19 Сентябр 2026,
шанбе, 02:38, Душанбе
18.09.2026 18:29

“Санксияҳои амрикоӣ дар мекӯбанд?” Амрико аз кишварҳои Осиёи Марказӣ хост роҳи тиҷорат бо Эронро маҳдуд кунанд

Хабаргузории “Меҳр”-и Эрон бо такя ба манобеи иттилоотӣ навишт, ки мақомоти амрикоӣ дар тозатарин ҳаракати дипломатӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ хостаанд, ки роҳи тиҷорат бо Эронро бибанданд. Ин хабаргузорӣ дар пасманзари ин пешниҳоди Амрико навишт: “Роҳи оҳан, шоҳроҳ, бандар, қубури газ ва масири транзитӣ дар як шаб бунёд намешавад. Барои ҳамин, агар Эрон барои минтақа фақат як бозори нисбатан хурд мебуд, ҷудо шудан аз он осонтар менамуд. Вақте сухан аз роҳи дастрасӣ ба баҳр ва бозорҳои ҷанубӣ меравад, масъала хеле мураккабтар мешавад”.

Ба назар мерасад, Амрико дар пайи ҷанг ва даргирӣ бо Эрон, ба дунболи дур намудани шарикони тиҷоратӣ аз Эрон аст. Бо вуҷуди ин ки таҳримҳои шадиди амрикоиву аврупоӣ ҷорӣ аст, ҳукумати Доналд Трамп ҳанӯз ба он қаноат намекунад ва рӯ ба ҳампаймонони Чину Русия - кишварҳои Осиёи Марказӣ овардааст.

Амрико аз ин кишварҳо қотеъона талаб намудааст, ки ширкатҳои гурезандаи таҳримҳои амрикоӣ бар Эрон дар кишварҳои худро шиносоӣ ва ба Амрико муаррифӣ кунанд. Амрико дар тозатарин иқдом як бонки Русияро дар робита ба ин ки ба Эрон дар давр задани таҳримҳо кумак мекунад, таҳрим кард.

Ба назар мерасад, Амрико охирин “баргаҳои фишанги иқтисодӣ” бар Эронро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ меҷӯяд. Минтақае, ки ба назари иқтисодшиносон чандон дар давр задани таҳримҳо нақши калидӣ надорад ва бо эҳтиёт равобити печидаи Амрикову Чин ва Русияро дунбол мекунад.

Дар пасманзари ин рӯйкарди Амрико суоле пайдо мешавад, ки оё Вашингтон метавонад гардиши пулро мушкил кунад ва ё метавонад географияи геополитикии Осиёи Марказиро тағйир диҳад?

Посух ба ин суол фақат ба сиёсати хориҷии Амрико ё Эрон вобаста нахоҳад буд, балки ба он рабт дорад, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ то чӣ андоза метавонанд роҳи ҳамзамони тиҷоратӣ, энергетикӣ ва транзитиро нигоҳ доранд. Таъкид кардан ба маврид аст, ки барои кишварҳои маҳрум аз роҳҳои баҳрӣ, доштани интихоби бештар фақат як масъалаи тиҷоратӣ нест, балки он як масъалаи муҳимми амнияти иқтисодӣ ба шумор меравад.

Хабаргузории “Меҳр” бо нашри матлабе таҳти унвони “Вашингтон чӣ гуна мехоҳад роҳи Эрон ба Осиёи Марказиро бибандад” ба рӯйкардҳои дипломатӣ ва таҳримии Амрико нисбат ба кишварҳои Осиёи Марказӣ пардохта, аз ҷумла таъкид мекунад, ки “Вашингтон мехоҳад фишори иқтисодӣ ба Эронро аз доираи марзҳои ин кишвар берун барад ва робитаҳои тиҷоратӣ ва молиявии онро бо Осиёи Марказӣ маҳдуд кунад. Аммо барои панҷ кишвари маҳрум аз роҳҳои баҳрӣ, масъала фақат муносибат бо Эрон нест, сухан дар бораи роҳҳои оҳан, бандарҳо, сӯзишворӣ ва дастрасӣ ба бозорҳои ҷаҳонӣ меравад”.

Пешниҳоди Амрико барои маҳдуд кардани робитаҳои истиқсодии кишварҳои Осиёи Марказӣ бо Эрон дар замоне сурат мегирад, ки дар Деҳлии Нав мулоқоти сарони кишварҳои узви БРИКС доир гардид ва ду гузаргоҳи муҳимми байналмилалӣ - Ҳурмуз ва Бобулмандаб дар зери назорати гурӯҳҳои мусаллаҳ, ки бахе онро вобаста ба Эрон медонанд, қарор гирифт.

