC-3 MSE)-ро то охири соли 2030 се баробар зиёд мекунад. Ин ширкат ҳамчунин, шумораи кормандони корхонаи худ дар Арканзасро 50 дарсад афзоиш хоҳад дод.

“Ройтерз” гузориш додааст, ки Пентагон аз ширкатҳои тавлидкунандаи ин мушакҳо мехоҳад суръати истеҳсолро бештар кунанд. Ҳукумати Трамп низ барои афзоиши тавлиди таҷҳизоти дифоӣ ба ширкатҳо фишор меорад.

Дар ҳамин ҳол, Маркази мутолиоти стратегӣ ва байналмилалӣ (CSIS), воқеъ дар Вашингтон, тахмин кардааст, ки артиши Амрико ҳоло камтар аз 1000 мушаки боздорандаи “Патриот” ва камтар аз 250 мушаки “ТАД” (THAAD) дар ихтиёр дорад.

Гуфтанист, ки ин ду низоми дифоӣ дар даргириҳои Ховари Миёна ба таври густурда истифода шудаанд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

07.10.2026 17:20

Вазири рушди иқтисод ва савдо бо намояндаи Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Корея мулоқот намуд

7-уми октябр вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмон Абдураҳмонзода бо директори иҷроияи Департаменти барномаи роҳбарони ҷаҳонии Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Корея (KOICA) Ким Ён Ран вохӯрӣ намуд.
07.10.2026 16:19

Дастоварди табибони тоҷик: Аввалин бор дар кишвар ба як бемор рагҳои хунгарди сунъӣ гузошта шуд

Дар Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо аввалин маротиба дар кишвар ба як бемор, ки бо аневризмаи қисми камонак ва шоҳраги поёнраванда ба ин муассиса муроҷиат намуд, стент-графт дар шоҳраги қафаси сина гузошта шуд.
07.10.2026 12:04

Лавров: “Ихтилофи Толибон ва Покистон монеи ба даст омадани санади ниҳоии “Формати Маскав шуд”

Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия, мегӯяд, ихтилофот миёни Толибон (гурӯҳи террористӣ) ва Покистон боис шуд, ки нишасти “Формати Маскав” дар бораи Афғонистон натавонад ба санади ниҳоӣ даст ёбад.
07.10.2026 09:13

Месси: “Мехостам, то охири умр дар ҳайати мунтахаб бозӣ кунам”

Субҳи имрӯз, 7-уми октябр мунтахаби Аргентина бо тими миллии Бенин рақобат кард ва бозии мазкур бо ҳисоби 3:0 ба фоидаи аргентиниҳо ба анҷом расид. Дар ҳар се гол Месси саҳм дорад, яъне як гол ба самар расониду ду паси головар дод.
06.10.2026 18:38

Лавров: “Паёмадҳои иқтисодии ҷанг алайҳи Эрон ҷаҳонӣ аст”

Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия ҳушдор дод, ки ҷанги алайҳи Эрон барои иқтисоди ҷаҳон паёмадҳои манфӣ дорад. Ба гуфтаи ӯ, даргирии вобаста ба Эрон ба иқтисоди ҷаҳонӣ таъсири “бисёр манфӣ” мерасонад.
06.10.2026 18:33

Эътирозҳо дар Фаронса ба рӯзи 14-ум расиданд

Эътирозҳои мардумӣ дар Фаронса, ки ду ҳафта пеш аз атрофи Париж оғоз шуда буданд, ба дигар минтақаҳои кишвар низ паҳн шудаанд. Дар ҷараёни ин эътирозҳо миёни полис ва шаҳрвандон бархӯрдҳои хушунатомез ба қайд гирифта шудааст.