Тавҳини Трамп бар миллати Эрон: “Эрониҳо бадтарин миллати рӯи заминанд”
Кишварҳои Осиёи Марказӣ: Зарари офатҳои табиӣ дар ин минтақа дар 35 соли ахир беш аз 1 миллиард доллар аст
Владимир Зеленский: “Русия ба Эрон кумак мекунад”
Трамп: “Агар ҷанг намекардем Эрон аз бомби атомӣ бар зидди душманонаш истифода мекард”
Тоҷикистон имкони иҷораи заминҳои кишоварзӣ дар Русия ва Қазоқистонро баррасӣ мекунад
Тоҷикистон барои афзоиши истеҳсоли зироатҳои равғандеҳ имкони иҷораи заминҳои кишоварзӣ дар Русия ва Қазоқистонро баррасӣ мекунад. Мақомоти кишвар мегӯянд, ки маҳдуд будани заминҳои қобили кишт яке аз сабабҳои ҷустуҷӯи чунин имкониятҳо дар хориҷ аст.
Шералӣ Кабир, вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон гуфтааст, ки кишвар метавонад дар Русия заминҳои кишоварзиро барои парвариши зироатҳои равғандеҳ ба иҷора гирад.
Ба гуфтаи ӯ, Тоҷикистон барои васеъ кардани истеҳсоли офтобпараст ва лӯбиё дар дохили кишвар бо маҳдудияти замин рӯбарӯ аст. Қисми зиёди қаламрави Тоҷикистонро минтақаҳои кӯҳӣ ташкил медиҳанд ва ин имкони васеъ кардани заминҳои кишоварзиро маҳдуд месозад.
Тибқи нақшаи пешниҳодшуда, дар заминҳои иҷорагирифташуда бояд асосан ашёи хом парвариш карда шавад. Коркарди маҳсулот бошад, қарор аст дар худи Тоҷикистон ба роҳ монда шавад. Барои ин сохтмони корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ пешбинӣ мешавад.
Дар баробари Русия, мақомоти Тоҷикистон имкони иҷораи заминҳои кишоварзӣ дар Қазоқистонро низ меомӯзанд.
Ин пешниҳод дар шабакаҳои иҷтимоии Русия баҳсҳои зиёдеро ба вуҷуд овардааст. Бархе аз корбарон аз эҳтимоли таъсири чунин тарҳ ба ҳолати заминҳои кишоварзӣ ва оқибатҳои дарозмуддати он изҳори нигаронӣ кардаанд.
Аммо масъалаи асосӣ барои Душанбе таъмини ашёи хом барои саноати коркарди маҳсулоти равғандеҳ ба назар мерасад. Бар асоси маълумоти нашршуда Тоҷикистон танҳо тақрибан 21 фоизи талаботи дохилии худро ба зироатҳои равғандеҳ ва маҳсулоти вобаста ба он аз ҳисоби истеҳсоли дохилӣ таъмин мекунад. Хароҷоти солонаи кишвар барои воридоти ашёи хом ва равғаниҳои растанӣ тақрибан 180 миллион доллар арзёбӣ шудааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Ироқчӣ ба Амрико бори дигар ҳушдор дод
Тоҷикистон мехоҳад бо ширкатҳои чинӣ неругоҳҳои офтобӣ ва бодӣ бунёд кунад
Бо фармони Эмомалӣ Раҳмон гули лола ва сиёҳгӯш гулҳои миллӣ эълон шуданд
Тавҳини Трамп бар миллати Эрон: “Эрониҳо бадтарин миллати рӯи заминанд”