Пешниҳоди қатъи робитаи Эрон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ҳоле сурат мегирад, ки гардиши мустақими савдои кишварҳои Осиёи Марказӣ бо Эрон чандон зиёд нест. Дар оморҳо ҳаҷми умумии гардиши савдои Эрон дар сол бо кишварҳои Осиёи Марказӣ 1,9 миллиард доллар зикр мешавад. Ин рақамҳо дар муқоиса бо гардиши тиҷоратии Эрон бо кишварҳои Чину Русия ва Аврупо хеле андак менамояд.

Эрон барои кишварҳои Осиёи Марказӣ бо роҳҳои транзитӣ ба Халиҷи Форс, Баҳри Уммон ва бозорҳои Ҷанубӣ арзиш ва аҳамияти иқтисодӣ дорад. Ба ибораи дигар, Эрон беш аз оне ки ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ниёз дошта бошад, ин кишварҳо ба Эрон ниёз доранд. Чунин муттаҳидон дар атрофи Эрон зиёданд. Ироқу Лубнон аз ҷумлаи кишварҳое дар Халиҷи Форсанд, ки иқтисодашон ба Эрон вобаста аст ва аз ҷониби Амрико “тахфифҳои таҳримӣ” -ро ба даст оварданд.

Агар муруре ба равобити кишварҳои Осиёи Марказӣ бо Эрон афканем, мебинем, ки дар садри ин феҳрист Ӯзбекистону Қазоқистон қарор доранд. Бар асоси омори расмӣ, ҳаҷми гардиши савдои Теҳрону Тошканд дар соли 2025 579 миллион доллар будааст. Муҳимтар аз ин, арзиши молҳое, ки ба воситаи роҳҳои транзитии Эрон ба Ӯзбекистон интиқол ёфтаанд, 3,9 миллиард доллар мебошад. Яъне, барои Ӯзбекистон Эрон фақат як бозор нест, балки он муҳимтарин воситаи транзитӣ ба шумор меояд.

Тоҷикистон аз соли 2015 равобити иқтисодӣ ва тиҷоратияш бо Эронро бо “сабабҳои сиёсӣ” маҳдуд кард. Бо рӯйи кор омадани ҳукумати Масъуд Пизишкиён ва об шудани “ях”-ҳои дипломатӣ равобити иқтисодиву сиёсии Тоҷикистон ва Эрон дар сатҳи дигар қарор гирифт. Тоҷикистон, ба мисли дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ ба бандарҳои обӣ роҳи мустақим надорад. Яке аз муҳимтарин масъалаҳое, ки Эрон ва Тоҷикистонро ба ҳам мепайвандад, роҳ ёфтан аз тариқи роҳҳои Эрон ба бандарҳои обӣ, махсусан ба роҳҳои транзитии Халиҷи Форс мебошад.

Бар асоси омори нашршуда гардиши тиҷоратии Тоҷикистон ва Эрон тақрибан ба 438 миллион доллар дар соли 2025 расидааст. Дар ин давра Тоҷикистон ба қатори панҷ шарики асосии тиҷоратии Тоҷикистон ворид шудааст.

Яке аз масъалаҳои аз ҳама муҳим барои кишварҳои Осиёи Марказӣ харидории сӯзишворӣ мебошад. Бо шиддат гирифтани ҷанги Русияву Украина ва ҳамла ба зерсохт ва полишгоҳҳои нафтӣ дар ҷараёни ҷанг, бозори сӯзишворӣ дар Осиёи Марказӣ ба буҳрон рӯ ба рӯ шудааст. Барои бисёре аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, нафти Эрон яке аз манбаъҳои арзони таъмини полоишгоҳҳои нафтӣ аст.

Тоҷикистон аз ҷумлаи кишварҳои Осиёи Марказиест, ки рӯзи 15-уми августи соли 2026 масъалаи хариди маҳсулоти нафтӣ бо нархи имтиёзнок ва нафти хом барои корхонаҳои каркарди нафти Тоҷикистон аз Эронро баррасӣ намуд. Дар музокирот Тоҷикистон масъалаи афзоиш додани воридоти маҳсулоти нафтӣ аз Эронро яке аз самтҳои муҳимми ҳамкорӣ донист.

“Барои кишваре, ки ба воридоти сӯзишворӣ ниёз дорад, чунин муносибат фақат масъалаи дипломатӣ нест. Он ба арзиши нақлиёт, истеҳсолот ва ҳатто нархи молҳо таъсир расонда метавонад”- менависад хабаргузории “Меҳр”.

