Масъалаи будубош ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандони Тоҷикистон дар Молдова баррасӣ гардид
Пешниҳоди Тоҷикистон ба Кореяи Ҷанубӣ: метавонем таъминкунандаи боэътимоди дарозмуддат бошем
Президенти Сербистон истеъфо дод
Бо дастури Президент мактаби №6-и шаҳри Хоруғ ба номи Алишери Мирзонабот номгузорӣ мешавад
Аз рӯйи 45 самт. Донишгоҳҳои Узбекистон барои довталабони тоҷик бурсияҳои таҳсил пешниҳод мекунанд
Бинобар иттилои Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ» барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Узбекистон дар доираи бурсияҳои байниҳукуматӣ ҷойҳои таҳсил пешниҳод гардидааст.
Ба навиштаи манбаъ, бурсияҳо барои таҳсил дар зинаҳои бакалавриат ва магистратура аз рӯйи 45 самти таҳсил пешниҳод шуда, ихтисосҳои гуногунро дар бар мегиранд. Аз ҷумла, довталабон метавонанд аз рӯйи самтҳои санъат ва фарҳанг (режиссура, ҳунарпешагӣ, хореография, санъати вокалӣ, дирижёрӣ, рассомӣ, дизайн ва иҷрои мусиқӣ), иқтисод ва идоракунӣ (иқтисод, иқтисоди ҷаҳонӣ, муносибатҳои байналмилалии иқтисодӣ, идоракунии захираҳои инсонӣ, андоз ва андозбандӣ), технологияҳои иттилоотӣ (низомҳои иттилоотӣ ва технологияҳо, муҳандисии нармафзор), сайёҳӣ ва меҳмондорӣ, инчунин меъморӣ, бозсозӣ ва тармими ёдгориҳои меъморӣ таҳсил намоянд.
Гуфта мешавад, ки қабули ҳуҷҷатҳо ва пешниҳоди маълумоти муфассал оид ба шартҳои иштирок, ихтисосҳо, муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва тартиби қабули ҳуҷҷатҳо аз ҷониби Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ» анҷом дода мешавад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сарвазири Қатар: “Эрон ҳамсояи Қатар аст ва ҳамеша чунин боқӣ хоҳад монд”
Арабистони Саудӣ дар 24 соат 94 бор ба Яман ҳамла кард
Вохӯрии Ҳабибулло Воҳидзода бо Александр Баженов
Даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» ҷамъбаст гардид