Кореяи Шимолӣ дар бораи Тайван ба Амрико ҳушдор дод
Трамп аз эҳтимоли ҳадафи ҳамла қарор гирифтани шаҳрҳои Амрико аз сӯйи Эрон изҳори нигаронӣ кард
Телевизиони давлатии Чин: боз шудани роҳи Вахон ба маънои боз шудани марзи Афғонистону Чин нест
Лавров: “Паёмадҳои иқтисодии ҷанг алайҳи Эрон ҷаҳонӣ аст”
Путин: “Русия то замони рафъи таҳримҳо алайҳи Маскав ба бозори ҷаҳонӣ дизел пешниҳод нахоҳад кард”
Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, гуфтааст, ки ин кишвар то замоне ки таҳримҳо алайҳи Маскав бардошта нашаванд, дизели худро ба бозорҳои ҷаҳонӣ пешниҳод нахоҳад кард.
Расонаҳои Русия рӯзи панҷшанбе, 1-уми октябр, гузориш додаанд, ки Путин ин изҳоротро дар нишасти «Валдай» дар Маскав баён кардааст.
Путин гуфтааст, Русия ба андозаи кофӣ дизел дорад, аммо ба далели таҳримҳо ва маҳдудиятҳои мавҷуда, ин сӯзишворӣ ба бозорҳои ҷаҳонӣ нахоҳад расид.
Ӯ ҳамчунин, гуфтааст, ки ҳамлаҳои Украина ба корхонаҳои коркарди нафти Русия то ҳадде ба ҳадафҳои худ расида ва тақрибан як дарсади маҷмуи маҳсулоти дохилии Русияро зиён расонидааст.
Путин афзудааст, ки Русия ҳоло дар ҳоли посух додан ба ҳамлаҳои Украина аст.
Бар асоси гузоришҳои матбуотӣ, Русия ин ҳафта низ манъи содироти дизел аз ҷониби истеҳсолкунандагони сӯзишвориро то охири моҳи октябр тамдид кардааст.
Ин тасмим дар ҳоле гирифта шудааст, ки бозори ҷаҳонии энержӣ ба далели ҷангҳо ва коҳиши пешниҳоди сӯзишворӣ таҳти фишор қарор дорад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазири рушди иқтисод ва савдо бо намояндаи Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Корея мулоқот намуд
Дастоварди табибони тоҷик: Аввалин бор дар кишвар ба як бемор рагҳои хунгарди сунъӣ гузошта шуд
Президенти кишвар ва Владимир Путин суҳбати телефонӣ карданд
Лавров: “Ихтилофи Толибон ва Покистон монеи ба даст омадани санади ниҳоии “Формати Маскав шуд”