Бо ин далел, фишорҳои таҳримии Амрико метавонад Тоҷикистонро дар миёни ду интихоб қарор диҳад: яке риояи санкияҳои аврупоиву амрикоӣ ва дигаре дастрасӣ ба сарчашмаҳои насбатан дастрасу арзони иқтисодӣ. Ба назар мерасад, барои Тоҷикистон кам кардани буҳрони норасоии сӯзишворӣ дар авлавияти иқтисодӣ қарор дорад, ки он бо таҳкими равобит бо Эрон муяссар мешавад.

Туркманистон яке аз ҳамсояҳои Эрон аст ва дар сиёсати хориҷии худ, аз пайвастан ба сиёсатҳои янҷонибагароиву чандҷонибагароӣ худдорӣ мекунад. Ин кишвар бо Эрон дар заминаи газ равобити иқтисодӣ дорад. Дар соли 2024 Туркманистон бо Эрон дар мавриди интиқоли 10 миллиард метри мукааб газ ба созиш расид. Дар соли 2025 низ механизми интиқоли гази Туркманистон ба Ироқ фаъол гардид. Барои Туркманистон дар солҳои ахир роҳҳои транзитии содироти газ аҳамият пайдо намудааст. Дар робита ба ин, Амрико чӣ паём ба Туркманистон фиристода ҳанӯз мушаххас нест, вале Ироқ ба ҳайси як кишваре, ки бо Амрико равобити наздик дорад, наметавонад интиқоли газ аз Туркманистонро маҳдуд кунад. Бо ин далел, Туркманистон бо Эрон наметавонад равобити тиҷоратӣ ва транзитии худро маҳдуд кунад.

Қазоқистон аз ҷумлаи кишварҳои Осиёи Марказиест, ки бо Амрико тиҷорати бештар дорад. Амрико ва Қазоқистон дар заминаи захираҳои зеризаминӣ равобити иқтисодӣ доранд.  Қазоқистон бо Эрон низ бо рӯйи кор омадани Масъуд Пизишкиён равобити тиҷоратиашро густариш медиҳад. Гуфта мешавад, ки гардиши тиҷорати ду кишвар дар соли 2025 тақрибан 430 миллион доллар арзёбӣ шудааст. Эрон барои Қазоқистон дар заминаи транзити ғалла ва пайвастан ба бозорҳои ҷанубӣ аҳамият дорад. Барои Остонаву Теҳрон Долони байналмилалии нақлиётии Шимол-Ҷануб аҳамияти зиёдтар пайдо мекунад.

Ба навиштаи хабаргузории “Меҳр” “барои Қазоқистон доштани чанд роҳи содиротӣ маънои онро дорад, ки кишвар метавонад вобастагии худро аз як масир коҳиш диҳад. Бастани яке аз ин роҳҳо баръакс имконоти интихобро маҳдуд мекунад”.

Ҷумҳуриҳои Қазоқистон ва Ӯзбекистон намехоҳанд равобити иқтисодии худро фақат бо Русияву Чин маҳдуд кунанд. Дар чанд соли ахир, равобити иқтисодии ин ду кишвар бо Амрикову Аврупо дар ҳоли густариш аст. Ҳамчунин, ин кишварҳо, ба ҳайси муттаҳиди ҳамешагии Русия мехоҳанд тавозун дар равобити хориҷӣ миёни блоки таҳти раҳбарии Амрико ва блок зери раҳбарии Чину Русияро ҳифз кунанд. Бо ин далел, дархостҳои Амрико барои маҳдуд кардани равобит бо Эрон дар сиёсати амалии хорҷии ин кишварҳо ба маънои пайвастан ба сиёсати якҷонибагароии Амрико хоҳад буд.

