Ҳарри Кейн барандаи ҷоизаи “Тӯби тиллоӣ” дар соли 2026 шуд
Швейтсария равобити худро бо Кореяи Шимолӣ эҳё мекунад
Трамп: “Эрон мушаке дорад, ки метавонад ба Аврупо бирасад”
Русия ва Беларус аз омодагӣ ба муқобила бо ҳар гуна таҳдид хабар доданд
Агентии обуҳавошиносӣ аз омадани сел ва хокбориш хабар дод
Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нашри иттилоияе хабар дод, ки дар чор рӯзи оянда омадани сел ва хокбориш пешгӯӣ мешавад.
Манбаъ дар сомонаи расмиаш навиштааст, ки аз 11-ум то 14-уми сентябри соли ҷорӣ дар ноҳияҳои алоҳидаи доманакӯҳию кӯҳии тобеи ҷумҳурӣ ва вилояти Суғд омадани сел пешгӯӣ мешавад.
Ҳамчунин, афзуда мешавад, ки аз нимаи дуюми 11-ум сентябр то 13-уми сентябр дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе бо сабаби омилҳои метеорологӣ (хокборише, ки аз самти минтақаҳои ҷанубу ғарбӣ ва ҷанубу шарқӣ ба кишвар ворид мегардад) баланд шудани ҳолати ифлосшавии ҳавои атмосферӣ аз моддаҳои муаллақ (чанг), зарачаҳои андозаашон 10мкр (Рм-10) ва зарачаҳои андозаашон 2,5мкр (Рм-2,5) дар назар аст.
Дар ин росто, ба шаҳрвандон тавсия дода мешавад, ки дар чунин шароити вазъи обу ҳаво чораҳои эҳтиётӣ андешанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Гузоштани санги асоси эстакадаҳо ва ифтитоҳи корхонаҳои истеҳсолӣ дар пойтахт
Ҳарри Кейн барандаи ҷоизаи “Тӯби тиллоӣ” дар соли 2026 шуд
Швейтсария равобити худро бо Кореяи Шимолӣ эҳё мекунад
Трамп: “Эрон мушаке дорад, ки метавонад ба Аврупо бирасад”