16 Октябр 2026,
ҷумъа, 01:33, Душанбе
31.08.2026 18:05

Вазири хориҷии Туркия: “Ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд Нетанёҳуи ҷинояткорро боздорад”

Ҳокон Фидон, вазири корҳои хориҷии Туркия аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват кард, ки барои қатъи амалиёти низомии Исроил дар минтақа ва пешгирӣ аз густариши танишҳо иқдом кунад.

Фидон рӯзи душанбе дар нишасти хабарӣ пас аз мулоқоти сеҷонибаи Макка дар Истанбул гуфт, ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба гуфтаи ӯ, ба яке аз омилҳои асосии таҳдид ба амнияти минтақа ва байналмилалӣ табдил шудааст.

Вай аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хост, то барои боздоштани сиёсати режими Исроил ва пешгирӣ аз идомаи хушунатҳо чораҳои муассир андешад.

Вазири хориҷаи Туркия ҳамчунин, таъкид кард, ки ҷомеаи байналмилалӣ бояд барои коҳиши паёмадҳои низоъ ба минтақа, худи Исроил ва мардуми он талош кунад.

Фидон дар бахши дигари суханронии худ ба Паймони Макка ишора карда, гуфт, ки Туркия дар ҳамкорӣ бо шарикони худ ва бар асоси таҷрибаи низоъҳои гузашта барои ташаккули як дурнамои муштарак талош мекунад.

Ба гуфтаи ӯ, ин ҳамкорӣ метавонад ба коҳиши номуайянӣ дар минтақа мусоидат кунад ва Туркия онро яке аз омилҳои калидии таҳкими субот ва сулҳ медонад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

15.10.2026 16:41

Масъалаи иштироки бахши хусусӣ дар рушди энергетика дар дидори Далер Ҷумъа ва Моаззам Мекан матраҳ гардид

Имрӯз, 15-уми октябр вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо роҳбари самти шарикии давлат ва бахши хусусӣ дар Осиёи Ҷанубӣ, хизматрасониҳои машваратӣ оид ба муомилотии Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ (IFC), узви Гурӯҳи Бонки Умумиҷаҳонӣ Моаззам Мекан мулоқот кард.
15.10.2026 16:40

Русия дар шаш ҳафта пойгоҳи бузурги партоби паҳподҳо бунёд кард

Русия дар вилояти Ростови ин кишвар пойгоҳи бузурги партоби паҳподҳои ҳамлаварро дар муддати тақрибан шаш ҳафта сохтааст. Бино ба гузориши хабаргузории “Ройтерз” бо такя ба аксҳои моҳвораӣ, масоҳати ин иншоот ба тақрибан 126 майдони футбол баробар аст.
15.10.2026 13:28

Ҳамлаи паҳподҳои Украина ба корхонаи коркарди нафти Русия: сӯхтор дар Рязан

Дар пайи ҳамлаи густурдаи дронҳои Украина ба вилояти Рязани Русия, дар як корхонаи коркарди нафт сӯхтор сар задааст. Ин ҳодиса дар ҳоле рух медиҳад, ки масъалаи қатъи ҳамлаҳо ба зерсохторҳои энергетикии ду кишвар матраҳ аст.
15.10.2026 10:50

Оид ба тақсимоти неруи барқ ва омӯзишу бунёди неругоҳҳои барқи обӣ ду Ёддошти тафоҳум ба имзо расид

Бинобар иттилои маркази матбуоти Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҳошияи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон, ба пеш!» ду ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар самтҳои тақсимоти неруи барқ ва омӯзишу бунёди неругоҳҳои барқи обӣ ба имзо расид.
15.10.2026 08:48

Дар Хатлон мақомот 17 мухлиси футболро ба ҷавобгарии маъмурӣ кашид

Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон хабар медиҳад, ки дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ 17 мухлиси футбол, ки ҳангоми баргузории бозии дастаҳои «Сарой Камар» ва «Панҷшер» ба муноқиша ва вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ роҳ доданд, ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд.
14.10.2026 18:23

Вазорати хориҷии Тоҷикистон ҳамла ба фурудгоҳҳо ва зерсохторҳои энергетикии Арабистони Саудиро маҳкум кард

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нашри як изҳорот аз ҳамла ба фурудгоҳҳо ва зерсохторҳои энергетикии Арабистони Саудӣ, ки боиси кушта ва захми шудани шаҳрвандони ин кишвар шудаанд, изҳори нигаронӣ кардааст.