Муҳимтарин нигаронии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар робита бо Эрон масъалаи равобити бонкӣ аст. Ин кишварҳо бо бонкҳои аврупоиву амрикоӣ ва ҷаҳонӣ равобити пулӣ, сармоягузорӣ ва қарзӣ доранд. Таҳдиди Амрико дар ин замина метавонад ин кишварҳоро ба эҳтиёткорӣ савқ диҳад. Хабаргузории “Меҳр” дар ин замина менависад, ки “ширкатҳои минтақа эҳтимолан аз тарси таҳримҳои дуюмдараҷа нисбат ба муомилот бо Эрон эҳтиёткор мешаванд. Арзиши интиқоли пул метавонад боло равад, баъзе ширкатҳо аз ҳамкорӣ даст кашанд ва сармоягузорон хавфи бештар эҳсос кунанд”.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

18.09.2026 18:29

“Санксияҳои амрикоӣ дар мекӯбанд?” Амрико аз кишварҳои Осиёи Марказӣ хост роҳи тиҷорат бо Эронро маҳдуд кунанд

Хабаргузории “Меҳр”-и Эрон бо такя ба манобеи иттилоотӣ навишт, ки мақомоти амрикоӣ дар тозатарин ҳаракати дипломатӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ хостаанд, ки роҳи тиҷорат бо Эронро бибанданд. Ин хабаргузорӣ дар пасманзари ин пешниҳоди Амрико навишт: “Роҳи оҳан, шоҳроҳ, бандар, қубури газ ва масири транзитӣ дар як шаб бунёд намешавад. Барои ҳамин, агар Эрон барои минтақа фақат як бозори нисбатан хурд мебуд, ҷудо шудан аз он осонтар менамуд. Вақте сухан аз роҳи дастрасӣ ба баҳр ва бозорҳои ҷанубӣ меравад, масъала хеле мураккабтар мешавад”.
18.09.2026 18:38

Ду кудак бо дастони баста дар ғори Муъминобод пайдо шуданд

Сокинони як деҳа дар ноҳияи Муъминобод дар нисфи шаб бо як саҳнаи такондиҳанда рӯ ба рӯ шуданд. Онҳо ду кӯдаки хурдсолро бо дастони баста, дар як ғор, дар зери буттаҳо пайдо намуданд. Ин ду кӯдак иқрор намуданд, ки онҳоро дуздида, бо дастони баста дар ин ғор ҷо додаанд.
18.09.2026 14:04

Ба ҷои метро дар Душанбе роҳи оҳани шаҳрӣ. Тоҷикистон аз ширкатҳои кореягӣ хост дар ин тарҳ сармоягузорӣ кунанд

Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ширкатҳои Кореяи Ҷанубӣ даъват намуд, ки дар бунёди роҳи оҳани шаҳрии Душанбе, ки арзиши он беш аз як миллиард доллар аст, ширкат ва сармоягузорӣ кунанд.
18.09.2026 12:16

Сарвазири Шветсия пас аз шикасти интихоботӣ истеъфо дод

Сарвазири Шветсия Улф Кристерссон пас аз натиҷаи ниҳоии интихоботи парлумонӣ аз мақомаш истеъфо дод. Ин иқдом роҳро барои ташкили ҳукумати нави таҳти раҳбарии Магдалена Андерссон боз мекунад.
18.09.2026 08:38

Фестивали байналмилалии санъати сиркӣ расман оғоз шуда, осорхонаи Сирк ифтитоҳ гардид

Бинобар иттилои маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар шаҳри Душанбе нахустин Фестивали байналмилалии санъати сиркӣ таҳти унвони «Дунёи сирк — пайвандгари қалбҳо» оғоз гардид.
18.09.2026 07:36

Ҷалби сармоягузорӣ ва роҳандозии корхонаҳои муштарак. Раҷаб Аҳмадзода бо намояндагони мақомоти давлатӣ ва соҳибкорони рус мулоқот кард

Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бо намояндагони Думаи вилояти Воронеж, мақомоти намояндагии минтақавӣ, Палатаи савдо ва саноати вилояти Рязан ва соҳибкорони рус мулоқот намуд.
17.09.2026 17:24

Хабарнигори “Телевизиони Тоҷикистон” дар садамаи нақлиётӣ ҷон бохт

Хабарнигори шабакаи “Телевизиони Тоҷикистон” Маҳмадраҷаб Абдуллозода дар як садамаи нақлиётӣ дар роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ ҷон бохтааст. Дар натиҷаи ин садама се ҳамроҳи ӯ низ ҷароҳат бардоштаанд.
17.09.2026 16:17

Дар Душанбе Ҷаласаи 25-уми вазирони масъули фаъолияти иқтисод ва савдои хориҷии СҲШ доир шуд

Имрӯз, 17-уми сентябр дар шаҳри Душанбе бо роҳбарии вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Абдураҳмонзода ва бо иштироки роҳбарон ва намояндагони вазорату идораҳои масъули фаъолияти иқтисод ва савдои хориҷии кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай, ҷаласаи 25-уми вазирони масъули фаъолияти иқтисод ва савдои хориҷии Созмони Ҳамкории Шанхай баргузор шуд.